Давлати Чин дар талош барои аз байн бурдани гароиши рӯзафзуни бархе чиниҳо ба ҷашнҳои арӯсӣ муҷаллал ва пурҳазина аст. Мақомоти Чин ҳамчунин мехоҳанд маросими саргармиҳои шӯхиомези қабл аз маросими издивоҷро мутаваққиф кунад, ки дар мавориде мумкин аст бо ҳаракоти хашин ва ҷинсӣ ҳамроҳ бошад.
Масъулон гуфтаанд ин ҷашнҳои арӯсӣ ҳам хеле исрофомез ва ҳам хилофи арзишҳои сотсиалистӣ ва арзишҳои Чин аст, гузориш додааст ВВС-и форсӣ.
Ҳамчунин баргузории навъе аз маросими суннатӣ дар ин кишвар, ки завҷҳоро мукаллаф ба анҷоми корҳои сахт ва хатарнок мекунад ва онҳоро гоҳе дар шароити таҳқиромезе қарор медиҳад, низ аз контрол хориҷ шудааст.
Масъулон дар Пекин гуфтаанд, ки ин роҳҳал метавонад талош барои стандартсозии маросим ба шакли содда ва суннатии он бошад.
Ҳоло, ки баргузории ҷашнҳои бузурги арӯсӣ дар Чин мӯд шудааст, мардуми Чин мисли бисёре аз кишварҳои дигар, худашонро дар рақобати рӯзафзун бо ҳамсоягон ва дӯстон дар баргузории ин гуна ҷашнҳо мебинанд.
Ин яъне пазироиҳои муҷаллал ва пурҳазина, либосҳои шик ва гаронқимат, аксбардории арӯсӣ дар хориҷ аз кишвар ва анҷом додани ҳар коре бидуни дар назардошти ҳазина он.
Аз меҳмонон ҳам интизор меравад ҳадяҳои гаронқимити бо худ биоваранд.
Вазорати умури мадании Чин бо маҳкум кардани чунин маросим онро «исроф ва пуч» хондааст ва пешниҳод карда ба ҷой чунин ҷашнҳое маросими «сода ва мутавассит» баргузор шавад.
Масъулон ҳамчунин гуфтаанд, ки барои мубориза бо «гароишҳои манфии иҷтимоӣ ва арзишҳои ғалат» ин маросим бояд мутобиқи арзишҳои сотсиалистӣ ва фарҳанги суннатии Чин баргузор шавад.
Яке аз масъулон ба телевизион давлатии Чин гуфтааст, ки масъулон қарор аст «роҳнамоии раванди ҷашнҳои арӯсӣ ва маблағҳои ҳадяҳои нақдиро таъйин хоҳад кард.»
Бори аввал нест, ки Чин дар талоши контроли чунин мавориде дар ин кишвар аст. Дар соли 2016 Ҳизби коммунист дастуруламалҳоеро мунташир кард, ки дар он чигунагии баргузории ҷашни арӯсӣ бар асоси ин ҳизб низ буд.
Тоҷикистон низ бо қабули қонуни танзими расму ойин маросимҳои шодиву ғами мардумро зери назорат гирифт маҳдудиятҳое дар баргузории онҳо ҷорӣ кард. Мақомот даъво карданд ин қонун чанд миллиарди мардумро сарфа карддаст.