Рубрики Хабарҳо

Мақоми эронӣ Амрикоро ба ҷилавгирӣ аз додани қарз ба Эрон муттаҳам кард

Сандуқи байналмилалии пул зоҳиран бо дархости қарзи 5 миллиард долларии Эрон барои муқобила бо шуйӯъи коруно мувофиқат накардааст. Алӣ Шамхонӣ, дабири Шӯрои амнияти Эрон мегӯяд надодани ин қарз ба далели мухолифати Амрико буда ва ин кор мисдоқи “ҷиноят алайҳи башарият” аст. 

Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири хориҷаи Ҷумҳурии исломӣ ҳудуди як моҳ пеш аз эъломи омодагии Кристина Георгиева, мудири омили Сандуқи байналмилалии пул барои эътои сабукиҳои изтирорӣ ба кишварҳои даргир бо шуйӯъи вируси коруно хабар дод ва гуфт Бонки марказии Эрон “дархости дастрасии фаврӣ ба ин имконро матраҳ карда аст”. 

Бархе манобеъи хабарии хориҷӣ ва расонаҳои дохилӣ рӯзи якшанбе, панҷум апрел гузориш додаанд, ки номи Эрон дар феҳристи даҳҳо кишвари дарёфткунандаи кӯмакҳои изтирории банки ҷаҳонӣ ва сандуқи байналмилалии пул барои мубориза бо шуйӯъи вируси коруно вуҷуд надорад. 

Сандуқи байналмилалии пул эъломи омодагӣ карда буд 50 миллиард доллар ба унвони кумаки изтирорӣ барои муқобила бо шуйӯъи коруно дар ихтиёри кишварҳои узв қарор диҳад. 

Абдунносир Ҳимматӣ, раиси кулли Бонки марказии Эрон чанд рӯз баъд дар сафҳаи шахсии худ дар инстогаром хабар дод, ки дархости Эрон барои дарёфти вом тайи номае ба иттилоъи мудири омили Сандуқи байналмилалии пул расидааст. 

Ҳимматӣ навишт: “Вокуниши ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Сандуқи байналмилалии пул метавонад меъёри хубе барои арзёбии иддаоҳои онҳо дар кӯмак ба контроли ин вирус ва коҳиши шумори мардуми осебдида, бошад.” 

Сандуқи байналмилалии пул гуфта буд сабукиҳои изтирории худро дар дастраси кишварҳои камдаромад ё бо даромади мутавассит аммо бо низомҳои заифи беҳдоштӣ қарор хоҳад дод. Ҳимматӣ низ навишта буд Эрон тақозо карда “ҳудуди 5 миллиард доллар” аз ин тасҳилотро дарёфт кунад. 

Акнун, ки зоҳиран бо тақозои Ҷумҳурии исломӣ барои дарёфти тасҳилоти чандмиллиарддолларӣ мувофиқат нашуда, Алӣ Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллӣ масъулияти ин корро мутаваҷҷеҳи Иёлоти муттаҳида кардааст. 

Шамхонӣ 5 апрел дар як паёми твиттерӣ навишт: “Таҳрими васоити беҳдоштӣ иқдоме ғайриқонунӣ, зидди ҳуқуқи башарӣ ва душмании ошкории Трамп бо миллати Эрон аст. Мухолифати Амрико бо эътои сабукиҳои дархостии Эрон аз Сандуқи байналмилалии пул барои таъмини васоити мавриди ниёзи муқобила бо коруно мисдоқи воқеии ҷинояти алайҳи башарият аст.” 

Ҳамзамон, хабаргузории Форс феҳристӣ аз кишварҳое, ки Сандуқи байналмилалии пул ва бонки ҷаҳонӣ бо додани сабукиҳои изтирорӣ ба онҳо мувофиқ карда мунташир кард. Дар ҳоле, ки Эрон 5 миллиард доллар, ва як даҳуми кулли қарзҳои пешбинишуда барои ҳама кишварҳо, вом тақозо карда буд, ағлаби кишварҳо вомҳои байни чанд даҳ то чанд сад миллион доллар бештар дарёфт накардаанд. 

Як миллиард доллар вом барои Ҳинд 

Болотарин мизони вомро банки ҷаҳонӣ барои Ҳинд ва ба мизони як миллиард доллар дар назар гирифта, ки бо таваҷҷуҳ ба ҷамъияти як миллиарду 300 миллионнафарии ин кишвар рақами чашмгире ба шумор намеравад. 

Хабаргузории Форс 5 апрел дар гузорише бо тарҳи ин савол, ки оё Амрико бо дархости воми Эрон мувофиқат мекунад ва бо ишора ба саҳми Иёлоти муттаҳида дар Сандуқи байналмилалии пул навишт: “Нуктаи қобили таваҷҷуҳ ин аст, ки Амрико бар асоси қавонини дохилии худ наметавонд барои пардохти вом ба Эрон раъйи мусбат диҳад ва намояндаи ин кишвар дар Сандуқи байналмилалии пул муваззаф аст, ки бо ин қарз мухолифат кунад.” 

Ин хабаргузорӣ иллати иҷбори намояндагони Амрико дар Сандуқ барои мухолифат бо тақозои воми Эронро қавонин ва мусаввабаҳои мутааддиде дар Иёлоти муттаҳида унвон карда, ки дар онҳо Эрон як кишвари ҳомии терроризм маҳсуб мешавад. 

Феҳристи сиёҳи FATF

Яке дигар аз иллатҳои душвории додани қарз ба Ҷумҳурии исломӣ тасмими ахири гурӯҳи вежаи иқдоми молии (FATF) барои гунҷондани ном Эрон дар феҳристи сиёҳ метавонад бошад. 

Ин гурӯҳ пас аз чанд бор тамдиди мӯҳлати Эрон барои тасвиби қавонини марбут ба узвият дар конвонсиюнҳои мубориза бо пулшуӣ ва таъмини молии терроризм ва адами тасвиби онҳо, саранҷом Ҷумҳурии Исломиро вориди феҳристи сиёҳи худ кард. Ба ин тартиб ҳар гуна ҳамкории молӣ ва бонкӣ бо Эрон бисёр душвортар аз қабл шудааст. 

Мудири омили Сандуқи байналмилалии пул рӯзи шанбе дар як конфронси хабарӣ аз тариқи маҷозӣ гуфт: “Беш аз 90 кишвар аз 189 узви Сандуқ дархости кумаки изтирорӣ барои расидагӣ ба буҳрони коруно кардаанд. Сандуқ ва Созмони ҷаҳонии беҳдошт хостаанд кумакҳои изтирорӣ сарфи тақвияти низоми саломат, пардохти ҳуқуқи пизишкон ва парасторон ва хариди лавозим ва таҷҳизоти муҳофизатӣ шавад.” Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки қарор аст мизони қарз ду баробар шавад. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *