Зани тоҷик мехоҳад аз зиндони Афғонистон ба кишвар баргардад
Як зани 29-солаи тоҷик, ки бо се фарзандаш дар зиндоне дар Афғонистон нигаҳ дошта мешавад, аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки ӯро ба зодгоҳаш баргардонанд. Номае бо чунин дархост аз Олима Камол, сокини шаҳри Ваҳдатро Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх чанде пеш ба бародараш Сулаймон Камолов расонидааст.
Сулаймон Камолов рӯзи 6-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки нусхаи электронии номаро охири моҳи феврал ба ӯ фиристодаанд. Дар ин номаи дастнавис аз рӯзи 27-уми январ, омадааст: “Ман дар маҳбаси Афғонистон қарор дорам, ман се моҳ пеш ба ҳукумати Афғонистон таслим шудаам, барои озодии ман кӯшиш кунед, тавассути сафорати Т-н (Тоҷикистон) дар Афғонистон.”
Олима Камол ба гуфтаи бародараш аз Сурия ба Афғонистон баргаштааст, вале ӯ намедонад, ки чӣ гуна хоҳараш худро аз Ховари Миёна ба Афғонистони ҳамсоя бо Тоҷикистон расонидааст. Олима Камол дар номааш гуфтааст, ки аҳволи ӯ ва кӯдаконаш хуб аст ва мехоҳад, ҳар касе аз аҳли хонавода, падар ё бародараш, номаро бигирад, ба ӯ ҷавоб гардонад. Дар маълумотномае, ки Олима Камол барои Салиби Сурх пур кардааст, омадааст, ки ӯ сокини кӯчаи Хуросони шаҳри Ваҳдат аст ва дар зиндони Пули Чархӣ дар Кобул нигаҳ дошта мешавад.
Сулаймон Камолов гуфтааст, ки баъд аз гирифтани нома, хешовандонаш ба мақомоти интизомӣ, муроҷиат кардаанд, то дар баргардонидани хоҳараш мусоидат кунанд. Ӯ афзуд: “Моҳи феврал ба мо маълумот расид, ки он кас дар маҳбаси Пули Чархӣ аст ва ба амнияти Афғонистон таслим шудааст. Ӯ ба ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат мекунад, ки барои халосӣ ва ба ватан баргардондан, дасти кӯмак дароз кунанд.”