Рубрики Хабарҳо

Гузоришгари СММ оид ба озодии динӣ бо раҳбари МТС дидор кард. Аммо чӣ гуфт?

Дирӯз, 12 апрел дар Маркази тадқиқоти стратегии назди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон раҳбари ин марказ Хайридин Усмонзода бо гузоришгари махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба озодии дин ва эътиқод хонум Назила Ғанӣ мулоқот кард. 

“Ховар” бо истинод ба МТС иттилоъ медиҳад “ҷонибҳо доир ба дурнамои ҳамкории муштарак вобаста ба масъалаҳои озодии дин ва эътиқод дар минтақа ва ҷаҳон ибрози назар намуданд”. 

Дар дидор таъкид шудааст, ки “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои сохтори конститутсионии давлатро муайян карда, ба ҳайси сарчашмаи асосии низоми ҳуқуқии Тоҷикистон баромад менамояд. Меъёрҳои он барои ҳамаи соҳаҳои мамлакат, аз ҷумла дар соҳаи дин заминаи асосии ҳуқуқӣ ба шумор мераванд”.

Усмонзода ҳамчунин иддао кардааст, ки “озодона муайян намудани муносибати инсон нисбат ба дин бевосита аз моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки Тоҷикистонро давлати дунявӣ эълон намудааст. Моҳияти дунявии давлат- ин маънои таъмини ҳамзистии осоштаи динҳо ва давлатро дар назар дорад”.

Раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамчунин гуфтааст дар Тоҷикистон “баробарии ҳамаи дину мазҳабҳо эътироф шуда, барои фаъолияти осоиштаи дин, ибодат, расму оин ва маросим ягон маҳдудият вуҷуд надорад”.

Ин иддаои раҳбари МТС дар ҳолест, ки Тоҷикистон ҳамвора аз сӯи созмонҳои байналмилал ва Департаменти Амрикову Иттиҳодияи Аврупо барои ҷорисозии маҳдудиятҳои шадиди динӣ мавриди интиқод қарор мегирад. 

Озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон шадидан маҳдуд шуда ва давлат маросими динӣ ва иҷрои онро таҳти контроли сахт нигоҳ медорад. Ба унвони мисол, тадриси динӣ дар кишвар тақрибан пурра манъ шуда, наврасону занон ҳақи рафтан ба масоҷидро надоранд. Мақомот риши мардон ва либоси занонро низ контрол мекунанд.

Хабаргузории давлатии “Ховар” бо овардани иддаоҳои Хайридин Усмонзода, ҳеҷ нақли қавле аз хонум Назила Ғанӣ намеорад ва маълум нест гузоришгари СММ дар бораи озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон чи назар дорад ва чи гуфтааст. 

Мақомоти Тоҷикистон мекӯшанд ба ин гуна мулоқотҳо расонаҳои мустақилро, ки шуморашон дар Тоҷикистон ангуштшумор аст, роҳ надиҳанд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *