Сомон Маҳмадбеков, ҷудокори шинохтаи тоҷик, ки дар вазни то 81 кило баромад мекунад ба финали Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу — 2022 роҳ ёфт. Тибқи иттилоъи Кумитаи миллии олимпӣ Сомон барои гирифтани медали тило ба масофи Ли Ҷунван аз Кореяи Ҷанубӣ меравад.
Сомон Маҳмадбеков нахустин паҳлавон дар таърихи ҷудои Тоҷикистон аст, ки дар ин ришта ба даври ниҳоии Бозиҳои Осиё — 2022 роҳ ёфт.
Паҳлавони тоҷик дар даври аввал бо ду имтиёзи вазарӣ бар Муаяд Звайб аз Фаластин, дар даври чаҳорякниҳоӣ бо имтиёзи иппон бар Асад Масабирови қирғизистонӣ дар даври нимниҳоӣ бар ҷудокори қазоқ, Абулайхан Жубаназар дастболо шуд.
Сабқати Маҳмадбеков бо паҳлавони кореягӣ баъди зуҳри 25 сентябр дар назар мебошад.
Ҳамчунин ҷудокори дигари тоҷик, Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни то 73 кило барои нишони биринҷӣ бо паҳлавони чинӣ зӯр меозмояд.
Гуфтанист, 19-умин Бозиҳои Осиё аз 23 сентябр то 8 октябр аз рӯи 40 намуди варзиш ва 61 равияи варзишӣ давом хоҳанд дошт. Тоҷикистонро дар он беш аз 130 варзишгар намояндагӣ мекунанд.
Шаҳрдори Душанбе, Рустами Эмомалӣ ваъда дод, варзишгароне, ки дар Бозиҳои Осиё медали тило ба даст меоранд, соҳиби хонаи сеҳуҷрагӣ дар пойтахт мешаванд. Шаҳрдорӣ барои медали нуқра хонаи дуҳуҷрагӣ ва барои нишони биринҷӣ хонаи якҳуҷрагӣ мукофот таъйин намудаст.
Дар баробари хонаи истиқоматӣ барои ҳар медали ин мусобиқот ҷоизаи президенти Тоҷикистон таъйин шудааст, ки барои нишони тило — 150 ҳазор сомонӣ, медали нуқра — 100 ҳазор сомонӣ ва барои медали биринҷӣ 50 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.