11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Коруно дар Эрон: 385 маврид ибтилои ҷадид дар як шабонарӯз

Омор ҷадиди ибтило ба вируси коруно дар як шабонарӯз ҳокӣ аз шуйӯъи сареъи ин бемори дар Эрон аст.

Каёнваш Ҷаҳонпур, раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии вазорати беҳдошти Эрон, имрӯз якшанбе, 1 март омори мавридҳои ҷадиди мубталоёни қатъӣ ба вируси коруно аз зӯҳри шанбе то якшанберо 385 маврид эълом кард. Тибқи гуфтаҳои Ҷаҳонпур, дар 24 соат 54 тан ҷони худро ба далели ибтило ба ин вирус аз даст додаанд. 

Ба ин тартиб, шумори мубталоён қатъӣ ба вируси ҷадиди коруно дар Эрон тибқи омор расмӣ, дирӯз ба 987 нафар расидааст. 

Дар омори тозаинтишорёфта, бештарин мавориди ибтилои ҷадид ба ин вирус дар рӯзҳои ахир дар устони Теҳрон будааст – аз шанбе то якшанбе 170 маврид. Ба гуфтаи Каёнваш Ҷаҳонпур, дар устони Марказӣ бо 44 маврид дар 24 соати гузашта, шароити шуйӯъи сареъи беморӣ беш аз устонҳои дигари кишвар аст. 

Устони Марказӣ аз шарқ бо устонӣ Қум ва аз шимолу шарқ бо устони Теҳрон ҳаммарз аст. 

Шаҳри Қум, ки ба унвони маркази шуйӯъи бемории коруно дар Эрон шинохта мешавад бо 30 мавриди ибтилои ҷадид ба вируси коруно дар 24 соати гузашта, бештарин олудагиро баъд аз Теҳрон ва Марказӣ дорад. 

Ба гуфтаи раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии вазорати беҳдошт, то кунун 175 мубтало ба ин беморӣ беҳбуд ёфта ва мураххас шудаанд, ки ба гуфтаи Ҷаҳонпур, “иддаи қобили таваҷҷуҳе аст”. 

Хабаргузории Олмон дар гузорише аз Теҳрон бо ишора ба омори ҷадид менависад: “бархилофи пешбиниҳои вазорати беҳдошт ва дармони Эрон, вазъият дар рӯзҳои гузашта дар Эрон ба гунаи чашмгире рӯ ба вахомат гузоштааст. Артиш ва сипоҳ ҳам дар муқобила бо вируси коруно дар Эрон ба кӯмаки давлат омадаанд”. 

Ба гузориши хабаргузории Олмон бо раванди болоравии шуйӯъи коруно дар Эрон, бисёре аз атбоъи хориҷие, ки ҳамакнун дар Эрон ба сар мебаранд, ба тавсияи вазорати хориҷаи кишварҳояшон тасмим ба тарки Эрон гирифтаанд. Ин гузориш ҳамчунин аз қасди хурӯҷи намояндагон бархе расонаҳои хориҷӣ аз Эрон ва таътили муваққати дафтарҳои ин расонаҳо дар Теҳрон менависад. 

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *