Рубрики Хабарҳо

Раҳбари Ҳизби комунист ба парлумон роҳ ёфтааст

Дар интихоботи Маҷлиси намояндагон, ки дирӯз  1 март баргузор шуд, дар ҳавзаи интихоботии №38, ноҳияи Муъминобод, раҳбари Ҳизби комунисти Тоҷикистон Меъроҷ Абдуллоев бо гирифтани шумори қобили таваҷҷӯҳи овозҳо пирӯз шудааст.

Дар ин ҳавза барои расидан ба курсии вакилӣ 5 нафар, ки 3 нафарашон аъзои ҲХДТ будаанд, мубориза мебурданд, аммо Меъроҷ Абдуллоев бо касби 65 ларсади овозҳо пирӯз шудааст. Дар ин бора “Азия Плюс” бо истинод ба манбаъаш дар ин ҳавза хабар медиҳад.  

Гуфтанист, Ҳизби комунисти Тоҷикистон дар интихоботи соли 2015 бори аввал дар таърихаш ба парлумони Тоҷикистон роҳ наёфт. Ин ҳизб низ дар қатори ду ҳизби мухолифи дигар – ҲНИТ ва ҲСДТ интихоботро пуртақаллуб хонд ва натоиҷи онро эътироф накард. 

Шоми дирӯз сомонаи “Ахбор” низ бо истинод ба манбаъаш дар КМИР натоиҷи аввалияи интихоборо эълон кард, ки тибқи он ҲХДТ 56,18, ҲСДТ 29,5 ва ҲКТ 6,5 дарсади овозҳоро касб кардаанд. 

Қарор аст КМИР баъди нисфирӯзии имрӯз, 2 март натоиҷи интихоботро эълон кунад. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *