Раҳбарон ва сарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар ҳамоиши олии худ дар Брюксел бар сари бастаи кӯмакҳои молии коронаӣ ба тавофуқ расиданд. Афзун бар он, бар сари будҷаи ҳафтсолаи ин Иттиҳодия низ тавофуқ ҳосил шуд. Нозирон аз тавофуқи таърихӣ сухан мегӯянд.
Музокироти раҳбарон ва сарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар маҷмӯъ беш аз чаҳор рӯз давом кард. Тӯлонитар аз ҳар ҳамоиши соли дигари ин Иттиҳодия. Дар нахустин соатҳои бомдоди рӯзи сешанбе 21 — июл Чарлз Мишел, раиси Шӯрои Аврупо бо интишори як паёми твитерӣ хабар аз ин тавофуқи таърихӣ дод.
Инки музокироти раҳбарон ва сарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо беш аз чаҳор рӯз тӯл кашид, корест, ки хеле кам иттифоқ афтодааст. Охирин бор, чунин ҳамоиши тӯлонӣ дар шаҳри Нис ва дар соли 2000 баргузор шуда буд. Мавзӯъ бар сари садҳо миллиард евро буд.
Аз он байн, бастаи кӯмакҳои молии Иттиҳодияи Аврупо барои шитоб бахшидан ба рушди иқтисодӣ ва муқобила бо паёмадҳои вайронгари корона барои кишварҳои узви ин Иттиҳодия низ бояд ба тавофуқ ва тасвиб мерасид.
Барои нахустин бор дар таърихи иттиҳодияи Аврупо, раҳбарон ва сарони кишварҳои узви ин Иттиҳодия будҷа ва пакети молии беш аз 1800 миллиард евроиро қабул карданд.
750 миллиард евро кӯмаки коронаӣ
Яке аз мавридҳои аслии ихтилоф байни раҳбарон ва сарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо бар сари ҷудо кардани будҷае баробар ба 750 миллиард евро барои кӯмак ба иқтисоди кишварҳое буд, ки дар асари бӯҳрони корона осеб дида буданд.
Фаронса, Олмон, Испания ва Италия хостори он буданд, ки маблағи 500 миллиард евро аз ин маблағ ба унвони кӯмакҳои бебозгашт дар ихтиёри ин даста аз кишварҳо қарор гирад. Ин дар ҳоле аст, ки бархе дигар аз кишварҳо ва аз ҷумла Австрия ва Нидерландия мухолифи ҷудо кардани ингуна будҷа буданд.
Пас аз чаҳор рӯз баҳс ва музокира кишварҳои узви ин Иттиҳодия бар сари ҷудо кардани 390 миллиард евро кӯмаки бебозгашт ба тавофуқ расиданд.
Илова бар ин, қарор шудааст, ки 360 миллион еврои дигар низ дар робита бо кӯмакҳои молии коронаӣ ба шакли қарз дар ихтиёри кишварҳои дархосткунанда қарор гирад.
Қабули будҷаи ҳафтсолаи Иттиҳодия
Аз сӯи дигар, кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо бар сари будҷаи ҳафт солаи Иттиҳодия ба тавофуқ расиданд. Будҷае беш аз 1040 миллиард евро.
Қарор аст, кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар ростои эҷоди иқтисоди ҳамоҳанг бо ниёзҳои экологӣ ва ҳамчунин иқтисоди рақамӣ қадам бардоранд.
Қабули дар маҷмӯъ 1800 миллиард евро пакети молӣ дар ҷаласаи олии раҳбарон ва сарони кишварҳои узви ин иттиҳодия, аз нигоҳи ҳаҷм дар тӯли таърихи ин Иттиҳодия бесобиқа аст.
Як тавофуқ ва ду рӯйкард
Кишварҳои Австрия ва Нидерландия аз ҷумлаи кишварҳое буданд, ки хостори шарт гузоштан барои додани кӯмакҳои молии коронаӣ ба пойбандии кишварҳои узв ба тааҳҳудот ва арзишҳои сиёсии Иттиҳодияи Аврупо шуда буданд.
Ин мавзӯъ бо мухолифати кишварҳои шарқи Аврупо ва аз ҷумла Венгрия ва Лаҳистон рӯбарӯ шуда буд. Ҳоло сухан аз он меравад, ки дар даврони пас аз тавофуқ ҳаргоҳ кишваре ба тааҳҳудоти худ ва аз ҷумла ба арзишҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии таъйин шуда аз сӯи Иттиҳодияи Аврупо пойбанд намонд, додани ин кӯмакҳо ва қарзҳо метавонад вобаста ба он коҳиш ёбад.
Мавзӯъ бар сари қабули баъзе аз қонунҳо дар кишварҳои Лаҳистон ва Венгрия аст, ки ба бовари дигар кишварҳои узви ин Иттиҳодия бо меъёрҳои як давлати қонунмеҳвар ва арзишҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мухолифат доранд.
Расонаҳои Лаҳистон пас аз эълони хабари тавофуқи Иттиҳодияи Аврупо таъйини чунин шарт дар тавофуқи нозир бар кӯмакҳои молии коронаиро такзиб кардаанд. Расонаҳои Венгрия низ тавофуқи Иттиҳодияи Аврупоро пирӯзии бузурги Виктор Орбан хондаанд.