Мақомоти тандурустии вилояти Суғд ва беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки дирӯз ба карантини комил фаро гирифта шуд, вуҷуди коруно дар табибони ин ноҳия ва марди 60-солаи фавтидаро рад карданд.
Муовини Раёсати тандурустии вилояти Суғд Маъруф Ҳоҷибоев ба хабаргузории “Азия Плюс” гуфтааст, ки “маълумот дар бораи марги як нафар аз вируси коруно дар Тоҷикистон ҳеҷ асосе надорад”.
Гуфтанист, шоми дирӯз “Радиои Озодӣ аз карантини комили беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд бинобар марги як нафар ва эҳтимоли гирифтории гурӯҳи табибон хабар дода буд.
“Танҳо шубҳа пайдо шуда буд, бинобар ин мо 11 табиб ва ҳамшираи беморхонаи ноҳияи Ҷ. Расуловро, ки дар он сокини 61-солаи ҷамоъати Янги Ҳаёт Ҳабибулло Шодиев бистарӣ буд, карантин кардем. Ҳамчунин бародар ва ҷияни ӯ низ карантин шуданд. Ташхисҳои аввалия манфӣ баромаданд. Метавон гуфт, дар Тоҷикистон то ҳол ягон ҳолати гирифтори бо коруно ба қайд гирифта нашудааст ва умед дорем, ки намешавад” — гуфтааст Ҳоҷибоев.
Муовини сардухтури беморхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов Алишер Абдукаримов низ вуҷуди вирус дар ин беморхонаро рад кардааст.
“Моро дирӯз баъди нисфирӯзӣ карантин карданд ва ман чун табиб ин тасмимро дастгирӣ мекунам. Дар баъзе ВАО хондам, ки гӯё ман дар ҳолати вазнин қарор дорам ва аз ин шокӣ шудам. Ман саломатам. Футбол бозӣ карда, каме шамол хӯрдам. Дирӯз моро дар бахши карантинии беморхонаи Хуҷанд бистарӣ карданд, ташхис гирифтанд ва онҳо манфиянд. 14 рӯз инҷо дар барои пешгирӣ мемонем” — гуфтааст ӯ.
Абдукаримов ҳамчунин гуфтааст ки Шодиев пневмонияи дутрарафа, фишори хун ва сурфа дошт, аммо ташхис ба вируси коруно манфӣ баромадааст.
“Ба гуфтаи наздиконаш ӯ ба хориҷ сафар накарда буд. Ба хотири эҳтиёт мо табибон худро ташхис кардем ва хушбахтона натиҷаи ташхиси мо низ манфӣ баромад” — қайд кардааст ӯ.
Гуфтанист, дар хабари Радиои Озодӣ гуфта мешавад, ки наздикони Шодиев иқрор кардаанд, ки ӯ ба Қирғизистон сафра карда буд.