Рубрики Хабарҳо

Интиқоди «шутурдузд»аз «мурғдузд»

Додситонии кулли Тоҷикистон аз сатҳи фасод дар соҳаи тандурустӣ изҳори шадиди нигаронӣ кардааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки сатҳи фасод дар худи додситонӣ агар болотар аз соҳаи тандурустӣ набошад, камтар ҳам нест.

Тибқи иттилоъи дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон ин интиқод дар як ҷаласаи 3 декабр барои баррасии вазъи иҷрои қонунҳо дар бахши тандурустӣ баргузоршуда садо додааст. Манбаъ гуфтааст дар ин ҷаласа мақомоти Додситонии кулл аз истифодаи ғайримақсаднок ва азхудкуниву исрофкории маблағҳои буҷа, тамаъҷӯӣ ва фасод дар бахши тандурустӣ шадидан интиқод намуда, изҳори ташвишу нигаронӣ кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи гуфтаи коршиносон ва шоҳидону корафтодагон, сатҳи фасод дар худи додситонӣ камтар аз соҳаи тандурустӣ нест.

Саодат Мирзоева, модари яке аз зиндониёни мазҳабӣ аз ноҳияи Истаравшан, ки номаш бо далоили маълум тағир дода шудааст, мегӯяд наздик ба 10 ҳазор доллар ба додситониву додгоҳ ришва додааст, то фарзандаш ҳукми камтаре гирад.

“Писарамро бе ягон гуноҳ, танҳо барои он ки панҷ вақт ба масҷид мерафт боздошт карданд. Баъд имоми масҷидро ҳам маҷбур намуданд, ки ба муқобили ӯ баёнот диҳад — нақл кард ӯ. — Имом аввал розӣ нашуд, вале худашро ду рӯз маҳкам карда мурданивор заданд, баъд баёнот дод. Пулис 5000 доллар талаб кард, надодем. Парвандаашро ба додситонӣ бурданд.  Баъд пушаймон шудем. Додситонӣ аввал 10000 доллар барои озодкуниаш талаб кард. Баъд гуфтанд, ки агар 5000 надиҳем 5 сол ҳабс мекунанд, агар диҳем 1,5 сол”.

Мирзоева мегӯяд маҷбур шуд 5000 пардохт кунад, вале фиребаш карданд. “Гуфтанд, ки боло розӣ нашуд, 2000-и дигар биёред. Баъди гирифтани он гуфтанд, ки акнун бо суд маслиҳат кунед. Маҷбур шудем ба суд ҳам 2000 диҳем. Дар умум бо ҷамъи ҳақи вакили дифоъ қариб 10 000 доллар сарф кардем, вале боз 3,5 мол доданд” — мегӯяд модари маҳбус.  

Писари Абдуқодир Самадов аз ноҳияи Ашт ҳам бо ҳамин иттиҳоми “салафӣ” боздошт шудааст. Ӯ мегӯяд имкони пардохти ришвае, ки додситонӣ талаб мекард надошт. “Бинобар ин гуфтам таваккал ба Худо, чанд соле хоҳанд додан гиранд, Худо наҷоташ медиҳад — мегӯяд ӯ. -Вале 6 моҳ дар СИЗО нигоҳ доштанд ва парвандаашро ба додгоҳ нафиристоданд. Ҳарчанд тамоми онҳое, ки дертар аз ӯ боздошт шуда буданд, ҳукм гирифтанд”.  

Самадов мегӯяд азоби писараш дар СИЗО-ро дида маҷбур шудааст қарз гирифта ришваи додситонӣ талабкардаро пардохт кунад. “5000 доллар додем, як ҳафта пас суд шуд ва 3 сол доданд” — қисса кард ӯ.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *