«Паём» тасмим гирифт дар соли ҷорӣ бахши махсусеро зери унвони «Родмардони таърихи миллӣ» бо ҳадафи таблиғ ва ташвиқ дар бораи муҳиммтарин воқеъаҳои таърихи миллӣ, зиндагӣ ва талошҳои ашхоси бузурги таърих, рўзгори уламои дин, фалсафа ва фарҳехтагони илму фарҳанги миллӣ матолиби илмӣ-оммавиро батадриҷ пахш намояд.
Матолиби ин бахш асосан аз сўйи мудирияти сойт бар поя ва ба истинод ба таҳқиқоти муҳаққиқон ва пажўҳишгарон ва ё бо бознашр аз муҳиммтарин қисматҳои осори онон таҳия хоҳад шуд.
Умедворем нашри осор ва таҳқиқоти муаррихон, файласуфон, диншиносон ва фарҳангшиносони ватанӣ ва ғайри ватанӣ дар бораи масъалаҳои таърихи ислом ва пайвандии он бо таърихи сиёсӣ ва иҷтимоии миллати тоҷик боиси огоҳӣ ва тафаккури хонандагони сойт ва дўстдорони таърих ва фарҳанги миллӣ хоҳад шуд.
Паём аз ҳамкории муҳаққиқон ва чопи осори онон дар заминаи воқеъоти таърихии марбут ба таърихи миллӣ ва матолиберо, ки дар бораи шахсиятҳои бузурги таърихи давраи исломи Осиёи Марказианд, истиқбол хоҳад кард.
Луқмон Бойматов
НОБИҒАИ ИНҚИЛОБИИ ХУРОСОН
Ин навиштор дар воқеъ достони зиндагӣ ва ҷонфишониҳои нобиғаи инқилобии таърих Абў Муслими Хуросонист, ки аз қазо масъулияти азими таърихиро бар дўш гирифта ва мардонавор онро ба иҷро расонд ва бо кирдори нек номи худро дар авроқи таърих ҷовидон сохт. Зиндагии ин диловари таърих нишон медиҳад, ки разилон ҳамеша аз бузургон дар ҳаросанд ва пайваста номардона бар қасди аз миён бардоштани онон мешаванд. Талошҳои ин қаҳрамони таърих нишон медиҳад, ки сирати далерон ҳамеша садоқат буда ва аъмоли ҳарисон ҳамеша хиёнат. Хоҳем дид, ки подоши садоқати марди содиқ хиёнати номарди фойиқ гардидааст. Сарнавишти фоҷеавори Абўмуслим гўётарин намунаи бархўрди садоқату хиёнати рўзгор аст, ки дар таворихномаҳо сабт шудааст.
Абў Муслими Хуросонӣ (ابو مسلم خراسانی). Таърихи тавалудаш байни солҳои 719-723 ва вафоташ январ-феврали соли 755 дар Мадоин аст. Ў сипаҳсолор ва раҳбари шўриши зидди Умавиён дар Хуросон, ҳомии хонадони Аббосиён ва фармонравои Хуросон буд.
Дар бораи зиндагии Абў Муслим иттилоъоти кофӣ дар даст нест. Муҳаққиқин нисбат ба насаб ва хостггоҳи вай ихтилофи назар доранд. Тибқи иттилооти бархе аз манобеи таърихӣ ном ва кунияи Абў Муслим нахуст Абў Исҳоқ Иброҳим бинни Ҳайкон (ё Бухтакон) будааст. Бархе падари ўро Усмон низ хондаанд. Аммо баъд аз ин ки вай ба назди Имом Иброҳим ба Хуросон омад, номи худро ба Абдураҳмон бинни Муслим ва кунияашро ба Абў Муслим иваз намуд. Номи расмии ў чунон ки дар сиккаҳояш ҳакк шудааст «Абдураҳмон бинни Муслим» будааст.
Тибқи бархе аз манобеи мўътамад, Абў Муслим насаб аз наҷибзодагони хуросонӣ доштааст. Чунончӣ, номи падараш қабл аз ин ки ба ислом рў оварад Бандод буда, баъд ба Усмон тағйир ёфтааст. Бархе низ ҷадди бузурги ўро Бузургмеҳри Бухтагони Марвӣ — вазири машҳури Хусрави Анўшервон гуфтанд. Гурўҳе аз муаррихин ўро арабзода ва иддае ҳам ўро курд ва ҳатто туркзода низ гуфтаанд, ки албатта, чандон саҳеҳ нест.
Аммо тибқи назари ағлаби муҳаққиқин Абў Муслим насаби эронӣ дошта ва тақрибан байни солҳои 100-105 ҳ. қ./719 -723 м. дар хонаводаи деҳқонони Исфаҳон ба дунё омадааст. Гурўҳе низ мўътақиданд, ки зодгоҳи Абў Муслим ё падараш Бушанҳи Ҳирот будааст. Дар ҳар сурат то кунун дар мавриди ному насаб ва зодгоҳи Абў Муслим диди мушахассе миёни муҳаққиқин ва пажўҳишгарон мавҷуд нест.
Тибқи иттилооти бархе аз манобеъи таърихӣ падари Абў Муслим пеш ё андаке пас аз таваллуд шудани писараш даргузаштааст. Аммо бештарин эҳтимол ин аст, ки Абў Муслим маволӣ ва аз эҳтимоли қавӣ маволии хуросонӣ (эронӣ) буд. Вай дар ибтидо ғуломи фарде ба исми Абў Мўсои Сарроҷ буда ва дар авохири даврони ҳукмронии Холид бинни Абдуллоҳ ҳамроҳи соҳибаш аз Исфаҳон ба Куфа рафтааст.
Замоне, ки дар Куфа ҷунбишҳои зидди Умавиён сурат гирифт, гўё, ки Абў Муслим дар хидмати доъиёни ин ҳаракат қарор дошта ва баъд аз саркўбии қиём ба ҷурми ҳамкорӣ бо шўришгарон зиндонї шуд. Дар зиндон бо Бақир ном шахсе, ки аз фаъолони шўриши зидди умавиён буд, ошно шуд. Яке аз наздикони Бақир, ба исми Абў Салама дар соли 744 м. ин Абў Муслимро ба унвони ғулом ва ходими худ ба Хуросон овард ва Абў Муслим махфиёна мардумро алайҳи хилофати Умавиён даъват мекард.
Доъии Куфа Иброҳим Имом аз зиракӣ ва ҳушмандии Абў Муслим дар шигифт уфтода ва ўро аз ғуломӣ озод карда ва ба муддати ду сол назди худ нигаҳ дошт. Абў Муслим бо хоҳиши Иброҳим Имом ному кунияи худро тағйир дода ва бо амри Иброњҳм Имом апрели соли 747 м. роҳ ба Хуросон гирифт. Ҳамин тавр, Абў Муслим барои нашри даъвати Аббосиён ба Марв омад. Ҳангоме ки Абў Муслим ба Марв расид, кори даъват дар ин ҷо бар ўҳдаи Сулаймон бинни Касир буд. Дар манобеъ дар хусуси иртиботи Абў Муслим бо раҳбари доъиёни Хуросон ба исми Сулаймон бинни Касир низ иттилооти қобили таваҷҷўҳ омадааст. Иброҳим Имом, ки кори даъвати шўришиёнро ба Абў Муслим супурд буд, ба ҳаводорони худро дастур дод то ба Абў Муслим итоат намоянд. Ҳамчунин дархост кард, ки дар Хуросон як тан араб бар ҷой нагузоранд ва бо Сулаймон бинни Касир мухолифате накунад ва барои аз байн бурдани хонадони Умавиён бар хуросониён такя намоянд.
Дар ибтидои кор миёни Абў Муслим ва Сулаймон бинни Касир даоъи Хуросон буд, зиддият пеш омад. Сулаймон бинни Касир ба Абў Муслим, ки дар воқеъ ҷавон буд, ба чашми рақиб нигарист ва ба ў эътиноъ намекард. Абў Муслим навмед шуд ва хост ба Куфа бозгардад ва ҳатто то Қумис рафта буд. Аммо Иброҳим Имом пайғоме ирсол дошт ва ўро маҷбур кард ба Хуросон баргардад.
Қиёми сияҳҷомагон
Абў Муслим дар таърихи соли 129 ҳ. қ./ марти соли 747 м. ба Марв бозгашт ва дар рустои ба номи Сафедниҷ иқомат гузид. Сипас ҳаводорон ва мубаллиғони худро ба гўшаю канорҳои Тахористон, Хуросону Хоразм ва аз эҳтимоли қавӣ ба Мовароуннаҳр низ фиристод. Абў Муслим аз вазъи ҳоким Хуросон ба хубӣ суд бурд. Ў эълом дошт, ки мусалмон аст ва ба ҳеҷ қабила ва нажоде пайвастагӣ надорад. Ин шиор бисёр муассир буд. Мардуми зиёде ба ў гаравиданд. Вай дорои нирўи азиме шуд ва тақрибан бо ҳама гурўҳҳои зиддиумавӣ ҳамкорӣ менамуд. Абў Муслим ва ҳаводоронаш бар тан либоси сияҳ пўшиданд ва шўрише, ки рух дод, дар таърих бо номи «қиёми сияҳҷомагон» низ машҳур аст. (р. к. ба «шўриши Абў Муслим»). аст.
Дар муддати кўтоҳ авзои Хуросон зери назари Абў Муслим қарор гирифт ва лашкару ҳаводоронашро ба шаҳрҳои атроф мефиристод. Сипоҳи Наср бинни Сайёр ҳам дар баробари Абў Муслим шикаст хўрд. Хуросон ба таври комил ба дасти Абў Муслим ва тарафдоронаш гузашт. Дере нагзашт ва Қумису Рай ҳам таслими Абў Муслим шуданд. Абў Муслим тавонист дар набарде, ки миёни сипоҳи ў ва душмани нирўмандаш Ибни Забора дар соли 131 қ./ 748 м. дар наздикии рустои Ҷобалқи Исфаҳон иттифоқ уфтод, шикаст бидиҳад.
Абў Муслим бо сипоҳи худ аз Даҷла низ гузашт ва ба ҳудуди Ироқ ворид шуд. Аҳли Куфа аз Абў Муслим ва сиёҳҷомагон ба хушнудӣ истиқбол карданд. Охирин ва муҳимтарин ҷанги сиёҳҷомагони хуросонӣ бо лашкариёни Умавӣ соли 749 м. дар наздикии шаҳри Мавсили Ироқ рух дод. Дар ин ҷанг Умавиён шикаст хўрданд. Сипаҳсолоре ба исми Абдулмалик бинни Язиди Хуросонӣ ба фармони Абў Муслим ин ноҳияро ба даст гирифт ва ў Абдуллоҳ писари халифа Марвонро моҳи июни ҳамон сол шикаст дод.
Ҳамин тавр, сардорони Хуросонӣ, ки мавриди эътимоди Абў Муслим буданд, дар Ироқ тавонистанд Абулаббоси Абдуллоҳ мулаққаб ба Саффоҳро, ки бародари Иброҳим Имом буд, дар таърихи октябри соли 749 ба Хилофат биншонанд. Хилофати Умавиён тавассути хуросониён фурў рехта ва бо дасти онон давлати ҷадиди Аббосиён бунёд ниҳода шуд. Охирин намояндаи хонадони Уммавӣ халифа Марвон, ки баъд аз шикасти худ аз Абў Муслим ба Миср гурехта буд, июни соли 750 дар Бўсири Миср ба дасти хуросониён кушта шуд.
Ҳамин тавр, Абў Муслим буд, ки бо кўмак ва дахолати хуросониён хилофати Умавиёнро дар Куфа аз миён бардошт ва Аббосиёнро ба рўи кор овард. Абў Муслимро баъд аз ин, «амини Оли Муҳаммад» ва ҳомии хулафои Аббосӣ хонданд. Аммо қудрат ва эътибори Абў Муслим халифа Саффоҳро таҳти шуоъи худ қарор дода буд ва халифа дар муҳимтарин тасмимоташ раъйи Абў Муслимро мехост. Бародари халифа Абў Ҷаъфар аз қудрат ва тавонмандии як марди хуросонӣ, ки аз номи халиф бар муҳимтарин манотиқи хилофат фармонравоӣ мекард, сахт нигарон буд.
Абў Муслим пас аз пирўзӣ бар умарои аъроби Хуросон ва бар сари тахт нишондани Оли Аббосиён, дар мамолики шарқии Хилофат соҳиби мақом ва ҳукумат шуд. Вай акнун аз номи халифаи Аббосиён бар куллии Хуросон ва Мовароуннаҳр ва то ҳудуди Туркистон фармон меронд. Сардорон ва уммоли ў дар Мовароуннаҳру Туркистон низ номи сарвари хешро баландовоза намуданд. Шикасти лашкари Чин дар ҷанги Тироз аз бузургтарин муваффақиятҳои лашкари Абў Муслим дар сарзаминҳои шарқи хилофат ба шумор меомад.
Соли 751 сипаҳсолор Зиёд бинни Солеҳ дар ҳудуди Тироз лашкари чиниҳоро шикаст дод ва ҳукумати Аббосиён то марзи Чин истиқрор ёфт. Ин ҳодиса ба унвони яке аз бузургтарин муваффақиятҳои лашкари араб дар таърихи футуҳоташ ба шумор меояд.
Баъд пирўзиҳои пайдарҳам, Абў Муслим саъй кард то ҳукумати хешро дар сарзаминҳои шарқии хилофат устувор намояд. Бо ин мақсад ў алайҳи ҳар гуна нирўи низомӣ ва иҷтимоӣ, ки дар назараш сабаби эҷоди ташаннуҷ дар кишвар мешуд, ҷанги беамон эълом намуд. Дар назари ў ҳама гуна эътирози зиддиараб маънии зидди истиқрори ҳукумати Аббосиёнро низ дошт. Аз ин рў, ба саркадагонаш фармуд, ки ҳамаи дастаҳо ва тавоифи шўришгари ин минтақаро бераҳмона саркўб намоянд. Бояд дар назар дошт, ки дар ин рўзҳо Хуросон ва Мовароуннаҳр аз таъсири шўришҳое, ки дар Ироқ падид омад, бар канор намонд. Арабҳои муқими Бухоро ва бахше аз мардуми маҳаллӣ бо сарварии Шарик бинни шайх Меҳрӣ соли 133 қ. / 750 м. дар Бухоро алайҳи умарои нав бақудратрасида қиём карданд. Ин шўриш дар таърих ба номи шўриши аҳли Бухоро низ ёд шудааст. Гурўҳи анбўҳ ба шўришгарон пайваст шуданд.
Соли 751 м. Зиёд бинни Солеҳи Хазоъӣ ба фармони Абў Муслим ба ҷанги Мовароуннаҳр рафт ва ба ҳамроҳии Қутайба бинни Тағшода, ва Бухорхудот қиёмгаронро бераҳмона саркўб намуд ва сипас Бухороро оташ зад. Ва бисёре аз мардуми бегуноҳро низ аз дами теғ гузаронд. Аммо оташи шўриш хомўш намешуд. Деҳқонони мулуки Чочу Фарғона ва Хутталу Кеш низ ошўбҳо барпо карданд. Аммо қиёмҳои мардумии сарзаминҳои шарқи хилофат тавассути сардорони Абў Муслим ва аъроби Хуросон ва Мовароуннаҳр бераҳмона саркўб гардиданд.
Соли 752 Абў Муслим ба Марв баргашт. Аз рўзҳои аввал, сиёсати вай боиси норизояти сарҳангони араб шуд. Чунончӣ, амир Зиёд бинни Солеҳ, ки ҷадидан аморати Суғду Бухороро бар ўҳда гирифта буд, сар ба шўриш бардошт. Дар натиҷа Абў Муслим худ дубора ба Мовароуннаҳр лашкар кашид. Чун лашкари Зиёд ибни Солеҳ ба Абў Муслим пайваст, худ ба Боркаси Усрушана гурехт. Деҳқонони он ҷо сари Зиёдро аз тан ҷудо намуда ба Абў Муслим фиристоданд. Ин шўриш бино ба таҳрики халифа рух дода буд.
Абў Муслим дар Мовароуннаҳр фаҳмид, ки шўриши Зиёд ва деҳқонони ин сарзамин бо таҳрики марде ба номи Сабоъ, ки фиристодагони халифа буд, сурат гирифтааст, ўро ба қатл расонида ва чунон далерӣ зоҳир намуда, ки сари Зиёдро ба халифа ирсол дошт. Бад-ин тартиб Абў Муслим тавонист чандин тан аз коргузорони халифаро дар Мовароуннаҳр ба қатл расонад ва дар амал амири соҳибмутлақи Хуросону Мовароуннаҳр гардид. Аммо ин ҳол ба дарозо накашид. Баъд аз воқеаи мазкур Абў Муслим ба Ироқ бархонда шуд ва дигар ба Хуросон барнагашт.
Ба гуфтаи муаррих Табарӣ соли 754 м. Абў Муслим аз халифа Саффоҳ иҷозаи ҳаҷ гирифт, аммо сафараш ба зудӣ анҷом нашуд, чаро ки муддате бар сари таъйини шумори сарбозоне, ки бояд ўро ҳамроҳӣ кунанд, бо халиф дар машварат буд. Халифа фақат барои 1 000 тан сарбоз иҷоза дод.
Абў Муслим хуб мефаҳмид дар ин муддат чӣ душманонеро бар алайҳи худ барангехтааст, аз ин рў, бо 8000 тан роҳ ба ҷониби Ироқ гирифт. Аммо бахши умдаи ононро дар Рай гузошт ва фақат бо 1 000 тан ба Ироқ рафт. Халифа, чун аз қасди Абў Муслим воқиф гашт, аз ў даъват ба амал овард. Абў Муслим вориди Ироқ шуд. Абў Ҷаъфар бародараш халифа Саффоҳро ба қатли Абў Муслим водор намуд. Халифа бо бародараш ҳамдаст шуд. Аммо чун Абў Муслимро дид, вақтро муносиб надонист ва бародараш Абў Ҷаъфарро аз анҷоми ин қасд боздошт.
Пас аз машварат, халифа бародари худ Абў Ҷаъфарро ба корвони Абў Муслим мулҳақ намуд ва ҳарду ҷониби Макка равон шуданд. Иллати ҳамроҳ шудани Абў Ҷаъфар ба Абў Муслим шояд нигаронии халифа аз сардори сиёҳҷомагон буд, ки мабодо бо Алавиёни Макка ва Мадина, ки онон ҳам мудаъии хилофат буданд, тавофуқ накунад ва хилофатро ба онон интиқол надиҳад.
Дар ин сафари муштарак Абў Ҷаъфар бори дигар мутмаин шуд, ки то Абў Муслим зинда аст, тахту тоҷи Аббосиён вобаста ба ў хоҳад буд. Чун ҳаҷ гузарониданд ба Ироқ бозгаштанд ва дар роҳ хабари марги халифа Саффоҳ ба Абў Муслим ки ҷулўтар аз Абў Ҷаъфар бармегашт, расид ва ў ба Абў Ҷаъфар номаи таслият фиристод, вале таҳнияти хилофат нагуфт.
Ба ривояте Абў Муслим баъд аз ин ки ба пойтахт расид, хост Исо бинни Мўсоро бар хилофат биншонад ва чун Исо напазируфт, нома ба Абў Ҷаъфар ирсол намуд ва ўро халифа хонд. Абў Ҷаъфар, ки валиаҳд буд хилофатро қабул кард ва ба худ лақаби «Мансур» гирифт. Вай дар оғози хилофат бо қиёме мувоҷеҳ шуд, ки агар Абў Муслим ва хуросониён онро дарҳам нашикананд, дигарон нахоҳанд тавонист. Абў Ҷаъфар хилофаташро сахт дар маърази таҳдид медид. Бинобар ин аз мехост, аз вуҷуди Абў Муслим ва ҳаводоронаш барои истиқрори ҳукуматаш ба хубӣ истифода намояд.
Моҳи ноябри соли 756 амаки халиф ба исми Абдуллоҳ, ки фармондеҳии лашкари муҷаҳҳази хилофатро дар Рум бар ўҳда дошт ва сипаҳсолори варзидае буд, алайҳи бародарзодааш, яъне халифа Мансур хуруҷ кард. Абддулоҳ низ муддаӣ бар хилофат буд. Халифаи ҷадид Мансур аз Абў Муслим барои саркўбии Абдуллоҳ даъват кард. Абў Муслим бо ҳар баҳонае аз иҷрои фармон сар мепечид ва мегуфт, ки бояд аз Хуросон нигарон шуд, на аз Рум ва Абдуллоҳ. Аммо Халифа исрор кард ва Абў Муслимро ба Шом фиристод. Абдулоҳ чун аз расидани лашкари Абў Муслим огоҳ шуд, 70 000 тан сипоҳиёни хуросонии худро аз бими ин ки ба сиёҳҷомагон напайванданд, ба қатл расонд. Аммо дар ҷанги зидди Абў Муслим шикаст хўрд.
Абў Муслим аз ин ҷанг ғаноими зиёдеро ба даст овард. Халифа Мансур барои сабти тақсими ғаноиме, ки ба дасти Абў Муслим уфтода буд, шахсеро ҷониби Абў Муслим равон кард. Аз ин иқдоми халиф Абў Муслим сахт нороҳат шуд ва аз хашм расули халифаро таҳдид ба марг кард ва гуфт, ки: «Маро «амини Оли Муҳаммад» мехонанд. Ман дар хуни мусалмонон аминам ва дар моли онҳо нестам?». Ва он гоҳ ба Мансур ҳарфи носазо гуфт. Халифа Мансур чун эҳсос кард, ки агар Абў Муслим ба Хуросон баргардад, дасташ барои ў кўтоҳ хоҳад шуд ва наметавон аз нуфузи сиёҳҷомагон ҷулўгирӣ кард. Аз ин рў, фармони ҳукумати Шому Мисрро бад-ў фиристод ва гуфт назди ў баргардад. Абў Муслим медонист, ки фақат дар Хуросон метавонад устувор бошад, дархости халифаро рад кард ва худ ба сӯи Хуросон равон шуд.
Халиф боз ҳам найрангҳои дигареро ба кор баст, то Абў Муслимро нарм кунад ва аз азимати Хуросон нигаҳ дорад. Халифа ҳамчунин ёрони Абў Муслимро водошт то қалби сардорашонро ба дўстии халифа гарм кунанд. Билохира, Абў Муслим дар канори Зоб таваққуф намуд ва номае ба халифа Мансур навишт ва дар он гуфт, ки аз наздикӣ ба ў дурӣ мегузинад. Дар бораи мўҳтавои ин номаи Абў Муслим ривоёте мухталифе ироа шудааст. Аммо он чӣ аён аст, ин аст, ки халифа мехоста бо ҳар роҳ Абў Муслимро ба даргоҳ даъват намояд. Вай вонамуд карда, ки мехоҳад бузургдошти Абў Муслим дар ҳузури ў баргузор намояд. Бо роҳи макр муҷаддадан аз Абў Муслим даъват ба амал овард ва таъкид намуда, ки дар ғайри сурат худ ба пайкори ў хоҳад омад.
Дар зимн, халифа Мансур қабл аз ин ки Абў Муслим ба Бағдод биёяд, миёни сарварони хуросонӣ фитна эҷод намуд. Бо ҳадафи ин ки миёни мутаҳҳидони қаблӣ тафриқа бияндозад, ба бархе аз наздикони Абў Муслим вазифаҳои воло дод. Аз ҷумла, Абў Довудро, ки ноиби Абў Муслим буд, ваъдаи аморати Хуросон дод. Ҳамчунин ба чанд тан аз нигаҳбонони Абў Муслим ваъдаҳои зиёда дод, то онон бар алайҳи Абў Муслим кор кунанд.
Абў Муслим дар вазъи бисёр ногуворе монд ва тасмим гирифт ба мулоқоти халифа биравад. Бо ин ҳадаф ба наздикии Мадоин расид. Чанд тан аз ёрони вафодораш хостанд ўро аз рафтан ба назди халифа Мансур боз доранд, аммо Абў Муслим бо теъдоде аз наздиконаш ба Мадоин ворид шуд. Тибқи фармони халифа халқи зиёде аз Абў Муслим истиқбол намуданд.
Халифа Мансур низ ин қаҳрамони хуросониро гиромӣ дошт ва ба ходимонаш фармон дод то барои рафъи хастагӣ барои Абў Муслим ҷое омода намоянд. Халифа ба таври махфї ба саркардагонаш фармуд то рўзи дигар чанд тан аз нигаҳбононро пушти пардаи саро ба камин бигзоранд ва он гоҳ, ки Абў Муслим вориди толор шавад, ҳамагон бар сараш резанд. Фардои он рўз, яъне панҷ рўз монда ба моҳи шаъбони соли 137 қ./январ — феврали 755 м. халифа Мансур рақибаш Абў Муслимро барои дидор ба назди худ ба толор хонд ва бо ў якка ва танҳо сўҳбат намуд. Дар хусуси он сўҳбат ду матолиби қобили таваҷҷўҳе ироа шудааст. Аммо саранҷоми ин сўњбат ин аст, ки халифа пас аз баҳси тўлонӣ даст ба ҳам зад, ки аломати фармони ниҳоӣ буд. Чанд тан аз нигаҳбонон вориди толор шуданд ва теғи бедареғ бар ҷони ин родмарди хуросонӣ кашиданд.
Тибқи яке аз ривоёт, нигаҳбонон дар он ҳангом теғ бар сари Абў Муслим кашиданд, ки ў дар ҳоли узри гуноҳон дасти халифаро бўса мезад.
Халифа Мансур аз қатли ҳарифаш қаноатманд буд. Халифа охирин дастури хешро дар робита бо сарнавишти Абў Муслим содир намуд. Пайкари беҷони Абў Муслимро бар оби Даҷла афканданд. Абў Муслим ба ҳангоми қатл 33 ва ба ривояте 37 сол дошт. Тибқи ривояте, халифа Мансур пас аз анҷоми қатл дар хутбааш рақибашро ба хиёнат мутаҳҳам намуд ва таъкид кард, ки ў ба ҳамон гуноҳе кушта шуд, ки гурўҳеро бад-он гуноҳ ба қатл расонида буд.
Пас аз қатли Абў Муслим чанде аз сардорон ва нигаҳбононаш ба хидмати Халифа пайвастанд. Ва онҳое, ки дар қатли Абў Муслим ширкат доштанд мавриди иноёти халифа қарор гирифтанд. Халифа ҳамчунин дастур дод, сардорон ва нигаҳбонони Абў Муслимро то он ҷо, ки розӣ шаванд, инъом доданд. Гўянд, ки бархе аз сардорони Абў Муслим аз ин амр шармсор шуданд ва зери лаб мегуфтанд, ки «раҳбари худро ба дирҳам фурўхтаем». Аммо сардорони вафодори Абў Муслим халифа Мансурро «саг» хонданд. Бархе аз сардорони Абў Муслим баъд аз ин аз хиёнати халиф огоҳ шуданд, ба оҳанги хунхоҳӣ ба Хуросон роҳ гирифтанд.
Сиёсат ва эътиқодоти Абў Муслим
Сиёсати вежае, ки Абў Муслим пас аз пирўзии худ бар уммол ва ҳаводорони хонадони умавӣ, дар Хуросон ва бахусус дар Мовароуннаҳр пиёда карда буд. бар он дорад, ки Абў Муслим ва саркардагонаш дар паи истиқрори ҳукумати хеш, ки такя бар идеолужии ислом дошт, буданд. Наҳзати Абў Муслим ба тавре, ки мегўянд, саросар миллӣ — озодихоҳӣ бошад, набудааст. Масъалаи итиқрори эътиқоди исломӣ барои Абў Муслим ва ҳаводоронаш ҳамеша дар мадди аввал будааст, то истиқлоли миллӣ. Ба ин хотир аст, ки Абў Муслим ва саркардагони ў кўчактарин эътироз ва вокуниши ақвоми Мовароуннаҳру Туркистонро, ки ботинан рўҳияи миллӣ ва истиқлолталабонае доштанд, бо зўр ва бераҳмӣ пахш мекарданд.
Он чӣ дар эътиқод ва кеши Абў Муслим гуфтаанд, вай мусалмони сахтгир будааст. Чунончи, муаррихон иллати судури фармони қатли бухорхудотро дар ҷурми иртидод аз дини ислом донистаанд. Ба гуфтаи иддае аз муаррихон ба дасти Абў Муслим бархе аз деҳқонони Хуросон ва Мовароуннаҳр мусалмон шуданд. Бисёре аз муҳаққиқин ва пажўҳишгарон бар ин ақидаанд, ки Абў Муслим дар оғози кори худ ба кисония рағбат доштааст. Гуфтанӣ аст, вай дар муддати ҳашт соли ҳукуматаш таваҷҷӯҳе хосе ба ташаюъ, таълимоти Маздак ва имомат надошт. Ғолибан сиёсати зидди Алавиро бар худ пеша карда ва тибқи ахбори манобеъ бисёре аз даъоёни Алавӣ бо дастури Абў Муслим ба қатл расида буданд.
Ў хавориҷро низ маҳкум мекарда ва ҳатто аз онон сахт бимнок будааст. Аммо бо ин вуҷуд, Абў Муслим баъд аз маргаш аз тарафи шиъаёни Хуросон ба унвони имом ва азизуллоҳ шинохта шуд. Иллати ин ҳама арҷгузорӣ нисбат ба шахсияти Абў Муслим тавассути хуросониён, аз эҳтимоли қавӣ, дар эътиқоди мазҳабии онон нуҳуфта бошад. Шиъаён Абў Муслимро ба унвони қотили Умавиён ва ҳомии аҳли байт мешиносанд.
Абў Муслим на танҳо як фарди низомӣ ва сипаҳсолори ботаҷруба, балки шахси аз илму адаб огоҳе будааст. Чунон ки тибқи ривояте ба таҳсили илм ва адаб кўшо буда, дар овони кўдакӣ аз фуқаҳои маъруфи замонаш илми ҳадис шунидааст. Тибқи ривояте ҳам Абў Муслим ба забони форсӣ ва арабӣ хуб такаллум мекарда ва ҳатто ба ин ду забон шеър мегуфтааст. Забонаш ширин ва баёнаш гиро будааст. Вай шеъри бисёре медониста ва дар ҷаласот ба шеваи пирон сухан мегуфт. Аммо то кунун аз ў шеъри форсӣ ба даст нарасиддааст. Ў бо фарҳанг ва адаби форсии миёна, яъне паҳлавӣ ба хубӣ ошно будааст. Чунончӣ, дар номаҳое, ки ба халифа Мансур навиштааст, пайваста аз зиндагӣ ва аъмоли шоҳони Сосонӣ иқтибос менамуд. Ба гуфтае, дар замони худ миёни мардум ба забони арабӣ суханоне аз-ў ба унвони амсол мавриди истифода будааст.
Он гуна, ки муаррихин навиштаанд, Абў Муслим ба унвони амири ғамхор дар ободӣ ва умронии Хуросон кўшо будааст. Чунончи, ба қавле масҷиди ҷомеи Нишопурро ў сохта ва низ дар Марв масҷид, бозор ва дор-ул-аморае бунёд кардааст. Ҳамчунин девор ва бурҷҳои гирдогирди шаҳри Самарқандро ба ў нисбат додаанд.
Ба ақидаи В. В. Бартолд, мардуми Самарқанд таъсисоти оби шаҳрашонро ба Абў Муслим нисбат додаанд ва ҳанўз ҳам яке аз наҳрҳои бузурги он ҷоро «Коми Абў Муслим» меноманд. Тибқи иттилооти бархе аз манобеъ, Абў Муслим ҳангоми ҳаҷ чоҳҳои роҳи Маккаро мараммат намудааст. Ҳамин тавр, ў дар кўтоҳтарин муддати амораташ тавонист корҳои зиёди умрониро дар саросари Хилофат ба анҷом расонад.
Дар манобеъи таърихӣ сурат ва сирати Абў Муслим низ тавсиф шудааст. Тибқи навиштаҳои муаррихин Абў Муслим марди хушсимо, гушодапешонӣ, гандумгуну кўтоҳқад, дорои риши пурпушт ва гесўи дароз буда ва оҳиста сухан мегуфта ва андак механдида ва дар пирўзиҳои бузург ё ҳаводиси нохушоянд, хурсанд ва ё ғамнок намешудааст. Вай далеру шуҷоъ, покизаву батамкин ва дар ҷавонмардӣ овозадор будааст. Бо занон кам меомехта ва аз шўхиҳо безор, меҳмоннавозу мардумомез будааст.
Мўҳтоҷон ва бечорагонро кўмак мекардааст. Вай ба унвони шахси низомӣ хўи сипоҳӣ дошта, мағрур ва хашин низ буда, на раҳм мешинохт, на тарс. Душманонаш аз ў сахт дар бим будаанд. Вай ҳақталаб буда ва ҳатто бархе аз ёронашро ба хотири ҳақу ҳақиқат ҳукми қатл додааст. Бо ин ҳама феъл ва хўй лашкариёнаш ўро гиромӣ ва дўсташ доштаанд ва ба гуфтае ўро ба мисли маъбуде мепарастидаанд.
Баъзе ба марги ў бовар намекарданд ва мўътаќид буданд, ки ў марг надорад ва зинда аст. Ғолибан нависандагон ва шуарои араб аз Абў Муслим бадгуӣ кардаанд. Аз ин назар китоби муфасалле метавон мураттаб намуд. Муаррихин ва нависандагони араб Абў Муслимро ба унвони сарсахтарин душмани аъроб муаррифӣ намуда ва ошкоро гуфтаанд, ки ў буд, ки насли аъробро аз Хуросон барканд. Дар баробари ин назар хуросониён (эрониён), ки аз сиёсати ситампешаи Умавиён ба дод омада буданд, Абў Муслимро ба унвони қаҳрамони миллии худ ва муқаддас шинохтаанд. Бархе аз муаррихини форсӣ ўро дар рутбаи Искандар ва Ардашери Бобакон донистаанд. Бархе ҳам ўро Имом хондаанд. Иддае ҳам ўро аз авлиё гуфтаанд.
Ёди Абў Муслим дар қулуби мардуми Хуросон асрҳои аср ҷо гирифта ва мавозеи марбут ба номи ўро зиёратгоҳ кардаанд. Чунончи, ҳатто дар асри Сафавӣ мардуми Нишопур қабреро ба номи Абў Муслим нишон карда ва ба зиёрати он мерафтанд. Мардуми Хуросон ўро то ҳадде азиз ва мўътабар донистаанд, ки ҳатто дар достонҳои мазњабӣ аз ў ёд мекарданд. Баъдҳо мардуми Хуросон дар васфи Абў Муслим достонҳои ҳамосӣ, мазҳабӣ ва мадҳияву марсияҳо ва қиссаҳои фаровоне эљод карданд. Чунончи, китоби «Абўмуслимнома» аз машҳуртарин достонҳои ҳамосии мардумӣ роҷеъ ба ин сарвари миллӣ — мазҳабӣ аст.
Мухтасари рисолаи муаррих Луқмон Бойматов «Саргузашти «амини оли Муҳаммад» ё сарнавшти нобиғаи инқилобии Хуросон» (Душанбе, 2007).
Ҳамчунин руҷӯъ шавад ба рисолаҳои зайли ҳамин муаллиф::
Абў Муслим — Душанбе, 2006, — 24 с.
Саргузашти «амини оли Муҳаммад» ё сарнавшти нобиғаи инқилобии Хуросон// Садои Шарќ, 2007, № 1, С. 120 — 130.
Абўмуслими Хуросонӣ // Энсиклопедияи миллӣ. Ҷ. 1. А — Асбоб. Душанбе, 2011, С. 92.
Абўмуслимия // Энсиклопедияи миллӣ. Ҷ. 1. А — Асбоб. Душанбе, 2011, С. 92 — 93.