Рубрики Хабарҳо

«Тӯҳфаи рамазонӣ»-и Саудӣ ба камбизоатони Тоҷикистон

Маркази имдод ва кӯмакҳои башардӯстонаи Малик Салмони Арабситони Саудӣ ба камдастону ниёзмандони Тоҷикистон тавассути Оҷонсии захираҳои моддии Тоҷикистон «тӯҳфаи рамазонӣ» иҳдо кард.

Абдулазиз Муҳаммад Ал-Бодӣ, сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон рӯзи 22 май  гуфт, 50 тонна хурмо бо дастури подшоҳи Саудӣ тавассути Маркази имдод ва кӯмакҳои башардӯстонаи Малик Салмон ба Тоҷикистон оварда шуд.

Гуфта мешавад, ин миқдор хурмо дар миёни камбизоатон ва ниёзмандон тақсим шавад.

Ба гуфтаи масъулони тоҷик, ин барои бори савум аст, ки Арабистони Саудӣ дар шакли ғизо ба Тоҷикистон кӯмак мекунад.

Соли ҷорӣ Маркази имдод ва кумакҳои башардӯстонаи Малик Салмон беш аз 10 ҳазор сабади ғизо иборат аз орду равғану дигар маводи хӯрокворӣ ба ниёзмандони Тоҷикистон пешкаш намудааст, ки он тавассути Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон тақсим гардид.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *