Тими мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал барои ду рақобати дӯстона вориди шаҳри Даммами Арабистони саудӣ шуд.
Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ин бора иттилоъ дода мегӯяд, яккачини кишвар баъди ширкат дар мусобиқаи байналмилалии “SAT International Futsal Championship 2020”, ки дар Банкок доир гашт, ба шаҳри Даммаи Арабистони Саудӣ омад.
Ба иттилои манбаъ, бозиҳои дӯстонаи яккачини кишвар бо дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ ва Қувайт санаи 12-13 феврал доир мегардад.
Ба иттилои манбаъ, дар ин бозӣ чккачини кишварро муттахасиси гурҷӣ Александ Дзабирадзе роҳбарӣ мекунад.
Ҳайати тими миллии кишвар аз ин қабил аст:
Панҷ ғолиби мусобиқоти ҷоми Осиё-2020 барои ширкат дар нуҳумин мусобиқоти ҷоми ҷаҳон оид ба футзал, ки 12 сентябр дар Литва доир мешавад, ширкат хоҳад кард.