Рубрики Хабарҳо

“ИНТИХОБОТ” (гуфтугӯ бо “пешвои миллат”)

Салом, Эмомалӣ Шарипович!

Боз давраи интихобот омад! Боз дилат ба тук-тук медарояд. Ин дафъа сахт мезанад. Охир медонӣ, ки аз ҳад гузаронидаӣ! Вале боз ҳам чун як безабони зараровар зӯр мезанӣ, то рӯзе нӯхтаат назананд. Хуб, насиб карда бошад, то ин рӯз ҳам мерасем. Бисёриҳо сари он андешаанд, ки чаро басаш намекунӣ. Охир, маълум аст, ки монда шудаӣ ва дигар зӯрат намерасад. Ҳатто ба баромад кардан ҳам. Хафа нашаву, дигар аз рӯи коғаз матни тайёрро хонда наметавонӣ. Забонат, як лафка гӯшт, гапатро намегирад. 

Чӣ ин қадар худатро ғам медиҳӣ, охир! Ҷои ба худат мувофиқро коб. Як подсказка. Шояд барои идора кардани гӯсфандҳои писари хурдиат Сомонбой, ки шумораашон аз 100 000 кайҳо гузаштааст як номзади мувофиқе бошӣ: таҷрибаи молчаронӣ дорӣ, синни гӯсфандонро аз шумораи дандонҳояшон муайян карда метавонӣ. Балоӣ мегум, боз навъҳояшонро ҳам фарқ мекунӣ: чорӣ, тухлӣ, шишак ва ҳоказоҳои дигар. Барои бехатаринашонро дар кӯҳу пушта таъмин кардан Ятимоватро ҳам ҳамроҳат бигир. Хайр Нур Саид бигзор таълимашон диҳад, эъ, ё, беҳтараш, дар телевизионҳои сайёраш намоишҳои серконсерт ташкилашон кунад, барои гӯшт гирифтанашон фоида дорад. Секаса мегарден дар ҳавои тоза. Ҷони мардум ҳам аз шумо халос мешавад, в кансе консов,  

Боре як урус дар сӯҳбати хоса бо банда гуфт, ки чаро сардорашон курсиро супоридан намехоҳад. Мегӯяд “метарсад, ки мекушандаш ё, ҳеҷ набошад ҳабси умрбодаш мекунанд. Чунки барои халқаш хиёнати бисёр кардааст”. Шояд ту ҳам аз ҳамин метарсӣ? Барои ҳамин тезтар басаш кун, ки шумораи гуноҳҳоят, ба Худо, дигар дар чанд делаи ҷиноятӣ намеғунҷад. Магарам пас аз курсиро аз таги кунат кашида гирифтан боз чанд соли дигар мурофиаи судиат давом кунаду судяҳои бечора то ба охир расидани мурофиаҳо серияҳои аввалашро аз хотир бароранд. Нагузор, ки бисёри бад дар ботлоқи хиёнат биғӯтӣ. Қонуни “Пешвои миллат” ҳам дигар муҳофизатат намекунад. Чӣ хеле ту қонунро ба як қоғази беқурб табдил додӣ, ҳамон тавр қонуни худмуҳофизаатро чун як коғази нодаркор ғиҷимаш карда мепартоянд. Шояд аз ҳабс шудан сахт метарсӣ. Ещё бы! Худат ин системаро ғайриинсонӣ сохтаву ончунон бераҳмаш кардаӣ, ки қадри инсони бароят номақбули паси панҷараҳоят нишаста дигар чени коҳ ҳам нест. Як тасаввур кун, ки ҷойҳо иваз шуданаш мумкин аст. Инро чархи фалак мегӯянд. Ин маслиҳати бародаронаи ман ба ту, додари гапношунавам!

Аз моҳи январи имсол як муаллимаи шиносамро, ки то нафақааш ҳамаги чор солаки дигар мондааст, ғам гирифт. Мегӯяд “боз даводави интихоботи сабилмондаашон сар шуд. Дигар рӯз надорем. На дарсу на ҳиҷ! Умрамро ба хотири ҳамин як нафақаи ночизашон сарф кардам. Чи хеле колхозчиҳо ба хотири як каме ғӯзапоя дар гармоҳои тоқатфарсо бе подоши арзанда кор мекарданд”. Рост мегӯяд, охир. Ду даҳсола мешавад, ки муаллимони бечораро ба дурӯғросткунак табдил додаӣ. Рӯяшонро сиёҳу сафед карда, барои ту “натиҷаҳои дилхоҳ” месозанд. Рӯйхатҳои фалшивии интихобкунандагон тартиб медиҳанд, аз ҳисоби соатҳои корӣ ба ҷои номзадҳои ҳизбҳои кисагии ту – ҳизби сотсиалист, коммунист, аграрӣ, ислоҳоти иқтисодӣ ва демократӣ, ки зӯрашон ҳатто барои ҷамъоварии имзои  тарафдоронашон намерасад, хона ба хона гашта, дар варақҳои беном подпис ҷамъ мекунанд, ба ҷои мардуми ба овоздиҳӣ наомада ба қуттӣ қабза-қабза булетин мепартоянд, протоколҳои дурӯғин тартиб медиҳанд. Хулоса, дидаву дониста гӯрашонро месӯзанд. Ба амонати мардум хиёнат мекунанду обрӯи бе ин ҳам костаашонро ду пул мекунанд. Ҳаракат мекунанд, ки айбҳои “демократияи қалбакӣ”-и туро бо кӯшишҳои бенатиҷаашон пӯшонанд. Ҳиҷ намешавад охир! Муаллимро ба ҳама фаъолияти ғайритаълимӣ сафарбар намуда, онро ба далла (вохӯронандаи шавҳарҷӯёну занҷӯён), муаллимаи бедипломи рақс, тақаллубкори натиҷаҳои интихобот, хулоса, беқурбтарин қишри ҷомеъа табдил додӣ.

Акнун тамоми кормандони ҳукумати иҷроия, Милитсия, Прокуратура, Суд ва Кумитаи Давлатии Бехатарии Миллӣ барои аз нав ҳукмрон мондани туву авлодат ба давутоз медароянд. Намояндагони КБ нақшаҳову дурнамоҳо месозанду ҳама раванди интихоботро ба пуррагӣ зери даст мегиранд. Тавассути ҳокимиятҳои иҷроияву ҷамоатҳо шабу рӯз хоб накарда, заҳмат мекашанд: 

  • Рӯихати раисони бовариноки комиссияҳои участкавии овоздиҳиро тартиб медиҳанд
  • Ба узви комиссияҳои овоздиҳӣ сӯҳбатҳо гузаронида, тарзи тақаллуби натиҷаҳои интихоботро меомӯзонандашон
  • Ҳама баромадҳои пешазинтихоботии номзадҳои “случайний” ва “хавфнок”-ро зери назорати сахт мегиранд 
  • Бригадиру раисони маҳалларо маҷбур месозанд, ки мардумро барои дар камераҳои навор афтодану дар телевизионҳоят нишон додан ба монанди пода маҷбуран ба участкаҳои овоздиҳӣ биёранд
  • То ҳисобу китоби “овоз”-ҳои интихобкунандагон ва ба ту аз “иҷрои кор” ҳисобот додан хоб намекунанд

Ана ҳамин тавр, ҳама мақомоти давлатӣ, ки аз ҳисоби андозҳои пардохткардаи мардум маош мегиранд, ба чашми худи ҳамин мардум хок пошида, “ғалаба”-и туро дар “интихобот”-и навбатӣ дар муқобили намояндаҳои воқеан мардумӣ таъмин менамоянд. То ин ки аз вазифа нараванду дар сояи ту кайфу сафояшонро давом диҳанд. То ин ки бачаҳояшон дар хонаҳои бодабдаба зиндагӣ кардаву дар мошинҳои қиматбаҳои хориҷӣ саворӣ кунанд. Бачаҳояшон дар оянда мисли худашон соҳибмансаб бошанду косалесиро бар фарзандони ту давом диҳанд!

Боре як раисаи ҷамоат, ки дипломи ғоибонаи як донишгоҳи номуътабарро дошт, қиссаи сари вазифа омаданашро бароям нақл кард: “Директори мактаб ва раиси комиссияи участкавии овоздиҳии деҳа будам. Вақте интихоботро хуб ҷамъбаст кардам, раиси Ҷамоат таъин шудам”. Аҷиб, “хуб ҷамъбаст кардан” чӣ бошад? Мувофиқи қонун? Албатта ки не! Мувофиқи хоҳиши “боло”! Ҳатто тарзи гапзаниаш ба монанди даврони доқиюнус буд. Ӯ гуфт: ”Аз боло рӯйхатҳои номзадҳои президентиро бароям доданд. Гуфтанд, чӣ коре мекунӣ, бояд дар участкаат онҳо барандаи интихобот шаванд! Агар не, аз вазифа меравӣ!”. Аҷаб тарзи фишоре! Дигар узви комиссияи участкавии овоздиҳӣ бо як ифтихори ба худ хос нақл кард: “Намояндаи КБ ба мо рӯйхати “нафарони шубҳанок”-ро аз маҳалламон дода гуфт, ки ноаён ба пушти варақаҳои тозаи овоздиҳии он нафарон ягон ишора монда пас ба дасташон диҳем, то вақти ҳисоби овозҳо маълум гардад, ки ба кӣ овоз додаанд”. 

Дар интихоботҳои ту чанд соли охир ду тараф аст:

  1. Туву оилаат, вазирону раисону андозғундорону, милисаҳову суду прокурорҳову сардорчаҳои дигарат;
  2. Мардуми беҳуқуқ, ки ту аз номашон давлатро идора мекуниву, дам заданашон намемонӣ. Ҳар нафари овоз баландкардаашонро “душмани халқ”, “террорист”, “иғвогар”, “ихвонӣ” эълон мекунӣ ва бо ҳар иттиҳоме хоҳӣ пушти панҷараашон мекунӣ. Ҳоло ҳам як барбарашонро зиндонӣ кардаву тарсонидӣ, ки боз овоз баланд накунанд. 

Ҳизбҳои сиёсӣ? Хандаамро наор! Магар ки ҳастанд? Ҳамонҳое, ки намояндагони КБ-ат ба мошинҳои муайяншуда савор карда, ба “вохӯрӣ” бо интихобкунандагон мебарандашон ва ҳамаашон бо як овоз “Эмомалӣ Раҳмон аз мо садҳо баробар зӯртар аст. Мо назди он ҷаноб аз пашшае бештар нестем!” мегӯянд?. Ҳамонҳое, ки бо калуши дарида дар чанд интихоботи охир нақши “рақиб” ва “ҳизби сиёси”-ро мебозанд? Хеле сенарияи кӯҳна ва ноқобилона тартибдода! 

Акнун боз ба “интихобот” меравӣ ва худат худатро интихоб мекунӣ. Боз аз номи мардум. Аз номи мардуме, ки дигар интихоботҳои дуруғинат барояшон аҳамияте надоранд. Аз номи ҳамон мардуме, ки фарзандони ҳамаашон орзӯи аз кишвар рафтанро доранд. Хуб, боз интихоб бишав ва рақиби асосиат, яъне халқи Тоҷикистонро дар “интихоботи навбатӣ” мағлуб кун! Ба пеш, Шарипович! Бо кӯмаки яроқбадастони худиву беруниат боз “интихоб” шав! Акнун интихобот бароят як маъракаи зӯроварӣ зидди мардуми худат аст.

То сӯҳбати навбатӣ. Дар паноҳи ярокдоронат бимони!       

 Бо эҳтиром

Исломиддин Садиров,

нафақахӯр, ветерани меҳнат   

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *