Рубрики Хабарҳо

Индонезия равобити бидуни никоҳро ҷиноят эълом кард

Парлумони Индонезия рӯзи сешанбе 6 декабр ба тарҳе раъй дод, ки тибқи он “робитаи ҷинсии хориҷ аз издивоҷ” ҷурм талаққӣ мешавад. 

Ислоҳи қонунҳои ҷиноии ин кишвар, ки ёдгори даврони истеъмори Ҳоланд аст, бо аксарияти намояндагон ба тасвиб расид. Тибқи ин ислоҳ равобити ҷинсии бидуни издивоҷ ва ҳамчунин зиндагии муштараки завҷҳое, ки издивоҷи қонунӣ накардаанд ҷурм ба ҳисоб меояд ва хилофкорон муҷозот хоҳанд шуд. 

Тибқи матни ин қонун ба ривояти хабаргузории Фаронса, муҷозоти афроде, ки зиндагии муштараки ғайриқонунӣ доранд метавонад то 6 моҳ ҳабс бошад ва онҳое, ки равобити ҷинсии хориҷ аз издивоҷ доранд низ метавонанд ба як соли ҳабс маҳкум шаванд. 

Ясуна Лоули, вазири қонун ва ҳуқуқи башари Индонезия тайи нутқе дар парлумони Индонезия гуфт: “мо тамоми талоши худро ба кор гирифтем то мавзӯъоти муҳим ва назароти мухталиферо, ки мавриди баҳс қарор гирифт дар назар бигирем. Бо ин ҳол, замони он фаро расидааст, ки тасмими таърихӣ барои ислоҳи қонуни муҷозот бигирем ва қонунҳои ҷиноиро, ки аз даврони истеъмор мерос мондаанд, канор бигузорем.” 

Дар ҳамин ҳол созмонҳои ҳуқуқи башар ин тасмими мақомоти Индонезияро “ақибнишинӣ аз озодиҳо ва тағйир ба самти бунёдгароӣ” дар пурҷамъияттарин кишвари мусулмоннишини ҷаҳон ёд карда ва ин қонунро маҳкум кардаанд.

Мухолифони ин тарҳи қонун рӯзи душанбе дар Ҷакарта таҷаммӯъ карданд. Ин афрод, ки расонаҳои маҳаллӣ теъдоди онҳоро “чанд сад” нафар гузориш кардаанд бо ҳамли дастнавиштаҳое мисли “бозбинии қонунҳои ҷиноиро раҳо кунед” саъй доштанд монеъи тасмими қонунгузорони индонезиягӣ шаванд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *