Рубрики Хабарҳо

Дар Екатеринбург тоҷику қирғиз ба ҷони ҳам афтоданд

Ду рӯз паиҳам – 18 ва 19 июл дар кӯчаи Пехотинтсеви шаҳри Екатеринбурги Русия, дар наздикии мағозаи «Монетка» байни муҳоҷирони тоҷику қирғиз занозаниҳои гуруҳӣ рух додаанд. Дар занозании аввал, бино ба ҳисобҳо, аз 40 то 80 нафар ва дар занозании дуюм ҳудуди 100 нафар иштирок кардаанд. Пулиси Екатеринбург ба маҳалли ҳодиса сафарбар шудани кормандони пулисро тасдиқ кардааст. Гуфта мешавад, ин занозаниҳо дар наздикии бозоре рух доданд, ки дар он асосан муҳоҷирон кор мекунанд, вале ин бозор ба далели карантин ҳоло баста аст.

хабар дод, ки муҳоҷирон аз Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Екатеринбург ду рӯз паиҳам – 18 ва 19 июл – занозанӣ кардаанд. Ин занозаниҳо дар кӯчаи Пехотинтсев сурат гирифта, Раёсати Вазорати Корҳои Дохилии Екатеринбург тасдиқ кардааст, ки ба маҳалли ҳодиса кормандони пулис сафарбар шудаанд.

Бино ба , занозаниҳо шаби шанбе дар назди мағозаи «Монетка» оғоз ёфта, дар натиҷа як нафар захмӣ шудааст. Дар атрофи ин нафар, ки дар рӯи замин афтода буд, издиҳом ҷамъ омадааст, вале баробари дидани пулис ҳама ба ҳар тараф пароканда шудаанд.

Ба гуфтаи як шоҳиде, ки ба пулис занг задааст, кормандони пулис чандон майли дахолат ба ин ҳодисаро надоштанд ва гуфтаанд: «МоРэмбо нестем ва барои тамоми ноҳия ҳамагӣ як гуруҳи дидбонӣ (патрул) дорем». Ба навиштаи ин шоҳид, иштирокчиёни занозанӣ вақте мошини пулисро медиданд, пароканда мешуданд, вале баъди рафтани пулис боз ҷамъ мешуданд.

Як сокини маҳаллӣ, ки шоҳиди занозаниҳо шудааст, ба гуфт, ба ҷои ҳодиса билохира ҳудуди 10 мошини пулис омад, ки ба тафтиши санадҳо пардохта, чанд нафарро дастгир ҳам карданд.

Гуфта мешавад, ин занозаниҳо дар наздикии бозоре рух доданд, ки дар он асосан муҳоҷирон кор мекунанд, вале ин бозор ба далели карантин ҳоло баста аст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *