Аз номи мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зарардидагони офати табиӣ ба вилояти Сирдарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон масолеҳи сохтмонӣ кӯмак фиристода шуд.
Кӯмаки хайриявӣ аз ҷумлаи масолеҳи сохтмонӣ семент, бомпуш — шифер, рангу мех иборат буда, субҳи имрӯз тавассути қатора аз истгоҳи Роҳи Оҳани ноҳияи Бобоҷон Ғафуров интиқол дода шудаааст.
Музаффар Юнусов, котиби матбуоти раиси вилояти Суғд ба расонаҳо гуфтааст, ки “ин кумакҳо аз 51 қатораи боркаш иборат буда, барои расонидани он масъулин аз ҳукумати ҷумҳурӣ ва муовини раиси вилояти Суғд, Анвар Яъқубӣ вобаста шудаанд”.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 2 уми май дар пайи боридани борони шадид обанбори Сардоба дар вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон канда шуда, даҳҳо манзили маҳаллро хароб кард. Бар асари ин офат беш аз 60 нафар маҷрӯҳ шуда, чанд нафари дигар ҳам ҳалок шудаанд.
«Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Узбекистон наздики 70 нафар сокинони атрофи обанбор ба маконҳои бехавф дар вилоятҳои Сирдарё ва Ҷиззах интиқол дода шуда, бештар аз 17 ҳазор нафар аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуданд.
Сообщение ПАЁМ.net.