Ҷумбиши мардумии «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон» аз ҳисоби аъзо ва тарафдоронаш маркази ҳамохангсозии «Ҳомиёни Ватан» таъсис дод.
Дар ин бора дафтари матбуотии ин ҷумбиш гузориш дода навиштааст, ҷумбиш тасмим гирифт барои боз хам фарохтар намудани фаъолияти худ, сафарбар намудани ҷавонон барои дифоъ аз ҳуқуқҳои худ дар доираи қонун, барои сохтани ҷомеаи воқеан ҳам демократӣ дар Тоҷикистон, маркази ҳамохангсозии «Ҳомиёни Ватан»-ро таъсис бидихад.
Ҷумбиши мардумии «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон» (ИРТ) дар ин гузориши худ эълом кардааст, ки сафи тарафдоронаш ба ҳазорҳо расида, садҳо нафар шаҳрвандони кишвар бо ин ҷумбиш ҳамфикру ҳампаймон шуда истодаанд.
ИРТ баъди рабуда шудани раҳбараш сари забонҳо рафт ва маъруф шуд. Чанд нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам эълон карданд бо эътироз ба рабудани Гадоев ба ҷунбиши таъсисдодаи ӯ мепайванданд.
Тавре дар гузориш омадааст, ҳадафи асосии маркази ҳамохангсозии «Ҳомиёни Ватан» хидмат ба Тоҷикистон ва омӯзиши паҳлуҳои гуногуни санъати идоракунии давлат мебошад.
Ҳамчунин чанде аз ҳадафҳои дигари маркази ҳамохангсозии «Ҳомиёни Ватан» дар гузориш зикр шудааст. Аз ҷумла:
а) муттаҳид намудани тарафдорон дар дохил ва хориҷи кишвар;
б) фаъолият намудан дар доираи барномаи амал;
в) муҳайё намудани фазои солим барои фаъолияти тарғиботӣ;
г) таҳкими ҳисси ватандусти ва баланд бардоштани ҳуввияти миллй;
д) ҳамдастй дар шаклгирии мавқеи ҳаётан муҳими ҷавонон;
е) таъсир ба таъмини бехатарии миллӣ
ё) пурзӯр намудани мақоми сиёсӣ ва мудофиавӣ;
ж) иттиҳоди ҳаракату созмонҳо, муттаҳид намудани нерӯи зеҳнӣ, ҳамдигарфаҳмии табақаҳои солимфикри ҷомеа барои сохтани давлати иҷтимоӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аз рӯи принсипҳои демократй ва адолати иҷтимоӣ;
з) табдил додани ҳаракат ба неруи боиқтидор ва ташкилотчӣ пешниҳод ва татбиқи модели рушди босамари иқтисоди
и) омӯзиш ва таҳияи базаи кадрӣ;
к) тарғиб ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи фарҳанги ва омузиши илму техналогияи муосир.
Илова бар ин Ҷумбиши мардумии «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон» аз ислоҳоти кадрӣ дар ниҳоди идории худ хабар додааст. Бино ба манбаъ 31 март соли 2019 дар шахри Эйдховени Ҳуллон нишасти изтирории созмон баргузор шуда, аъзои Садорати ҷунбиш якдилона Шарофиддин Гадоевро раис ва Алишер Абдурахмоновро ҳамоҳангсози ҷунбиши «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон» интихоб намуданд.
Шарофиддин Гадоев дар посух ба суоли Паём, ки оё «Ҳомиёни Ватан» идеяи танҳо ИРТ аст ё дар ҳамоҳангӣ бо Паймони Миллӣ сурат гирифтааст гуфт, «ин тасмими худи ҷумбиши Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон аст, аммо мо ҳатман барномаҳоямонро бо Паймони Миллӣ ҳамоҳанг хоҳем кард».
Ӯ гуфт умед дорад дар оянда Паймони Миллӣ ҳам дар кори ин ниҳод мекунад ва ин «Ҳомиёни Ватан» ба як пружаи умумии оппозитсионӣ табдил меёбад.