Русия Укроинро ба даст доштан дар ҳамлаи паҳподии субҳи имрӯз,душанбе ба Маскав муттаҳам кардааст.
Вазорати дифоъи Русия аз “раҳгирӣ ва суқут”-и ду паҳпод хабар дода ва гуфтааст ин ҳамла талафоте ба ҳамроҳ надоштааст.
Хабаргузории давлатии ТАСС-и Русия гузориш дод, ки як паҳпод дар наздикии вазорати дифоъи ин кишвар суқут кардааст.
Вазорати дифоъи Русия дар баёнияи худ ин ҳамларо “террористӣ” хондааст.
Ба гуфтаи Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав, яке аз паҳподҳо ҳам соати 4 бомдод ба вақти маҳаллӣ, ба чанд сохтмони ғайримаскунӣ бархурд карда ва гуфт, ки “ин сохтмонҳо осеби ҷиддӣ надидаанд”.
Мақомоти укроинӣ ҳанӯз дар ин хусус изҳори назаре накардаанд, аммо кам иттифоқ меафтад, ки масъулияти ҳамалот дар дохили Русияро бар ӯҳда гиранд.
Хабаргузориҳои давлатӣ гузориш доданд, ки бархе аз қатаоти ҳавопаймои бидуни сарнишин дар 2 километрии сохтмонҳои вазорати дифоъ пайдо шудааст.
Вазорати дифоъи Русия дар баёнияе эълом кард: “талошҳои Киев барои анҷоми як иқдоми террористӣ бо истифода аз ду паҳпод дар шаҳри Маскавро мутаваққиф кардааст”.
Хабаргузории давлатии ТАСС гузориш дод, ки боқимондаҳои ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин низ дар хиёбони Комсомолскийи шаҳри Маскав дида шудааст.
Идораи ҳамлу нақли Маскав дар телеграм навишт, ки ҳаракат дар ин масир масдуд шуда ва аксҳо нишон медиҳанд, ки нерӯҳои имдодӣ дар маҳалли ҳодиса машғул ба кор ҳастанд.
Ҳаракат дар хиёбони Лихачев низ мутаваққиф шуда ва ба як сохтмони баландмартабаи идорӣ осеб ворид шудааст.
Филми мунташиршуда дар канали телевизионии низомии “Звезда” нишон медиҳад, ки бархе аз табақоти болоии ин сохтмон тиреза надоранд.
Маскав, Укроинро ба ҳамалоти паҳподии моҳҳои ахир ба хоки Русия муттаҳам кардааст.
Дар авоили моҳи ҷорӣ, Русия эълом кард, ки Укроин як ҳамлаи паҳподӣ ба Маскав анҷом дода ва дар асари он парвозҳо аз фурудгоҳи байналмилалии Внукова маҷбур ба тағйири масири худ доданд. Аммо Укроин масъулияти он ҳамларо бар ӯҳда нагирифт.
Киев масъулияти ҳамлаи дигареро ҳам, ки дар моҳи май сурат гирифта буд, напазируфтааст, Русия мегӯяд ин ҳамла барои суъиқасд ба ҷони Владимир Путин, раисҷумҳури ин кишвар тарроҳӣ шуда буд.
Ҳамлаи рӯзи душанбе як рӯз пас аз ҳамлаи мушакии Русия ба бандари Одесса дар Укроин рух додааст.
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин ваъда дода буд то аз ин ҳамла, ки бо тахриби калисои ҷомеъи ин шаҳр ҳамроҳ буд, интиқом бигирад.
Ӯ дар суханрони шабонаи худ аз Киев гуфт: “онҳо қатъан ин интиқомро хоҳанд фаҳмид. Ҳадафи ҳамаи ин мушакҳо фақат шаҳрҳо, рустоҳо ё мардум нестанд, ҳадафи онҳо инсоният ва пояҳои фарҳанги аврупоии мо аст.”