Рубрики Хабарҳо

Рӯи дарёи Сир дар Хуҷанд пули нав месозанд

Дар Хуҷанд пули нав дар болои рӯдхонаи Сирдарё бунёд мешавад. Ҳоло лоиҳаи пули нав таҳия карда мешавад. Барои ҷалби манбаъҳои маблағгузорӣ кор идома дорад.

Дар ин бора раиси шаҳри Хуҷанд, Фирдавс Шарифзода дар нишасти хабарӣ маълумот дод.

Ба гуфтаи раиси шаҳр, пули панҷуми болои дарёи сир дар Хуҷанд микрорайони 12-уми шаҳрро бо маҳаллаи ба номи Корирахмат Қурбонов мепайвандад.

Бояд гуфт, ки дар охири моҳи октябри соли 2022 дар шаҳр бозсозии пули асосӣ дар хиёбони Сомонӣ анҷом ёфт.

Пули мошингузар, ки дарозиаш 250 метр ва бараш 11,6 метр аст, беш аз 60 сол боз фаъолият дошта, солҳои зиёд ба таъмир ниёз дошт.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *