Яке аз роҳҳои даромади пул, махсусан пулҳои зиёдии дар яктараф хобида дар солҳои охир ин хариди саҳмия мебошад. Дар саросари кишварҳои дунё хариду фурӯши саҳмияҳо дар ҳоли роиҷ ёфтан аст.
Саҳмия чист?
Ҳар як корхонаю ширкатҳои тиҷоратие, ки барои тарҳи барноме ба маблағ ниёз дорад аз мардум ва ё муассисоти дигар қарз мегирад. Масалан, ширкати сохтмоние мехоҳад як шаҳрак бисозад, барои шаҳракро сохтан маблағ лозим аст, ки онро ширкат надорад. Дар ин ҳолат ширкат ба мардум пешниҳод мекунад, ки шумо барои бинои ин шаҳрак ба мо қарз диҳед, мо бошем, пас аз сохта шудани шаҳрак ва фурӯхта шудани хонаҳо, маблағҳои шуморо бо фоиз бармегардонем.
Барои қарз гирифтан бошад, коғазҳои қимматнокеро бо номи саҳмия исдор мекунад. Ҳар як коғаз қиммати муайян дорад, коғазҳое бо қиммати арзонтар, коғазҳое бо қиммати боло. Ба рӯи баъзе саҳмияҳо навишта шудааст, ки қиммташ 1000 сомон аст, ба рӯи баъзеи дигараш 300 сомон. Ҳар нафаре, ки он коғазҳоро ё худ саҳмияҳоро мехарад, бовар дорад, ки дар аввалин фурсат соҳиби маблағи бедарди миён мегардад.
Хулоса, ҳар як коғазе, ки саҳмия ном дорад, он қарзе аст, ки ба корхона ва ё ширкатҳои дигар шумо медиҳед. Аммо, ногуфта намонад, ки он саҳмия ё худ қарзи шумо додаистода қарзи оддӣ нест, қарзи рибавӣ ё худ протсен аст.
Барои мисол ширкат ва ё корхонаҳое, ки саҳмия мебарорад, ваъда мекунад, ки ҳар нафаре, ки саҳмия мехарад, он маблағаш си дарсад баъзан панҷоҳ дарсад ва ҳатто чанд баробари худаш барзиёди баргардонида мешавад, новобаста ба он, ки ширкат дар тарҳи қарзгирифтаи худ хасорат мебинад ва ё бурд мекунад. Агар бурд кард, албатта ҳарду тараф суд мебинанд, аммо агар хасорат дид, ширкат хасорат мебинад, соҳиби саҳмия ба ҳар ҳол маблағашро бо фоиз бармегардонад.
Албатта, на ҳама корхонаву ширкатҳо коғазҳои саҳмия исдор мекунанд. Танҳо корхонаву муассисоте, ки барои ба роҳ мондани пружае ба қарз ниёз доранд, саҳмия исдор мекунанд.
Баъзан корхона ва ё муассисае ба коре шурӯъ мекунанд ва дар нимаи роҳ барои ба охир расонидани тарҳи шурӯъкардааш дар ҳол ба маблағ ниёз пайдо мешавад, дар ин ҳолат якбора барои аз мардум қарз гирифтан, саҳмия содир мекунанд. Коғазе, ки барои шахсони қарздиҳанда замонат медиҳад, ки қарзҳои додаи шумо, ки бо хариди ин саҳмияҳое ба дасти мо расад, пас аз ба итмом расидани тарҳи мо бо фоизи зиёд ба дасти шумо бармегардад.
Ҳадафи аслии исдори саҳмия
Албатта, ҳадафи асосии исдори саҳмия гирифтани қарзҳои зарурӣ аз мардум ва муассисоти дигар аст.
Ҳадафи дигар ин аст, ки корхонаву ширкатҳо медонад, ки мардум ба касе барои пешрафти тиҷораташ, махсусан ба ширкатҳои давлатӣ пулашро қарз намедиҳад, магар ин ки бовар кунад, ки қарзи додааш бо фоиз бармегардад. Ширкатҳои саҳҳоми мардумро бовар мекунонанд, ки дар қарздиҳии онҳо ба ҳар ду тараф суд аст ва қарзҳои додаашон бо фоизи зиёд ба дасташон бармегардад. Албатта шахсони сарватманди зиёде ҳастанд, ки дар кунҷе маблағи хобида доранд, мехоҳанд бо роҳе он маблағро чарх занонанду зиёд гардонанд. Барои ин намуд ашхос хариду фурӯши саҳмия муносибтарин роҳи даромади пул аст.
Аз тарафи дигар саҳмия ба қарзи оддӣ нигоҳ карда, бартарии дигар дорад.
Вақте шумо ба касе қарз медиҳед, ҳатто, ки қарзи рибавӣ бошад ҳам, шумо он қарзи додаатонро ба шахси сеюм интиқол дода фурӯхта наметавонед. Аммо ҳар касе, ки дар даст саҳмия дорад, метавонад саҳмияашро ба шахси дигар фурӯшад, нархи саҳмия бошад дар аксари аҳвол аз нархи харидашудааш гаронтар ба фурӯш меравад.
Ҳарфи муҳим дар масъалаи саҳмия ин аст, ки ҳоло саҳмия ҳам барои қарзгиранда ва ҳам барои қарздиҳанда чӣ қадар фоида дошта бошад ҳам, дар шариат ҷоиз нест, зеро агарчӣ номаш саҳмия аст ва аз қарз дар баъзе хусусиятҳо фарқ мекунад, аммо дар асл, вақте дақиқан нигоҳ кардем, қарзи рибавӣ, протсенти ҳаромкарда шуда мебошад. Инҷо дар вақти саҳмия харидан шахси харида истода, аниқтараш қарздода истода яқин медонад, ки ҳатто дар ҳолати бурд накардани ширкати саҳҳоми маблағи ӯ намесӯзад.
Албатта, вақте чизеро ҳаром гуфтем ва бо он муомила кардан ҷоиз нест гуфтем, бояд барои шахсоне, ки то имрӯз бо хариду фурӯши саҳмия даромад мекарданд, роҳи дигареро иршод кунем.
Ин ҷо уламои шариат, пас аз ҳаром шуморидани хариду фурӯши саҳмияҳо чанд роҳеро пешкаш кардаанд, ки имрӯз дар давлатҳои исломӣ ба роҳ монда шудааст. Махсусан дар давлати Урдун ва Покистон хариду фурӯши саҳмияҳо тавре иҷро мешавад, ки халалҳои рибо дар он дида намешавад.
Ба ҷои қарзҳои рибавӣ ба номи саҳмия муомилаи дигари машрӯъе бо номи музораба ё худ муқораза дорем. Дар давлати Урдун ширкатҳои саҳҳомӣ ба харидорон кафолат медиҳад, ки дар ҳолати бурд кардани ширкати саҳҳоми ба маблағи саҳмияи харидашуда нигоҳ карда, соҳиби саҳмия фоизи муайяне мегирад. Аммо, агар рафту ширкати саҳҳом зарар дид, дар ин вақт барои барқарор кардани маблағи саҳмияи харидашуда ҳукумат, ҳамчун тарафи сеюм кафил мешавад. Ҳар касе, ки саҳмия харид, аммо ширкати саҳҳом хасорат дид, ба ҳукумат бармегардад, ҳукумат бошад барои дасгирии шаҳрвадони хасоратдида тани маблағҳои қарздодаи онҳоро аз номи ширкати саҳҳом бармегардонад.
Ин ҷо давлат танҳо барои дастгирии ширкатҳои тиҷорӣ ва шаҳрвандонаш, ҳамчун тарафи кафил кӯмак мекунад, ки инро уламои муосир иҷозат медиҳанд.
Акнун биёед ба саҳмияҳои кишвари худамон нигоҳ кунем, махсусан саҳмияҳои НБО-и Роғуни солҳо дар роҳ монда. Дар тамоми кишварҳо харидорони саҳмия мустақил ҳастанд, ба касе хоҳанд қарз медиҳанд, ба касе хоҳанд на. Дар мо ба аксарият ба роҳи иҷборӣ, махсусан донишҷуёну муаллимон саҳмия фурухтанд. То ҳол саҳмияҳои харидашуда, на бурде кард, на ҳатто маблағи аслиаш баргардонида шуд, аз ҳама бадтар, касе онро аз дасти соҳибонаш харидани ҳам нест. Инҷо бараъло фиреби мардум ва ғасби амволи мардум буду тамом. Ин бори дигар нишон дод, ки ҳатто бозори саҳмия дар кишвар ғайриимкон асту ғарқи фиреб.
Ҳоли ҳозир дар тамоми кишварҳо, ҳатто дар Ӯзбекистони ҳамсоя бозори саҳмия хеле гарм аст. Аксарияти сарватмандони кишварҳои Осиёи Миёна аз Қазоқистону дигар саҳмияҳои ширкатҳои Ӯзбекистонро харидорӣ мекунанд, махсусан соҳибкорони солманд, машғули хариду фурӯши саҳмияҳои ширкатҳои сохтмони ҳастанд. Вале, чӣ тавре, ки баён кардем ба ҷуз якчанд кишварҳои бошумор мисли Урдун , Покистон бақияи саҳмияҳо омехтаи рибои ҳаромкарда шудаанд ва ҳаром мебошанд.
Шахсоне, ки мехоҳанд маблағи хобидаи худро бичархонанду суд гиранд, дар мо муомилаи музораба вуҷуд дорад, ки агарчӣ хатар ва ё худ риски бузург таҳдид кунад ҳам, билохира инсон метавонад мабалағи худро бо роҳи ҳалол зиёд кунад, баракати мол бошад дар даромади ҳалоли машҳур пинҳон аст.
Муслимаи Аҳмадӣ