Нашрияи ба ҳукумати Тоҷикистон наздики “СССР” бо ифшо кардани номи чанд гумонбари дигар дар дуздии Шӯҳрат Исматуллоев, муовини аввали раиси “Ориёнбонк”, номи Рустам Холиқов, раҳбари собиқи “Тоҷик Эйр” ва Фурӯдгоҳи байналмиллалии Душанберо низ дар қатори онҳо зикр кардааст.
Ин нашрия менависад, муайян карда, ки ду гумонбари аслӣ дар қатли Исматуллоев — Рустам Ашӯров, “тирандози Кишинёв” ва Дилшод Саидмуродов, маъруф ба Дилшоди СБ бо хонаводаи Рустам Холиқов хешутаборӣ ва равобити бисёр наздике доштаанд. Ҳамчунин манбаъ менависад Сӯҳроб, писари Рустам Холиқов низ аз Тоҷикистон фирор крадааст.
Ба навиштаи ин расонаи ба ҳукумат наздик “5 гумонбари дигар боздошт шудаанд. Аз ин байн номи Қамар Азизов расонаӣ шуд, ки аз ӯ чун гумонбари хабарёру хабарбар ё худ «наводчик» ҳадс мезананд. Гуфта мешавад, ин нафар бо Исматуллоев бизнеси ҳамҷояи бинокорӣ ё худ «домсозӣ» доштааст. Дар баробари ин, Билол Азизов, писари Қамар Азизов, ки то ин дам ба ҳайси намояндаи ширкати ҳавопаймоии «Сомон эйр» фаъолият мекард, аз кор озод шудааст. Мақомот то кадом андоза даст доштани Билолро дар ҷинояти одамрабоӣ месанҷанд. Ҳамзамон овозаҳо дар бораи Малика ном бонуе низ ҳадсу тахмин мезананд, ки гӯиё ҳоло ё дар Туркия ва ё дар Дубай будаву чӣ олоише ба ин корҳо доштааст”.
“СССР” навиштааст Рустам Ашуров, “тирандози Кишинев” “бародари Ашуров Неъмат Каримович асту ахирӣ домоди Холиқов Рустам, яъне шавҳари Тахмина Холиқова — духтари калонии Рустам Исуфович мебошад”.
Ҳамчунин ба иддаои ин нашрия Саидмуродов Дилшод (машҳур бо лақабҳои «Дилшоди СБ» ё «Дилшоди красавчик»), ки чун гумонбари асосӣ ва тарроҳу фармоишгари ин ҷиноят дар кофтукоби Интерпол “дӯсти оилаи Холиқовҳо, дӯсти хеле ва хеле наздики Холиқов Сӯҳроб (писари Холиқов Р.И.) мебошад”.
Гуфта мешавад Сӯҳроб Холиқов бо сабабҳои номаълум “ба хориҷи кишвар фирор кардааст”.
Албатта нашри даст доштани Рустам Холиқов, маъруф бо «Наҳанги авиатсия» дар дузди ва қатли Шӯҳрат Исматуллоевро ба ҳайси фарзия матраҳ кардааст, аммо бо дарназардошти ин ки ин нашрия бо ҳукумат бисёр наздик асту қаблан ҳам дар иттиҳомоти қаблазтафтишотӣ алайҳи афроди ба мақомот нописанд даст доштааст, метавон тахмин зад, ки иттиҳом алайҳи Холиқов низ метавонад фармоишӣ бошад. Бахусус дар ҳолате, ки ӯ дар боздоштгоҳ қарор дорад, имкони ширкаташ дар ин ҷиноят бисёр ночиз менамояд. Баъракс, агар ӯ воқеъан ба гурӯҳи ҷиноӣ ҳамроҳ мебуд, баъди боздошташ гурӯҳ бо эҳтимоли зиёд ҷиноятро ба замони дертаре мегузошт.
Холиқов яке аз афроди сарватманди Тоҷикистон аст ва дар Амороти Муттаҳида Араб ва Туркияву Аврупо чанд хона ва тиҷорат дорад. Имкони хеле зиёд вуҷуд дорад, ки ба ҳайси гумонбар зикр кардани номи ӯ дар қазияи Исматуллоев метавонад бо ҳадафи фишор болои ӯву ситонидани дорояҳояш дар хориҷ бошад.
“СССР” иддао мекунад “Холиқов дар шустушӯйи пул дар Германия низ даст доштааст. Гуфта мешавад, ин нафар паспорти Россия ҳам дорад, яъне душаҳрвандӣ. Маҳз ҳамин паспорти русияш сабаб он шуд, ки дар Германия маблағҳои машкукашро ҳабс ва фош кунанд. Зеро дар Аврупо «шикори соҳибкорону миллиондорони рус» шуруъ шудааст. Вале чун тафтишот мебинад, ки Холиқов паспорти тоҷикистонӣ низ дорад, ба мақомот хабар мерасонанд. Хулласи калом, тибқи овозаҳо, ӯ баъди фош шуданаш, бо хатсайри Германия-Тоҷикистон ба Душанбе интиқол ва дар ин ҷо ҳабс мешавад”.
Аммо ин ки писари ӯ Сӯҳроб метавонад дар ҷинояти рабудани муовини раиси “Ориёнбанк” даст дошта бошад, аз эҳтимол дур нест. Гуфтанист, Шуҳрат Исматуллоев, муовини аввали раиси Ориёнбонк рӯзи 23 июн аз ҷониби шахсони ниқобпӯш, дар назди ҳавлияш ба гарав гирифта шуд. Дертар Рустам Ашӯров дар фурӯдгоҳи Кишинёв ду нафарро парронд ва дар як гуфтугӯи видеоӣ бо модараш ба қатли Исматтулоев .