Рубрики Хабарҳо

Афзоиши шумори мубталиёни коруно дар Амрико ба беш аз Чин ва Итолиё

Шумори мубталиён ба вируси коруно дар паҳнои гетӣ аз марзи ним миллион нафар гузашт. Амрико акнун бештарин теъдоди мубталиёнро дорад. Трамп иллати афзоиши шитобони теъдоди мубталиён ба бемории коруноро тести густурдаи он дар Амрико эълом кардааст. 

Барои нахустин бор аз замони шуйӯъи бемории коруно дар ҷаҳон, теъдоди мубталиён ба ин беморӣ дар Амрико беш аз ду кишвар Чин ва Италия эълом шудааст. Бар асоси оморе, ки аз сӯи мақомоти Амрико мунташир шудааст, теъдоди афроде, ки ба ин бемории танаффусӣ дар Амрико мубтало шудаанд, зарфи ҳафтаи ҷорӣ ду баробар шудааст. 

Дар шароите, ки давлати Чин аз миҳори шуйӯъи бемории коруно дар кишвари худ сухан мегӯяд ва аз шитоби раванди шуйӯъ ба ин беморӣ дар Итолиё андаке коста шудааст, гузоришҳо аз афзоиши шитобони мавориди таъйид шудаи ибтило ба коруно дар Амрико хабар медиҳанд. 

Хабаргузории Рейтерз имрӯзи ҷумъа 27 март дар гузориши эълом кард, ки шумори мубталиён ба бемории коруно дар Амрико ба беш аз 82 ҳазору 400 нафар расидааст. Ин дар ҳоле аст, ки Чин шумори кулли мавориди таъйид шуда ибтило ба коруноро 81 ҳазору 800 нафар эълом кардааст. 

Дар Итолиё низ шумори мубталиён ҳудуди 2000 нафар камтар аз Амрико гузориш шудааст. Ин дар ҳолест, ки бар асоси гузорише, ки аз сӯи донишгоҳи Ҷонс Ҳопкинс мунташир шуда, теъдоди мубталиён ба бемории коруно дар ҷаҳон аз марзи ним миллион нафар гузаштааст. 

Афзоиши интиқодҳо дар Амрико 

Афзоиши шитобони теъдоди мубталиён ба бемории коруно дар Амрико боиси афзоиш интиқодҳо ба амалкарди давлати Доналд Трамп дар муқобила бо ин беморӣ шудааст. 

Доналд Трамп  дар иртибот бо афзоиши шумори мубталиён ба бемории коруно дар Амрико муддаӣ шуд, ки иллати мавзӯъро бояд дар густурдагии тести коруно дар Амрико донист. Ў ҳамчунин афзуд, ки оморе, ки аз сӯи кишварҳои дигар ва аз ҷумла аз сӯи Чин мунташир мешаванд, воқеӣ нестанд. 

Ин дар ҳолест, ки бинобар арзёбии коршиносон, теъдоди афроди мубтало ба бемории коруно дар Амрико беш аз оморе аст, ки аз сӯи давлати Трамп мунташир мешавад. 

Афзун бар он, интиқод нисбат ба таъхир дар анҷоми тести коруно дар Амрико афзоиш ёфтааст. Гуфта мешавад, ки дар бисёре аз нуқоти Амрико пизишкон, парасторон ва нерӯҳои имдодӣ аз камбуди моск, либосҳои эминӣ ва ҳамчунин китҳои тести коруно хабар медиҳанд. 

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки бештарин теъдоди қурбониёни коруно дар кишвари Итолиё сабт шудааст. Коруно дар Амрико то кунун боиси марги 1100 нафар шудааст. Ин дар ҳоле аст, ки дар Итолиё 8000 нафар дар асари ибтило ба ин беморӣ ҷони худро аз даст додаанд. 

Афзоиши шумори мубталиён ба бемории коруно дар Амрико дар шароите сурат мегирад, ки лоиҳае нозир бар таъйини буҷае муодили 2 триллиону 200 миллиард доллар барои муқобила бо ин беморӣ ба Кунгира ироа шудааст. Қарор аст, ки маҷлиси намояндагони Амрико имрӯз, ҷумъа, 27 март дар ин бора тасмимгирӣ кунад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *