Даҳ рӯз пеш аз анҷоми расмии муҳлати маърака даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд.
сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, подполковник Ориф Нозимиён хабар дод, “То рӯзи 21 май нақшаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 100% иҷро шуд”.
Ба гуфтаи ӯ, айни замон наваскарон ба қисмҳои низомӣ ва ҷузъу томҳо тақсим шуда, чанде аз онҳо аллакай аз давраи таълими омодагии сарбози ҷавон гузаштаанд ва савганди ҳарбӣ ёд карданд.
Маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 1-уми апрел оғоз шуда, то 31-уми май давом меёбад.
Қобили зикр аст, ки ҳамасола ба хизмат дар Қувваҳои мусаллаҳи кишвар шаҳрвандони синни аз 18 то 27-сола, ки ба таъхири муҳлати хизмат ё озод будан аз хизмати ҳарбӣ ҳуқуқ надоранд, даъват карда мешаванд.
Ба хизмат дар Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ҳамасола тақрибан 15-16 ҳазор нафар даъват мешаванд. Тибқи маълумоти расмӣ, дар Тоҷикистон зиёда аз 600 ҳазор нафар ҷавонони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ умр ба сар мебаранд, аммо ҳудуди 150 ҳазор нафари онҳо муҳлати хизматашонро мавқуф гузоштаанд ё аз хизмат озод карда шудаанд ва ё барои хизмати ҳарбӣ коршоям нестанд. Боз ҳудуди 100 ҳазор нафар шаҳрвандони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбии Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд.
Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз Қӯшунҳои зудамал, хушкигард, Қувваҳои ҳарбию ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ иборатанд.
Сообщение ПАЁМ.net.