Рубрики Хабарҳо

Аҳмад Дидот

“Ислом бо ту ҳам, бидуни ту ҳам пирӯз хоҳад шуд, аммо ту бидуни ислом ҳисорат дида, аз байн меравӣ” (Аҳмад Дидот)

Аҳмад Дидот  соли 1918 дар Тадкешвари иёлоти  Гуҷарати кишвари  Ҳиндустон ба дунё омадааст. Чанде пас бо зарурати пешомадаи зиндагӣ, падараш  ба Африқои Ҷанубӣ муҳоҷират мекунад ва бо гузашти муддате чанд Аҳмад Дидот ҳам ба ин ҷо меояд. Дар ин ҷо, вай бо ғайрати тамом таваҷҷӯҳашро ба таҳсил равона мекунад, аммо бинобар мушкилоти молиявӣ дар синни 16-солагӣ маҷбур мешавад, ки мактабро тарк кунад ва ба меҳнат шурӯъ кунад, то рӯзашон гузарад. 

Дар соли 1936, Аҳмад Дидот ба ҳайси фурӯшанда дар мағозае ба кор қабул мешавад ва тифоқо он ҷо гурӯҳи мубаллиғони насрониро во мехӯрад, ки иддао мекунанд : “Паёмбар Муҳаммад дини исломро бо зӯри шамшер байни мардум паҳн кардааст.” 

Ҳамчунин Дидот дар он лаҳзаҳо таҳти таъсири асари Раҳматулло Кайронвӣ бо номи “Изҳор Ал-Ҳақ” қарор дошт ва ин рӯйдодҳо ба мутакаллим-суханвари  оянда таъсири бузург расонд ва ӯро водор кард, ки ба таҳлили муқоисавии динҳо машғул шавад.

Аҳмад Дидот аввалин лексияи худро, ки «Муҳаммад — паёмбари сулҳ» ном дошт,  соли 1942 дар Дурбан барои 15 нафар шунаванда пешкаш карда буд. Дидот дар ҳоле ба даъвати ислом машғул буд, ки  ба технологияҳои муосир, телекоммуникатсия, Интернет ва телевизиони моҳвораӣ дастрасие  надорад. Аммо, бо вуҷуди ин ҳама, бо тарзи суханронӣ ва баҳсҳои худ бо  мубаллиғони масеҳӣ, тавонист, ки дар зеҳни  мардуми зиёде табаддулот эҷод кунад, дарки ҳақу ботилро бедор кунад, тафовути дину хурофотро фаҳмонад.Албатта ки Дидот дини масеҳиро хурофот намегуфт, балки навгониҳои ба фоидаи худ воридкардаи рӯҳониёни ҳар давру замонро, ки инҷилро аз нусхаи асл батамом дигаргун кардаанд, инчунин ҷумалоте, ки мутлақо муқобили ҳамдигар нигошта шудаанд, як-як мисол меовард. Далелҳои овардаи Дидот ҳамеша раднопазир буданд. Ва аллакай тарҷимаи асарҳояш бо забонҳои гуногун шурӯъ шуда ҳам буд. 

Аҳмад Дидот хуб медонист, ки кори ӯ, яъне роҳи пешгирифтааш  даъват ба Ислом тавассути баҳси илмӣ бо мукаллимони  мазҳабҳои дигар пас аз маргаш ҳам  бояд идома ёбад. Барои ин кор лозим буд, ки як пояи маҳкаме таҳия шавад. Ҳамин тариқ, бо таҳаммул ва ҳусни хосе  тадқиқотчии мусулмон иҷроиши ҳадафашро оғоз кард. Ба лутфи  талошу  кӯшишҳои ӯ дар Африқои Ҷанубӣ якчанд муассисаҳо ва марказҳои таълимӣ кушода шуданд, ки дар байни онҳо, бешубҳа, ҷойгоҳи асосӣ аз ҷониби Маркази байналмилалии даъвати исломӣ  дар Дурбан, ки методологияи Аҳмад Дидатро истифода мебарад, ҷой гирифтааст.  Таълимро олимон ва воизон мегузаронанд, ки бисёриҳо аз мактаби Дидот гузаштаанд ва ӯро шахсан хеле хуб мешинохтанд. 

Дар таърихи сеюми  майи соли 1996, вақто, ки аз сафари кориаш аз кишвари Австралия баргашт, Аҳмад Дидит дучори сактаи мағзӣ шуд, ки дар натиҷа  нимаи танаш аз  зери гардан  фалаҷ шуд. Фалач рагҳои хунгарди мағзу соқаро фаро гирифт ва Дидот давоми нӯҳ соли охири умраш наметавонист батанҳоӣ ҳаракат кунад, ҳарф занад ва мустақилона тановул кунад. Дар Риёз вай таҳти дастгоҳи тавонбахше қарор гирифт, ҷое, ки бо истифода аз нигоҳи худ барои дуруст кардани калимаву ҷумлаҳо барояш омӯзиш дода мешуд. Дар ниҳояти умр  воизи шӯҳратёр Аҳмад Дидот санаи 8-уми  августи соли 2005 мутобиқ ба соли 1426-уми ҳиҷрӣ  дар хонаи худ дар шаҳри Верулам дар музофоти КвоЗулу-Натал дунёи фониро тарк кард. 

Яке  муҳимтарин вижагии  Аҳмад Дидат дар он аст, ки вай дар мактаби  фиқҳи исломӣ таҳсил накардааст, дар мадраса, донишгоҳ ё ягон муассисаи дигари динӣ таҳсил накарда ва рутбаи илмӣ ҳам надорад. Вай фақат андаке маълумоти ибтидоиро дар мактаби хурди исломӣ гирифта буду бо надоштани имкони таҳсил ба кӯмаки падараш баҳри пешбурди зиндагӣ саъй кардааст. 

Аммо, ӯ бартариҳои дигар дошт — имони мустаҳкам, озодона бо забонҳои арабӣ ва англисӣ ҳарф задан  ва инчунин хофизаи хеле қавӣ. Ин хислатҳо ба ӯ имконият доданд, ки дар саросари ҷаҳон сайр кунад ва бо бисёр мубаллиғони ҷаҳони Ғарб мубоҳиса кунад.  Вай сифоту  дониши худро барои дифоъ аз нуқтаи назари ислом дар масъалаҳои баҳсталаб ва инчунин боло бурдани огоҳии исломӣ  дар ҷаҳони Ғарб истифода мекард. 

Дар натиҷаи муошират бо одамони гуногун дар ҷои кор, Дидоти ҷавон ба омӯзиши фарҳанг ва мазҳабҳои гуногун шурӯъ кард. Вай Библияро бодиққат омӯхт ва бо намояндагони динҳои масеҳӣ оид ба масъалаҳои идеологӣ сар кард. Вай ба бисёр кишварҳо сафар кард ва шаст соли  умри худро барои даъват ба дини ислом бахшид. 

Бояд қайд кард, ки Аҳмад Дидот Донишкадаи “Салам”-ро барои тайёр кардани воизони ислом таъсис додааст. Вай инчунин дар шаҳри Дурбан Маркази байналмилалии даъвати исломӣ таъсис додааст, ки ҳоло ҳам дар самти даъвати ислом, инчунин муколамаи динӣ, ҳатто пас аз марги Аҳмад Дидат фаъол аст.

Аҳмад Дидат муаллифи даҳҳо китобҳост, ки адади умумии онҳо беш аз миллион нусха мебошад, дар аксари ҳолатҳо чоп ва ройгон паҳн карда мешаванд. Ӯ ҳеҷ гоҳ аз навиштани китобҳои нав ва ҳалли саволҳои торафт бештар боз намеистод. 

Шайх Дидот ҷоизаҳои олиро дар чандин кишварҳои арабӣ ва исломӣ , аз ҷумла ҷоизаи подшоҳ Фаҳдаро дар соли 1986 сазовор гардида буд. Қобили таваҷҷӯҳ аст, ки ҳазорон нафар ба лутфи ӯ ба ислом гаравиданд. 

Нуқтаҳое чанд аз каломи Дидот 

Мулҳиде (оне,ки вуҷуди Аллоҳ ва охиратро инкор мекунад) аз Аҳмад Дидот суол кард:

Чӣ ҳолате ба фаҳму шуурат рух хоҳад дод, замоне, ки вафот кардӣ ва бароят кашф шуд,ки охират дуруғе беш набуда аст?

Аҳмад Дидот гуфт:

Бадтар аз фаҳму шуури ту нахоҳад буд,ҳангоме ки вафот кардӣ ва бароят кашф шавад,ки он ҳақиқат буда аст.

***

Шайх Аҳмад Дидот (раҳимаҳуллоҳ) мегуяд: Замоне ки мегўӣ: «мард ба занаш зулм мекунад» бо ту мувофиқам!

Аммо замоне, ки мегўӣ: «Ислом ба зан зулм мекунад» бо ту мухолифам!

Пас моем, ки зулм мекунем, на ислом!

***

 “Бадтарин душмани ислом мусалмони нодонест, ки ба нодонияш таассуб дорад. У бо ин феълу рафтори худ исломро бад нишон дода ба сурати аслии ислом зарба мезанад ва ҷаҳонро водор мекунад, ки исломро чунин тасаввур кунад. Сарсахттарин душмани ислом мусалмони нодон аст.Аз ҷиҳати нодонияш зиёдаравӣ карда бо амалҳои ноҷояш исломи саҳеҳро зиштӯ бадрӯ нишон дода аз байн мебарад,ва гумон мекунад,ки ин аст исломи воқеъӣ дар дунё.”

***

Сусту нарм машав,ки ҳар зарбае туро афтонад, ё садамае заифат созад, ё нокомие печидаат гардонад ва ё ҳар хатое нобудат созад. Балки, қавӣ бош! Чун барои заифҳову сарпечидаҳо дар ин замон ҷое нест!

***

«Худро рӯи болин маяндозу гиря макун,ки бо он ҳеҷ кореро тағйир нахоҳӣ дод.

Бархезу рӯи ҷойинамозат гиряву ниёиш кун,ки Худованд баъд аз душворӣ бароят осонӣ рӯзӣ гардонад»

***

“Дар ислом ҳеҷ чизе ба номи сухангуйи дин вуҷуд надорад,

На фалон муфти ва на фалон шайх,

Балки сухангуи расмии ин дин фақат ва фақат қуръон аст…”

***

Жюл Массерман, устоди донишгоҳи Чикагои Амрико ба саволи «бузургтарин пешво ва роҳбари ҷаҳон кӣ буд?», чунин ҷавоб додааст:

«Пешворо аз рӯи се меъёр муайян кардан мумкин аст:

  1. Пешво бояд пешравӣ ва комёбии пайравонашро таъмин кунад.
  2. Пешво бояд дар ҷомеаи худ низоми одилонаи иҷтимоиро барпо намояд, то ки шаҳрвандон эҳсоси комили амниятро дошта бошанд.
  3. Пешво бояд мардумро бо низоми ягонаи идеологӣ муттаҳид намояд.

Шахсоне ба монанди Пастер ва Салк аз рӯи меъёри якум пешво ҳастанд. Ашхосеро ба амсоли Гандиву Конфутсий ва ё Искандари Мақдуниву Гитлер метавон аз рӯи меъёри дуюм ва қисман севвум пешво номид. Исо (а) ва Буддо танҳо аз рӯи ӯҳдадории севвум пешво унвон мегиранд. Агар Муҳаммадро (дуруди Худованд нисораш бодо)  бузургтарин пешво дар масири таърих ба шумор оварем, хато нахоҳем кард. Зеро ӯ тавонист ба ҳар се меъёр ва талаботи пешвоӣ ҷавобгӯ бошад. Мӯсо (а) низ ин нақшро дар дараҷаи камтар аз ӯ доштааст».

(Ба таври фишурда аз китоби «Муҳаммад-бузургтарин шахсияти ҷахонӣ»-и Аҳмад Дидот)

Соима Саидӣ

Сообщение ПАЁМ.net.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *