Categories Хабарҳо

Ҷашн ҳангоми вабо

Аксари кишварҳои минтақа ва ҳатто ҷаҳон ба хотири пешгирӣ аз шуйӯъи вируси корнуо ё COVID-19 тамоми мактабу мадорис, донишгоҳҳо ва ҳатто кӯдакистонҳояшонро таътил кардаанд. Марказҳои тиҷоратӣ, бозорҳо, тарабхонаву синамо ҳама бастаанд. Танҳо дар Тоҷикистон на макотиб таътиланд ва на бозору ҷойҳои ҷамъиятии дигар. 

Воқеъан таъаҷҷубовар аст, ки мақомоти кишвар ҳанӯз ду ҳафта қабл бо баҳонаи пешгирӣ аз паҳншавии вирус дари масҷидҳоро баста буданд, аммо то ҳал на танҳо мактабу мадорис, балки клубҳои шабонаву синамоҳо ва маконҳои тафреҳӣ ҳам карантин нашудаанд. 

Ҳади ақал чаро мактабу донишгоҳҳо таътил намешаванд, то ақалан насли наврас аз ин бемории фарогир ҳимоят шавад? Бо дарназарошти муносибати мақомоти Тоҷикистон ба маориф метавон бидуни истиҳола гуфт, ки ин ҳеҷ бастагие ба маорифдӯстдории ҳукумат надорад. Маорифкуштар аз ин ҳукумат касе надидааст. 

Сабаб ба назари мо як чиз аст:

Агар мактабу донишгоҳҳо таътил шаванд, бояд дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва маконҳои тафреҳӣ ҳам баста шаванд. Дар ин сурат ҷамъшавии зиёди мардум ҳам бояд манъ гардад. Ва ҳамаи ин ба як натиҷа мерасонад: ҷашни Наврӯз бояд лағв шавад!

Аммо лағви ҷашни Наврӯз сода нест. Дар он бояд “пешво” ҳузур пайдо кунад, бирақсад ва таъзими ҳазорон нафар ба худашро тамошо кунаду лаззат барад. 

Барои раҳбаре, ки як кишварро ба нобудӣ расонидааст, ҳеҷ муваффақияте дар ҳеҷ соҳае надорад, дар маҳфилҳои сиёсии ҷаҳон роҳ надорад, дар ҷаҳон ба ҳайси як диктотур ва мардумозор шинохта шудааст, танҳо ҳамин як дилхушӣ боқӣ мондааст: саҷдаи мардум назди пояш. 

Солҳост, ки Эмомалӣ Раҳмон ба бемории ситораӣ (звездная болезнь) гирифтор аст. Аз таъзимҳо, шеъру суруд дар васфаш, кафкӯбиҳову тамаллуқҳо лаззат мебарад. Ин тамаллуқу таъзимҳо барояш мисли мухаддирот аст ва ӯ мӯътод. 

Чанд наворе, ки тоза ба дасти Паём расид, нишон медиҳанд, ки омодагӣ ба ҷашни Наврӯз дар Хуҷанд, ки ҷашни асосии кишвар бо ҳузури “пешво” онҷо баргузор мегардад, ҷараён дорад. Бо издиҳоми бузург ва бидуни риояи қоидаҳои бехатарии тиббӣ. 

Худо накунад, ки яке аз иштирокчиёни ин издиҳомҳо гирифтори коруно бошад. Вагарна, то “пешво” “доза”- и мухаддироташро дар 21 март мегирад, ки ҳазорон нафарро мубтало мекунад. 

Мақомот ҳозиранд барои дилхушии лаҳзаинаи пешвояшон ҷони ҳазорон нафарро дар хатар гузоранд. Аслан ин таҷриба нав нест. Дар маршировкаҳо, ки тани як куртаи атлас дар зимистони қаҳратун ва офтоби сӯзони тобистон духтарони наврасро нигоҳ медоранд, аллакай даҳҳо қурбонӣ гирифтаанд. Паём дар ҳоли ҷамъоварии асмои қурбоншудаҳост ва ба зудӣ онро нашр хоҳад кард.

Ҳоло таъаҷҷубовараш ин аст, ки волидон ба куҷо нигоҳ мекунанд. Мақомдорҳо ку дар ғами курсии худанд ва барои ин курсиҳои нарму гармашон ҳозиранд ҳатто аз муқаддасосашон бигзаранд, вале волидони ин ҳазорҳо наврасу ҷавон ин фарзандони зебояшонро аз кӯча ёфтаанд, ки парвое аз вируси кушанда надоранд?   

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *