Рубрики Хабарҳо

Аз ҳукми 14 узви аршади ҲНИТ 4 сол гузашт

Расо 4 сол қабл, 2- юми июни соли 2016, Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукм нисбати 14 узви аршади Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон, аз ҷумла ду муовини ин ҳизбро содир намуд. Ба гуфти мақомоти Тоҷикистон собиқ муовини вазири дифоъи кишвар Абдуҳалим Назарзода ба кудато даст зад ва ҳукумат ҲНИТ-ро дар ҳамдастӣ бо ӯ гунаҳкор кард. Иттиҳоме, ки ҲНИТ ба ҳеч ваҷҳ қабул надошта ва онро як нақшаи тарҳрезишуда аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон медонад.

Ҳукми Додгоҳ нисбати 14 узви ҲНИТ дар ҳоле содир шуд, ки аксари созмонҳои ҳуқуқи башарӣ аз тарзи боздошти онҳо нигаронӣ намуда, онро хилофи меъёрҳои ҳуқуқӣ номиданд. Аз тарафи дигар ҷараёни тафтиши парванда ба таври махфӣ сурат гирифта, вакилони мудофеи онҳо вақти кофӣ барои дифоъро надоштанд. Инчунин Бузургмеҳр Ёров вакили мудофеи машҳур баъд аз инки эълон кард, ки кумитаеро барои дифоъ аз ҳуқуқи боздоштшудаҳои ҲНИТ таъсис додааст, худ низ як ҳафта пас боздошт шуда, моҳи октябри соли 2016 ба 23 сол зиндон маҳкум шуд.

Эълони ҳукм аз тарафи Додгоҳ олии Тоҷикистон низ пушти дарҳои баста сурат гирифт. Ҳеч як аз созмонҳои ҳуқуқи башарӣ ва хабарнигорон ҳаққи ширкат дар ҷараёни судро надоштанд.

То имрӯз даҳҳо созмонҳои байналмилалӣ боздошти аъзои ин ҳизбро худсарона номида, аз мақомоти хостори озодии онҳо шудаанд. Аз ҷумла Гурӯҳи кории Созмони Милали Муттаҳид оид ба боздоштҳои худсарона дар се гузориши ҷудогона ба хулосае расид, ки ҳукумати Тоҷикистон бо боздошти аъзои ҲНИТ ва вакили мудофеи онҳо уҳдадориҳои худро дар масъалаи ҳуқуқи инсон поймол намудааст. Ва озодии бидуни қайду шарти онҳоро тақозо намудааст. То ба имрӯз ҳукумати Тоҷикистон ҳеч як аз талаботи Гуруҳи кории СММ — оиди озод намудани зиндониёнро иҷро накардааст. Ба қавли таҳлилгарон ва ҳуқуқшиносон метавонад паёмадҳои сангине барои мақомот дошта бошад.

Дар ҳоле, ки вируси ҳамагири Ковид-19 ба зиндонҳои Тоҷикистон низ сироят карда ва домани даҳҳо зиндониро фаро гирифтааст, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар фаъолони ҳуқуқиву сиёсӣ аз ҳукумати Тоҷикистон талаби озодии зиндониёни синнашон аз 50 болоро кардаанд. Аммо то ба ҳол ҳеч чорае аз сӯи мақомоти кишвар дар ин маврид дида намешавад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *