Рубрики Хабарҳо

Чаро рушди ММД дар Тоҷикистон дар ҳаёти рузмарраи мардум эҳсос нашуд?

Маҷмуи маҳсулотӣ дохили (ММД) яке аз нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии ҳар як кишвар мебошад. Ҳолати иқтисоди ҳар як кишвар аз руи он ки ММД ба ҳар сари аҳоли чанд пулро ташкил медиҳад, рушди солонаи он чанд дар сад ҳаст, таркиби он чи гуна ҳаст баҳо дода мешавад. 

Дар ҷаҳони муосир ҳама давлатҳо кушиш мекунанд то ин нишондиҳандаи муҳими иқтисодӣ доим дар рушд бошад. Танҳо бо рушди ММД метавон некуаҳволӣ ва сифати зисти мардумро беҳтар намоем. Ҳамасола сохторҳои дахлдори ҳукумат барномаи рушди ММД-и кишварро барои соли дарпешистода пешниҳод менамоянд. Инчунин   ҳар сол институтҳои молиявии ҷаҳонӣ ба монанди Созмони милали муттаҳид, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Осёии рушд, Бонки Таҷдид ва рушди Аврупо ва дигар сохторҳо, иқтисоди ҷаҳониро омӯхта, натиҷаҳои онро таҳлил намуда, пешбиниҳои худро барои рушд ё поин рафтани сатҳи он эълон менамоянд. 

Масалан, барои соли 2020 ки таъсири пандемия хеле сахт буд, Бонки ҷаҳонӣ пешгуӣ карда буд, ки иқтисоди ҷаҳонӣ 4,9% коҳиш хоҳад ёфт. Баъдан, ин пешгӯиро каме таъғир дода, онро ба сатҳи — 4,4% поён бурда буд. Натиҷа ҳам чунин шуд , ки иқтисоди ҷаҳонӣ 4,4% поин рафт. Аз ҷумла иқтисоди давлатҳои мутарақии ҷаҳон ИМА -4,3% , Олмон -6,0%, Фаронса -9,8% , Италия -10,6% , Испания-12,8% , Россия -4,1%, Ҳиндустон – 10,3%  рукуд карданд. 

Танҳо иқтисоди Ҷуҳурии Халқии Чин бо натиҷаи 1,9%  ва Тоҷикистон 4,5% рушд соли 2020 -ро ҷамбаст намуданд. Албатта ин рушди Тоҷикистон хеле суолҳо ба миён меоварад.

 Барои соли 2021 Бонки ҷаҳонӣ  пешгӯӣ карда буд, ки иқтисоди ҷаҳонӣ 5,5% рушд хоҳад кард ва дар охири соли 2021 суръати рушди иқтисод то ба дарҷаи пеш аз пандемия мерасад. Пешгӯӣ шуда буд, ки иқтисоди ИМА — 6,4% , Чин — 8,4%,  Фаронса – 5,8% . Испания — 6,4% ва Биртанияи Кабир — 5,3%, Русия — 4,3%, ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла, Тоҷикистон 7%, Узбекистон 6,2%, Қазоқистон-3,5%,ва Қирғизистон-2,3% рушд хоҳанд кард.

Аз руи натиҷаи соли 2021 Маҷмӯъи маҳсулоти дохилии ИМА — 5,7%, Чин — 8,1%, Русия — 4,7% , Узбекистон — 6,2% ,Қазоқистон — 4,0% , Қирғизистон — 3,6% ва Тоҷикистон — 19,9% (!) рушд намудаанд. 

Аз руи гуфтаи  Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми соли 2021 ММД — 9,5 % рушд карда,  95,5 млрд сомниро ташкил дод.  Дар паёми солонаи худ Эмомалӣ Раҳмон эълон кард, ки Тоҷикистон соли 2021 ро бо рушди 9,5% бо натиҷаи ММД 95,5 млр сомонӣ ҷамбаст намуд. Дар маҷлиси солонаи ҳукумат бошад, Қоҳир Расулзода,  сарвазири Тоҷикистон эълон кард, ки Тоҷикистон бо суръати 9,2% рушд соли 2021-ро ҷабаст карда, ММД ба 98,9 млрд (8млрд 730 млн доллар) расонида шуд. 

Агар ин маблағи эълоншударо бо натиҷаи соли 2020 муқоиса кунем (ММД Тоҷикистон соли 2020 — 82,5 миллиард сомонӣ буд) рушди иқтисодии Тоҷикистон  ба 19,9% баробор мешавад  (98 900 – 82 500=16 400 , 16 400/82500х100=19,88%). Чунин нишондиҳандаи пешравии иқтисодиро таърихи башар дар ёд надорад. Чунин суръати пешравиро ҳамчун як ҷаҳиши бузург метавон номид. Таъсири онро бояд кулли мардум дар некуаҳволии худ медид. 

Аслан ин рақамҳоро бояд Агентии Омор ба ҳукумат пешниҳод намояд. Вале мутаасифона дар мо баръакс мебошад. Президент дар  паём мегуяд, ҳукумат ҷамбаст менамояд, баъдан Агентии омор маълумотро ба гуфти раисҷумҳур дуруст карда эълон  мекунад.  

Маъулумоти тозатарини Агентии омор дар сайти расмиаш — ин  нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии соли 2019  мебошанд.

Барои чи чунин ҷаҳиши бузурги иқтисодиро дар мо нодида гирифтанд. Ҳол он ки дар тамоми ҷумҳурӣ муҳтавои паёми Эмомалӣ Раҳмонро ба мардум расонида, маҷлисҳои калон баргузор мекунанд ва ба мардум шарҳ медиҳанд. Аммо, чаро ҷаҳиши бузурги иқтисодии нест андар ҷаҳон шарҳ ҳам дода нашуд ва таъсири онро мардум ҳам эҳсос накард. 

Бонки ҷаҳонӣ натиҷаи рушди иқтисоди ҷаҳониро барои  соли 2021-ро бояд рӯзҳои наздик нашр кунад. То он вақт сабр хоҳем кард . Баъди он фаҳмида мешавад, ки ин ҷаҳиши бузурги иқтисодӣ чигуна ба миён омадааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *