Нахуствазири давлати Фаластин эълом кард, ки дастуроти лозимро дар ростои иҷрои тасмими Маҳмуд Аббос, раис давлат мабнӣ бар қатъи равобит бо Исроил ва Амрикоро содир кардааст.
Муҳаммад Иштия, нахуствазири давлати Фаластин дар сафҳаи фйсбук худ эълом кард: дастуроти лозимро дар ростои иҷрои тасмими Маҳмуд Аббос, раиси давлати мабнӣ бар қатъи равобит бо Исроил ва Амрико дар нишасти шаби гузашта ҳайати давлат содир кардам.
Вай дар идома афзуд: Ҳайати давлат ба раёсати ман, аз тасмими Маҳмуд Аббос барои лағви ҳамаи тавофуқномаҳо бо Исроил ва Амрико ҳимоят мекунад.
Иштия ҳамчунин таъкид кард: Тарҳи Исроил барои илҳоқи сарзаминҳои Фаластин ба хоки ин кишвар ба маънои нақзи тавофуқномаҳо ва таҳдиде алайҳи амнияти минтақаӣ ва байналмилалӣ аст.
Нахуствазири давлати Фаластин тасреҳ кард: тарҳи илҳоқ нишондиҳандаи талоши системотики давлати иътилофии Исроил дар ростои мамониъат аз ташкили давлати Фаластин аст.
Иштия дар поён аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост ба масъулиятҳои худ амал карда ва барои дастёбии мардуми Фаластин ба ҳуқуқи худ вориди амал шаванд.
Гуфтанист, ки Маҳмуд Аббос, раиси давлати Фаластин тайи нишасте бо мақомоти олирутбаи давлатӣ дар Ромулло дар вокуниш ба тарҳи илҳоқи бахшҳое аз Каронаи бохтарӣ ба Исроил эълом кард, ки тавофуқномаҳои имзо шуда бо Исроил ва Амрикоро лағв мекунад.
Сообщение ПАЁМ.net.