Мақомоти Тоҷикистон тасмим гирифтаанд бо қабули як қонун вуруди занону духтаронро ба идораҳои давлативу хусусӣ расман манъ намоянд. Ин нахустин иқдоми аз роҳи қонун маҳдуд кардани пӯшидани рӯсариву ҳиҷоб дар Тоҷикистон аст. Қаблан монеъаҳо барои сатру ҳиҷоб ғайрирасмӣ амалӣ мешуд.
Ин тарҳ фардо, рӯзи 18-уми декабр дар мизи гирде дар Душанбе бо ширкати намояндагони тамоми вазорату идораҳои давлатии Тоҷикистонин баррасӣ хоҳад гашт. Як гуруҳи махсуси корӣ дар назди Маркази миллии қонунгузории Тоҷикистон тарҳро таҳия намуда ба ихтиёри вазоратҳо гузоштааст.
Паём аз коршиносон пурсид, ки оё тарҳ хилофи Сарқонун нест ва қабули ин қонун чӣ паёмадҳое хоҳад дошт.
Абдуманон Шералиев, коршинос:
Ин тарҳ на танҳо зиддиконститутсионӣ, зиддидинӣ ва зиддимардумӣ аст, балки таҳқири саросарии ҳадди ақал ними занони тоҷик ва дастдарозӣ ба номуси мардони кишвар мебошад. Номардумитар аз ин қонун то ҳол дар кишвар қабул нашудааст.
Дастандаркорони ин тарҳ, ки албатта барои кадом манофеъи шахсӣ ё гурӯҳии иқтисодӣ ба ин кор даст задаанд, бояд бидонанд, ки шояд манофеъашонро барои муддате бароварда созанд, аммо то абад номашонро назди Худову бандагонаш сиёҳ хоҳанд қард.
Намунаҳои зиёде аз таърих собит намудааст ҳеҷ нафар ё гурӯҳе, ки алайҳи дин ва муқаддасоти мардум иқдому мубориза кардааст оқибати баде дошта, ибрате барои ояндагон гаштааст. Вале кам касоне аз он ибрат мегиранд. Дину оинро ҳам иҷборан намешавад аз мардум гирифт.
Шояд дар ҳолатҳои маҷбурӣ ба хотири масалан ворид шудан ба беморхона, занон маҷбур ба бадар кардани сатрашон шаванд, вале ин таҳқири сахте ба он занон ва мардони хонаводаашон аст. Таҳқирро кам касон фаромӯш мекунанд ва он ҳатман рӯзе ба вокуниши шадид мувоҷеҳ хоҳад шуд. Ҳеҷ марди баномусе ҳам, дар кишваре ки хонумаш, духтараш, модараш дигар ҳақи вуруд бо сатрро ҳатто ба беморхона надоранд, тоқат нахоҳад кард. Ҳади ақал онро тарк мекунад. Қабули ин қонун боиси мавҷи нави муҳоҷират шуда, ҳазорон хонаводаи дигар ба хориҷ хоҳанд рафт.
Шояд яке аз ҳадафҳои мақомот аз қабули ин қонун ҳам ҳамин бошад, ки диндорони асилро маҷбур ба тарки кишвар созанд ва худро аз дарди сар халос кунанд. Вале бояд бидонанд, ки ҳар қонуни зиддмардумӣ билохира бар зарари зимомдорон тамом мешавад.
Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқшинос: Агар воқеъан ин тасмими давлат ҷиддӣ аст, пас чунин маҳдудкуниҳо дағалона вайрон кардани ҳуқуқи занон ба озодии интихоби либос ва озодии эътиқод ба хисоб меравад. Ба назар чунин мерасад, ки ҳаёти осоишта, суботи ҷомеъа ва тинҷиву амонӣ монеъи пешрафт, рушди иқтисод, боло бардоштани сатҳи иҷтимоии мардум бошад. Бо амалу қонуни ғайриқонунӣ, беназмиву бедодгарӣ мардумро ба ифротшавӣ тела медиҳанд. Мақомот бо эҳсосоти мардум, озодии эътиқод бозӣ мекунад.
Агар либоси занон, рӯсарии модарон бадбахтии ҷомеъа бошад, сабабгори касод шудани иқтисод, фисқу фасод, набудани ҷойҳои корӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, фирори шаҳрвандон, халалдор шудани амнияти миллӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ, сарчашмаи хатар, терроризму экстремизм бошад, ман розӣ ҳастам ки пурра пӯшидани рӯсарии занонро аз рузи таваллуд то марг манъ кунанд. Ҳама сари луч кунанд, вале бо як шарт: Аз Тоҷикистон ва Конститутсияаш истилоҳи «демократия», «давлати ҳуқуқбунёд, ягона ва демократӣ» хориҷ карда шавад. Наметавонам пешниҳоде дошта бошам, ки бар ивази «демократия» Тоҷикистон ва сохти давлатдориву идорааш чӣ гуна бошад. Чунин сохт ҳоло вуҷуд надорад.
Мо аз СССР ёд мекунему хеле интиқод, вале давлати шуравӣ нисбат ба дин ва диндории мо ин қадар зулм намекард. Дар замони шӯравӣ модарам ба корхонаи давлатӣ бо рӯймоли дуқабата ворид мешуданд, аз зер рӯймоли майда ва аз болои он бо рӯймоли калон гардану китфи худро пинҳон мекарданд. Дар вақташ намози худро адо мекарданду, рӯза мегирифтанд. Ҳамаи идҳои исломиро ҷашн мегирифтанду ҳар сол дар рӯзҳои мавлуди Паёмбарамон (с.а.в) занҳои маҳалларо ҷамъ карда мавлудхонӣ мекарданд.
Эрон давлати исломӣ мебошад, занҳояш сатрпӯшанд, аммо дар коркарди уран ва технологияи навини замонавӣ ва аз бисёр ҷихат яке аз кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон мебошад. Шаҳри Давҳаи Қатарро дар болои санг сохтанд, вале занхояш сад дар сад сатрпӯшанд. Мо аз Малайзия пешрафтаем? Дар Афғонистони ҷангзада занҳои сатрпӯш вазиру сафир ва вакили парлумон ва ҳатто халабон мебошанд.
Мақомот як бор ба хатогии бузург дар солхои 2014-2017 рох дод. Милиса риши мардумро метарошид. Сатри занонро иҷборан кашиданд. Мубориза бо терроризму ифротгароӣ гуфтанду гунахгору бегуноҳро зиндон карданд. Муосидат намуданд, ки дар дили мардум бадбинӣ нисбат ба ҳукумат пайдо шавад. Тарсро байни мардум ҷорӣ карданд ва ҳазорҳо шаҳрвандон аз кишвар фирор карданд. Ҳамарӯза дар толори додгоҳ даҳҳо экстремист таваллуд мешуд, пайвандонашон аз шиканҷаву ба нерӯи барқ пайваст кардани онхо нақл мекарданд. Оқиибат чӣ шуд? Сафи ифротиҳо зиёд гардид. Хусумат, нафрати мардумро нисбат ба ҳукумат пиёда карданд. Ошӯби зиндониён низ идомаи ҳамин зулму истибдод буд. Дар урфият мегӯянд, нобино як бор асояшро гум мекунад.
Ман даъват ба амал меорам, ки роҳбарон, манабдорон, дигар асоятонро гум накунед. Сабр хам меъёр дорад. Вақте ки зарф аз об пур мешавад, мерезад.
Тоҷикистон омбудсмен дорад. Институти ваколатдор оид ба ҳимояи ҳуқуқи инсон. Ҳимояи ҳуқуқи давлат не, чиновнику вазирон не, шаҳрвандон мебошад. Чаро баҳри дифои ҳуқуқи занон садо баланд намекунад? Ё ҳифзи ҳуқуқи мардум ҳам бо супориш ва ишора аз боло? Раиси кумитаи занҳо, ки ҷавон нест ва дар ин дунё касе сутун намешавад, бояд шарм дорад. Ба ҷои он ки аз ҳуқуқи занҳо дифоъ кунад, баръакс аз ҳар як амали ҳукумат ҷонибдорӣ мекунад. Бо ин лучгардию динситезиву исломбехабарӣ то куҷо меравад? Бигзор худаш нимурён бошад, вале вазифадор аст аз ҳуқуқи занҳо, эътиқоди онҳо, озодии виҷдон ҳимоя намояд.