Моҳи декабри соли ҷорӣ дар Тоҷикистон беш 700 ҳазор дона маводҳои пиратехникӣ ошкор ва мусодира карда шудааст.
Дар ин бора Пулиси Душанбе рӯзи 25-уми декабр хабар додааст.
Мақомот гуфтанд: “Давоми моҳи декабри соли ҷорӣ, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт беш аз 7-далели муомилоти ғайриқонунии маводҳои тарфгарӣ ошкор карда шуда, зиёда аз 700-ҳазор дона тарконакҳои хурди пиротехникӣ дарёфт ва мусодира карда шуданд”.
Ба иттилои манбаъ нисбати гумонбарон “тибқи талаботи модаи 199 иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳои зарурӣ тартиб дода шудааст”.
Раёсат аз кули шаҳрвандон хостааст, ки барои пешгирӣ аз истифода ва фурӯшу паҳнсозии маводҳои оташзо фарзандони худро зери назорат гиранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube