Ҳукумати Тоҷикистон барои таъсиси Шӯрои нав барои пешгӯии авзоъ дар бахши иқтисоду иҷтимоъ иқдом кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳи сипаришудаи март қарореро ба имзо расонидааст, ки тибқи он, Шӯро дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдо таъсис меёбад ва фаъолияти вазорату кумитаҳоро бо ҳукуматҳои маҳаллӣ зимни таҳияи нақша ва дурнамои рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон ҳамоҳанг мекунад.
Тибқи қарор Ҳукумат ба Шӯро салоҳият додааст, ки рушди иқтисодию иҷтимоии кишварро баҳогузорӣ карда, дар суратҳои зарурат ба дурнамои рушд тағйирот пешниҳод намояд.
Вазифаи Шӯро ин мешудааст, ки равандҳои иқтисоди миллӣ, тамоюли илму техника, вазъи демографию экологӣ, вазъи ҷомеа, имконоти мавҷудаи кишвар, мавқеи сиёсию иқтисодии мамлакат ва шарикони тиҷорияшро ба назар гирифта, дурнамои вазъи иқтисодию иҷтимоиро таҳлил намояд.
Таъсиси Шӯрои нави методӣ барои муайянсозии рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар ҳолест, ки коршиносон мегӯянд, ба шарте ин ниҳод муфид ба ҷомеа хоҳад буд, ки ба нафъи давлат кор кунад, на ба нафъи гурӯҳе.
Абдуманнон Шералиев, таҳлилгари масоили иқтисодӣ аз таъсиси Шуро истиқбол кард, вале гуфт «худи идея бад нест, аммо ба кор хоҳад рафт ё на, масъала аст».
Ин таҳлилгар мегӯяд, барои таъсиси ин гуна ниҳодҳо бояд як институт шакл гирад, ки дар Тоҷикистон тақрибан вуҷуд надорад. «Баъдан ин гуна ниҳодҳо замоне метавонанд фаъолият кунанд, ки иқтисод ба нафъи давлат кор кунад, на ба нафъи гурӯҳе. Барои мисол, фардо ин шӯро пешниҳод кард, ки барои арзон шудани қимати билети ҳавопаймо, бояд воридоту фурӯши керосин аз монополия озод карда шавад, то рақобат ва дар натиҷа арзоншавии нарх ба вуҷуд ояд. Магар ин пешниҳодаш қабул мешавад? Албатта, на. Чун зӯри давлат ба монополистҳо намерасад».
Шералиев афзуд, ки таъсиси Шуро ба ҳар ҳол барои пешгӯиҳои иҷтимоӣ ва ҷилавгирӣ аз паёмадҳои нохуби баъзе иқдомоти ҳукумат, шояд тавонад кореро анҷом диҳад. Ба шарте, ки ба он нафароне ҷалб шаванд, ки дилашон ба миллат ва ояндааш месӯзад.