Рубрики Хабарҳо

Дар Тоҷикистон 6 нафар гирифтори коруно ҳастанд

Натиҷаи ташхиси шаш нафари баргаштагон аз Чин, ки дар карантин нигоҳдорӣ мешаванд, мусбат баромада, аммо мақомот онро пинҳон медоранд. Сабаби пинҳонкорӣ ҷашни Наврӯз гуфта мешавад.

Як манбаъи мӯътамади Паём иттилоъ дод, ки натиҷаи ташхиси гирифторӣ ба вируси коруно байни баргаштагон аз Чин 6 посухи мусбат додааст. 

Ду нафари ин мубталоён чинӣ буда, 4 нафари дигар шаҳрвандони Тоҷикистон гуфта мешавад.

Тибқи иттилоъи манбаъ, яке аз чиниҳои мубтало ба COVID-19 раҳбари намояндагии ширкати Huawei дар Тоҷикистон будааст.

Ҳамаи гирифторон дар беморхона зери табобат қарор доранд ва иттилоъе дар бораи сироятшудагони дигар вуҷуд надорад.

Мақомоти Тоҷикистон тасмим гирифтаанд то анҷоми ҷашни Наврӯз хабарро расонаӣ накунанд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *