Reuters иттилоъ дод, олимон аз он нигаронанд, ки дар намунаҳои ташхиси аз охувон гирифташуда дар Ню Йорк штамми омикрон пайдо шудааст.
Дар намунаҳои хуни аз 131 оҳу дар Стейтен-Айленди Ню-Йорк гирифта шуда, дар 15 дарсади онҳо вирус ошкор шудааст. Натиҷаҳои таҳқиқот нишон доданд, ки ҳайвонҳо қаблан ба вируси куруно сироят ёфтаанд ва эҳтимоли гирифтор шудан ба штамми нав боз ҳам бештар аст.
Коршиносон тахмин мезананд, ки акнун як штамми нави вируси куруно метавонад аз охуҳо гузарад ва дар Иёлоти Муттаҳида беш аз 30 миллион сар оҳу вуҷуд дорад.
Штамми omicron бори аввал дар олами вуҳуш муайян карда шуд. Ин ба афзоиши якбораи гирифторӣ ба ин навъи вирус дар Иёлоти Муттаҳида вобаста аст.