Мушовири вазорати таҳсилоти олии Толибон мегӯяд ягона далели ин гурӯҳ барои бастани макотиб ва донишгоҳҳо, итоат аз фармонҳои Ҳайбатуллоҳ Охундзода аст.
Мавлавии Абдуҷҷаббор гуфт Охундзада дастур дод, ки донишгоҳҳо таътил шаванд, бинобарин онҳо таътил шуданд ва вақте ӯ бигӯяд боз шавад, ҳамон рӯз боз хоҳад шуд.
Ӯ дар мусоҳибае бо Ассошиэйтед пресс, ки рӯзи шанбе (12 август) мунташир шуд, гуфт: “ҳама раҳбарони мо тарафдор (аз саргирии омӯзиши духтарон) ҳастанд, ҳатто вузарои мо тарафдори он ҳастанд.”
Ин мақоми вазорати таҳсилоти олии Толибон гуфт ба маҳзи ин ки дастури лағви мамнуъияти омӯзиш тавассути Ҳайбатуллоҳ Охундзода содир шавад, донишгоҳҳо омодаи пазириши муҷаддади духтарони донишҷуён ҳастанд. Бо ин ҳол ӯ нагуфт, ки ин иттифоқ чӣ замоне рух хоҳад дод.
Ӯ мегӯяд охирин бор Ҳайбатуллоҳ Охундзодаро ҳафт ё ҳашт сол пеш мулоқот кардааст. Толибон пас аз тасаллут бар Афғонистон таҳсили духтарони болотар аз синфи шашумро мамнуъ кард. Ба рағми интиқодоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ва сарони кишварҳои исломӣ, на танҳо духтарон наметавонанд таҳсил кунанд, ки маҳдудиятҳои густурдаи дигаре ҳам аз тарафи Толибон бар занон вазъ шуд.
Ассошиэйтед пресс дар гузориши худ навишт, ки изҳороти мушовири вазорати таҳсилоти олии Толибон, нишонаи дигаре аз тафовути назар байни аъзои Толибон аст.
Ба гунае, ки Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон бахше аз изҳороти ӯро таъйид намекунад.
Нидомуҳаммад Надим, вазири таҳсилоти олии Толибон гуфтааст мамнуъияти омӯзиши духтарон як иқдоми муваққат хоҳад буд. Ў гуфт ин тасмим иттихоз шудааст то тасмимҳое дар бораи мушкилоте мисли тафкики ҷинсият, маводи дарсӣ ва униформ иттихоз шавад.
Бо гузашти беш аз ду сол аз баста будани макотиб ба рӯйи духтарон, Толибон баҳонаҳои мушобеҳеро барои баста мондани дарвозаи макотиб пеш меоваранд, вале ҳанӯз нишонае аз ҳал шудани ин мушкилот ва бозкушоии макотиб дида намешавад.