Дабири кули Созмони Паймони Амнияти дастаҷамъӣ дар бораи фаъол шудани бархе гуруҳҳои даҳшатафкан, монанди ДИИШ дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон ҳушдор дод. Бори чандум аст, аст ки дар чанд соли охир мақомоти ин созмон ва Русия аз чунин фаъолшавӣ хабар медиҳанд.
Станислав Зас Дабири кули Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ аз барномаи ин Созмон ҷиҳати баргузории тамринҳои муштараки густарда дар марзҳои Тоҷикистон хабар дод.
Зас гуфт: қасд дорем дар соли ояндаи мелодӣ тамринҳои густардае ба манзури таҷрибаи иқдомот дар шароити даргирии марзӣ бо ширкати неруҳои Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ дар марзи Тоҷикистон баргузор кунем.
Зас дар идома ба афзоиши фаолияти гуруҳҳои терорристии монанди ДИИШ дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон ишора карда гуфт: дар ин росто, дар ҳоли ҳозир иқдомҳои мухталифе барои тақвияти марз дар ин минтақа анҷом мегирад.
Вай ҳамчунин таъкид кард Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ба таври фаъол бо Созмони Милалли Муттаҳид ва Созмони Амният ва ҳамкории Аврупо барои ҳалу фасли мушкилоти марзӣ бо якдигар ҳамкори мекунанд.
Бо вуҷуди таъкидҳои ин созмон ба фаъолшавии ҷангиён дар марзҳои Тоҷикистону Афғонистон, ин гурӯҳҳо аз худ то ҳол дараке надодаанд ва мақомоти Афғонистон низ ин иддаоро рад мекунанд.
Сообщение ПАЁМ.net.