Гурӯҳе аз фаъолони олмонӣ ва тоҷики муқими ин кишвар бо талаби баргадонидани Абдуллоҳи Шамсиддин, муҳоҷири истирдодшудаи тоҷик таҷаммӯъи эътирозӣ карданд. Онҳо аз мақомоти Олмон хостанд, Абдуллоҳро, ки баробари расиданаш ба Тоҷикистон боздошт ва нопадид шудааст, ба назди ҳамсаур фарзандонаш, ки дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд, баргардонанд.
Дар ин таҷаммӯъ, ки дирӯз 9 феврал дар муқобили бинои Ҳизби сабзи Олмон ва замони нишасти ин ҳизб баргузор шуд, шуморе аз мардуми маҳаллӣ, аз шиносу ҳамкорони Абдуллоҳ ва фаъолони маданӣ ширкат карданд.
Гуфтанист, Абдуллоҳи Шамсиддин рӯзи 18 январ аз Олмон ба Тоҷикистон истирдод шуд, аммо ҳеҷ дараке аз худ надод. Аз ҳавопаймое, ки ӯро аз Истамбул ба Душанбе бурд, ҳамаи мусофирон хориҷ шуданд, ба ҷуз Абдуллоҳ. Падараш тахмин мезанад ӯро мақомоти амнияти аз дохили ҳавопаймо бо худ бурдаанд.