Малик Абдуллоҳи дувум, подшоҳи Урдун дар гуфтугӯ бо як рӯзномаи урдунӣ ба ҳамалоти “шибҳинизомиёни вобаста бо Эрон” ба марзҳои Урдун вокуниш нишон дода ва ба он интиқод кардааст.
Малик Абдуллоҳи дувум дар гуфтугӯии бо рӯзномаи Ал-Раъй, ки рӯзи якшанбе 24 июл мунташир шуд гуфтааст, Урдун дар марзҳои худ бо “ҳамлаҳои муназзами шибҳинизомиёни вобаста бо Эрон” мувоҷеҳ аст.
Ӯ зимни интиқод ба ин мавзӯъ ва бо баёни ин, ки Урдун ҳамонанди соири кишварҳои арабӣ ба думболи барқарории равобити хуб бо Эрон аст, хостори “тағйири рафтор”-и Ҷумҳурии Исломӣ шудааст.
Подшоҳи Урдун таъкид карда, ки кишвараш хоҳони таниш дар минтақа нест ва ба думбол равобите аст, ки бар асоси эҳтироми мутақобил, ҳусни ҳамҷаворӣ, эҳтиром ба ҳокимияти соири кишварҳо ва адами мудохила дар умури онҳо бино шуда бошад.
Мубориза бо қочоқи маводи мухаддир
Малик Абдуллоҳи дувум хотирнишон карда, ки Урдун низ ҳамчун соири кишварҳои арабӣ дар масири транзити маводи мухаддир ва аслиҳа қарор дорад ва қочоқчиён қасд доранд маҳмулаҳои худро аз тариқи ин кишвар ба Аврупо мунтақил кунанд.
Ба гуфтаи ӯ Урдун ба манзури муқобила бо транзити маводи мухаддир ва аслиҳа ва барои ҳифозат аз марзҳои худ дар ҳоли ҳамоҳангӣ бо “кишварҳои бародар”-и арабӣ аст.
Давлати Урдун ахиран дар пайи кушта шудани як сарбози ин кишвар дар ҷараёни мубориза бо қочоқчиёни марзӣ, ба қочоқчиён эълони ҷанг кардааст ва бар ин асос сарбозони урдунӣ иҷоза доранд, ки мустақиман ба сӯи қочоқчиён дар марзи Сурия шиллик кунанд.
Бар асоси гузоришҳои мунташиршуда, артиши Урдун ба таври муназзам дар ҳоли амалиёти низомӣ алайҳи қочоқчиён дар марзи Сурия аст. Гуфта мешавад манотиқе, ки ин даргириҳо дар онҳо рух дода, дар дасти шибҳинизомиёни мавриди ҳимояти ҳукумати Эрон аст.
Ҷумҳурии Исломӣ аз оғози ҷанги дохилии Сурия дар соли 2011 аз ҳукумати Башшар Асад ҳимояти молӣ ва таслиҳотӣ мекунад.
Ба гуфтаи коршиносон, Сурия дар шароити ҷанги дохилӣ ба яке аз тавлидкунандагони бузурги “Каптагон” ё фенетиллин табдил шудааст. Ин моддаи мухаддири арзон аз хонаводаи амфетамин, маҳсуб мешавад ва бар асоси эъломи андешакадаи амрикоии Нюлайнз, мақомоти давлати Сурия, аз ҷумла Моҳир Асад, бародари Башшар Асад, дар тавлиду қочоқи ин моддаи мухаддир даст доранд.
Гуфта мешавад, ки Ҳизбуллоҳи Лубнон ва шибҳинизомиён вобаста ба ҳукумати Эрон низ ҷузъе аз шабакаи тавзеъи он ба шумор мераванд.
Моҳи гузашта сарҳанг Мустафо Ҳиёрӣ, сухангӯи аршади артиши Урдун дар гуфтугӯ бо телевизиони давлатии ин кишвар, “шибҳинизомиёни мавриди ҳимояти ҳукумати Эрон”-ро “хатарнок” тавсиф кард ва гуфт, ин афрод “амнияти миллии Урдунро ҳадаф қарор медиҳанд”.