Як зодаи Тоҷикистон дар Русия пас аз изҳороташ дар бораи кушта шудани Қобилҷон Алиеви 10-сола дар вилояти Маскав бо гумони «барангехтани низои миллӣ» боздошт шудааст. Дар ин бора Маркази ҳимояи ҳуқуқи «Сова» хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда Саидназар Ҳоҷимуродов, ҷавони 25-сола ва ронандаи таксӣ мебошад, ки эҳтимол шаҳрвандии Русияро дорад. Дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудааст, ӯ бо лаҳни шадид мақомоти Русия, аз ҷумла раиси Кумитаи тафтишот Александр Бастрикинро танқид карда, ҳукуматро ба бетафовутӣ нисбат ба ҷиноятҳо бо ангезаи бегонаситезӣ муттаҳам кардааст.
Ҳоҷимуродов иддао кардааст, ки дар Русия «пайваста тоҷикон кушта мешаванд», аммо ҷомеа ва мақомот ба ин ҳодисаҳо вокуниши ҷиддӣ нишон намедиҳанд. Ӯ ҳамчунин гуфтааст, ки агар чунин ҷиноятро муҳоҷир содир мекард, он ҳатман бо таъкиди миллат ва дин расонаӣ мешуд.
Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, Ҳоҷимуродов, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо номи Саидҷон Ҳоҷиев шинохта мешавад, рӯзи 19 декабр пас аз шикояти чанд канали миллатгарои рус, аз ҷумла «Многонационал», ба Кумитаи тафтишотӣ боздошт шудааст.
Дар Русия барои «барангехтани низои миллӣ, динӣ ё иҷтимоӣ» то 5 сол маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ мешавад. Аммо дар маркази «Сова» мегӯянд, дар суханони Ҳоҷимуродов нишонаҳои тарғиби хушунат ё барангехтани адоват дида намешавад ва барои ҷавобгарии ҷиноятӣ асос вуҷуд надорад.
Ёдовар мешавем, Қобилҷон Алиеви 10-сола рӯзи 16 декабр дар натиҷаи ҳамлаи як навраси рус дар мактабе дар ноҳияи Одинсовои вилояти Маскав кушта шуд. Ҷасади ӯ рӯзи 18 декабр дар ноҳияи Шаҳринав ба хок супурда шуд. Додгоҳи Русия гумонбарро ба муҳлати ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube