Рубрики Хабарҳо

Сарҳои нави аждаҳои Оила ва пули муҳоҷирин

Муҳоҷирати меҳнатӣ дар Тоҷикистон ба яке аз масоили муҳими иқтисодӣ, сиёсӣ ва амниятӣ табдил ёфта, табдил ёфта, характери глобалӣ касб кардааст ва нақши он дар ҳар соҳаи кишвардорӣ эҳсос мегардад. Вале ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онро раванди табиӣ хонда, таъсири онро дар иқтисодиёти кишвар ночиз мешуморид ва ҳамеша кӯшиш мекард, ки иқтисоди кишварро аз муҳоҷирон ҷудо нишон диҳад. Ҳатто таъкид мекарданд, ки дигар болои пули муҳоҷирони тоҷик ва таъсири он ба иқтисоди кишвар пофишорӣ накунанд.

Рӯзи 2-уми ноябр Раиси бонки милли Тоҷикистон- Ҷамшед Нурмуҳаммадзода маҷбур шуд, дар нишасти Маҷлиси Миллӣ эътироф кунад, ки интиқоли пули муҳоҷирони меҳнатӣ аз Руссия кам шуда ба иқтисоди кишвар, сармоягузорӣ ва бонкҳо таъсири худро расонидааст ва ин омил (камшавии интиқоли ками пули муҳоҷирон) онҳоро водор кардааст, ки аз харҷҳои дуввумдараҷа даст бикашанд.
Масъалаи муҳоҷират ва иқтисодӣ кишвар

Иқтисоди кишвар асосан аз муҳоҷирати меҳнатӣ вобаста буда, чархаи онро дасти муҳоҷир мечархонад. Тамоми карру фари роҳбарият, ҷашнҳои пуршукӯҳ, зиёфатҳои пурдабдаба ҳама аз ранҷу дард, меҳнат ва маблағи муҳоҷир аст.
Пас аз эълон ва татбиқи таҳримҳои Ғарб ба Руссия ва ба вуҷуд омадани бӯҳрони иқтисодӣ дар ин кишвар, таъсири амиқи он дар кишварҳои вобаста, бахусус Тоҷикистон, ки беш аз 2 млн шаҳрвандаш дар Русия кору фаъолият мекунанд эҳсос шуд. Рӯи ин таъсирҳо иқтисоддонҳои кишвар таъкид мекарданду мекунанд, вале блоки иқтисодии кишвар то ин замон онро нодида мегирифт.

Афзоиши рӯзафзуни мушкилоти молиявӣ дар кишвар бо камшавии интиқоли пулҳои муҳоҷирон собит месозад, ки иқтисоди мо комилан бастаи пули муҳоҷирон аст.

Кафидани бонкҳо мисли пуфак, иҷро нашудани нақшаи андоз ва маҷбуран ситонидани он барои соли ҳанӯз фаронарасидаи молиявӣ (2019 ва ҳатто 2020), фирори бесобиқаи ҷавонон аз кишвар, афзоиши худкушӣ бо сабабҳои иқтисодӣ, баста шудани садҳо корхонаи хурду миёна ва даст аз соҳибкорӣ бардоштани ҳазорон нафар гувоҳи он аст, ки иқтисоди Тоҷикистон бе пули муҳоҷирон мисли мошини бе муҳаррик аст. Ҳатто лентабуриҳо нишон медиҳанд, ки вазъи иқтисодии кишвар хеле хароб аст — раисҷумҳур лентаи биноҳои таъмиршударо мебурад ё корхонаҳоеро, ки чанд сол пештар ба кор оғоз карда буданд.

Пахта ва алюминий ҳамеша “муҳаррик”-и иқтисоди кишвар тавсиф мешуд, ки дуруғе беш набудааст. Ва ё шояд 20 сол қабл, замони ҷанги шаҳрвандӣ ва муддате пас аз он ин ду маҳсулот воқеъан муҳаррики иқтисод будаанд, аммо дертар ҷойро барои муҳоҷирин холӣ намудаанд.

То оғози бӯҳрони иқтисодии Руссия (соли 2014) муҳоҷирони тоҷик аз тариқи бонкҳо беш аз 4 миллиард доллар ба кишвар маблағ мефиристодаанд. Ҳади ақал 2 миллиарди дигар ба воситаҳои гуногун — бо худ бурдан, интиқоли ғайрирасмӣ, воридоти амвол, аз ҷумла нақлиёти калону хурд ва ғайра вориди Тоҷикистон мешуданд. $6 миллиард, дар як сол, ки баробар ба маҷмӯъаи маҳсулоти дохилии кишвар ва 2,5 маротиба бештар аз буҷаи кишвар аст!

Ҳукуматдорон, бахусус аъзои Оила аз ҳисоби пули муҳоҷир ҷашнҳои шоҳона барпо мекарданду мерақсиданд, фасод, заминфурӯшиву мансабфурӯшӣ ба авҷи худ расида буд. Фикр карданд иқтисод ҳамин аст — ҳамеша муҳоҷирони меҳнатӣ $6 млрд ва беш аз он кор карда, бо ду дасти адаб ба кишвар интиқол хоҳанд дод ва ин тоифа бе дарди миён кайфу сафо хоҳад кард. Бо ҳамин гумон кишварро байни худ тақсим карданд, зиёиёну интиқодгаронро зиндон, ширкату идеияҳои амалишудаи тоҷиронро ғасб, тамоми тиҷоратҳоро сар аз хурокворӣ, газу нафт то шираи растанӣ монополия намуданд ва ҳатто ҳуҷатҳои расмии давлатӣ сар аз шиносномаву ҳуҷати ронандагӣ то варақаи тиббӣ ба бизнес табдил доданд. Роҳи пулакӣ, ширкатҳои бузурги сохтмонӣ, осоишгоҳҳои шахсишудаи давлатӣ, ки як дирам на андоз месупоранд. Ҳоло то бунёди НБО-и Роғун, “Барқи тоҷик”-ро низ хусусӣ карданианд, ва пешакӣ нархи барқро то 20 дирам боло бурданд.

Дар ҷаласаҳои ҳукуматӣ ва паёмҳои солона аз суръати баланди рушди иқтисодӣ, боло рафтани маоши кормандони буҷавӣ (дар ҳоле, ки маош дар Тоҷикистон поёнтарин байни кишварҳои ИДМ аст), таъсиси ҷойҳои корӣ ва ҳатто аз харидани мошину телефонҳои мобилӣ гузориш медоданду ин ҳамаро ба “иқдомҳои ҳукумати кишвар ва “Пешвои миллат”” пайванд мекарданд. Аммо баробари кам шудани пули муҳоҷирон маълум шуд рушди иқтисодӣ на ба иқдомҳои ҳукумат, балки ба иқдомҳои муҳоҷирини меҳнатӣ вобаста будааст — ҳатто тасмими кӯчонидани зану фарзандаш ба Русия, ки аз тарафи муҳоҷир гирифта шуд, ба иқтисоди кишвар зарба ворид кард.

Дар ҳоле, ки интиқоли пули муҳоҷирин бо суръат кам мешавад, аждаҳои Оила сарҳои нав мебарорад. Агар қаблан он як сар бо чеҳраи Ҳасан Асадуллозода дошт, ҳоло чанд сари дигар бо чеҳраҳои Озодаву Таҳмина, Рустаму Шамсулло ва ғайра баровардааст, ки ба ҳар сар як буҷаи кишвар камӣ мекунад ва байни худ барои чамъ кардани сарват мусобиқа доранд.

Кӯшишҳои ахири мақомот барои водор кардани Русия ба сабук кардани қавонини муҳоҷират ва авфи муҳоҷирони ихроҷшуда ҳам далели ин аст, ки мақомоти кишвар ҳанӯз ҳам ҳеҷ гузинае ба ҷои пули муҳоҷирин дар назар нагирифтаанд. Ин кӯшишҳо на танҳо ҷанбаи иқтисодӣ, балки ҷанбаи сиёсӣ ҳам доранд. Ҳукумат мекӯшад ин қувваи бузургро дар фосила нигоҳ дорад. Чун муҳоҷирин қувваи бузурги таъминкунандаи субот дар кишваранд, ки агар бихоҳанд метавонанд дар як муддати кӯтоҳ, аждаҳои ҳаштпову чандкалларо ба ҷавобгарӣ кашанд ва кишварро аз он наҷот диҳанд.

Илҳомҷон Ёқубов
Раиси ассотсиатсияи муҳоҷирони ОМ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *