Парвандаи Далер Шарипов ба додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур рафт
Парвандаи Далер Шарифов, рӯзноманигори мустақили тоҷикро барои муҳокима ба Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе фиристодаанд. Вай аз моҳи январ дар боздоштгоҳ аст. Интизор меравад, рӯзҳои наздик мурофиа шуруъ шавад, аммо то ҳол санаи дақиқи он маълум нест.
Шарифов расман ба барангехтани кинаву адовати миллӣ ва мазҳабӣ муттаҳам аст. Қонуни ҷиноии Тоҷикистон барои ин иттиҳом то 5 соли зиндонро пешбинӣ кардааст.
Наздикони Далер ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон ин иттиҳомро беасос медонанд ва озодии ҳарчи зуди ӯро талаб доранд.
Ба гуфти Вакилони мудофеи Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, ки аз ҳаққи Далер Шарифов ҳимоят мекунанд, парвандаи рӯзноманигор рӯзи ҷумъа ба Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ирсол шудааст.
Таҳқиқи қазияи хабарнигор охири моҳи марти имсол аз сӯи муфаттишони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба анҷом расид. Баъдан онро барои баррасӣ ба додситонӣ фиристоданд.
Далер Шарифов, хабарнигори 32-солаи тоҷикро рӯзи 28-уми январи имсол дастгир карданд.
Дар баёнияи се созмони ҳомии ҳуқуқ омадааст, аз соли 2015 инҷониб дар Тоҷикистон вазъи ҳуқуқи инсон ва дастрасии мардум ба озодии баён бадтар шуда, мухолифон саркӯб гардиданд ва фазо барои фаъолияти ҷомеаи маданӣ танг гашт. Мақомот ҳамвора ин танқидҳоро рад кардаанд.