Рубрики Хабарҳо

Шаҳрдории пойтахт хабари «бартараф намудани»хонаи Мирзо Турсунзодаро рад кард

Шаҳрдории Душанбе бо нашри иттилоияе тахриби хонае, ки Мирзо Турсунзода, шоири маъруф ва Қаҳрамони Тоҷикистон зистаастро рад кард. Дар ин иттилоияи гуфта мешавад “паҳн гардидани хабарҳо оиди бартараф намудани хонае, ки дар он Қаҳрамони Тоҷикистон, шоир Мирзо Турсунзода мезист, асоси воқеӣ надорад”.

Дирӯз, 11 сентябр Радиои Озодӣ бо истинод ба Фирӯза Турсунзода, духтари шоир хабар дод, ки хонаеро, ки дар он Мирзо Турсунзода зистааст, вайрон мекунанд. Аммо шаҳрдорӣ гуфтааст “бораи бартараф намудани он аз ҷониби мақомот ягон тасмим гирифта нашудааст”.

Ин манзили нахустини шоир дар Душанбе аст, ки дар паси чойхонаи “Роҳат” воқеъ буда, дар он ҷо шоир достони машҳури “Қиссаҳои Ҳиндустон”-ро офаридааст.

Ҳамчунин тибқи иттилоъи Радиои Озодӣ, бӯстонсарои Мирзо Турсунзода дар Варзоб ба яке аз афроди пурнуфузи кишвар фурӯхта шудааст. 

Қаблан ҳам шаҳрдорӣ тасмим гирифта буд хона-музейи Садриддин Айнӣ, поягузори адабиёти замони шӯравии тоҷик ва Қаҳрамони Тоҷикистон дар хиёбони Ҳамза Ҳакимзодаи шаҳри Душанберо тахриб кунад. Ин тасмим баҳсҳои густардаи дар шабакаҳои иҷтимоиро ба миён овард ва корбарон аз тахриби он бо шиддат интиқод карда мегуфтанд бояд онро ҳамчун мероси таърихӣ ва фарҳангӣ нигоҳ дошт.

Шаҳрдории Душанбе пас аз баҳсҳо ва номаи донишмандону ҷомеаи шаҳрвандӣ аз тахриби бино даст кашид.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *