Вазорати кишоварзии Қазоқистон содироти гандум ва ордро маҳдуд мекунад то дар давраи шуюи коронавирус таъмини ниёзи шаҳрвандони худро ба ғалла ба низом дарорад.
Вазорати кишоварзии Қазоқистон мамнӯияти қаблии содироти гандум ва ордро лағв, аммо мизони содиротро маҳдуд кардааст.
Бархе манобеи хабарӣ гузориш додаанд, ки Қазоқистон аз моҳи апрел содироти гандумро ба 200 ҳазор тонна ва содироти ордро ба 70 ҳазор тонна маҳдуд хоҳад кард.
Ин дар ҳоле аст, ки Қазоқистон аз моҳи июли соли 2019 то феврали 2020 моҳона 350 ҳазор тонна гандум ва 123 ҳазор тонна орд содир кардааст.
Дар пайи паҳншавии коронавирус, давлати Қазоқистон ҳудуди ду ҳафта пеш содироти маводди ғизоии зарурӣ шомили орд, гандум, шакар, картошка, сабзӣ, пиёз ва равғани растаниро мамнӯъ карда буд.
Дар ҳамин ҳол тавлидкунандагони орд дар Қазоқистон таъкид мекунанд, ки ин кишвар захираҳои зиёд дорад.
Досмукосон Тобекбоев, мудири як ширкати тавлиди орд дар Қазоқистон дар интиқод аз маҳдудияти содироти гандум ва орд аз ин кишвар гуфтааст: Мо акнун қарордодҳое бо харидорони маҳсулоти худ дар Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Афғонистон имзо кардаем, ки мунтазири орди мо ҳастанд; мо наметавонем ҳамсоягони худро ба гуруснагӣ бикашонем.
Қазоқистон то охири ҳафтаи гузашта 448 мавриди ибтило ва се мавриди марги бархоста аз коронавирусро гузориш дод.