6 нафар тоҷикиони муқими Амрико баъди гирифтор шудан ба вируси коруно дар беморхонаҳои Амрико бистарӣ шудаанд. Ҳолати марги ҳеҷ тоҷике ба қайд гириста нашудааст, аммо ду шаҳрванди Ӯзбекистон — як мард ва як зан дар беморхонаҳои Ню Йорк ҷони додаанд.
Дар бораи ибтилои 6 тоҷики муқими Амрико ба COVID-19 блогери тоҷик Аҳмадҷон Каримзода хабар дод. Ӯ вазъи Амрикоро бисёр бад тавсиф кард ва хабар дод, ки тибқи маълумоти пайдокардааш ин шумор тоҷикон дар беморхонаҳои иёлоти гуногуни Амрико бистарӣ ҳастанд.
Каримзода, ки ба ронадагии мошини боркашон машғул аст гуфт, баъди муддате карантин ба кор баромадааст ва аз чанд иёлати Амрико дидан кардааст. “Вазъият ҳама ҷо як хел аст. Ҳама ҷо карантин ва кӯчаҳо холӣ” — гуфт ӯ.
Ӯ ҳамчунин гуфт бештари ҷавонони тоҷик, ки дар бахши хидматрасонӣ кор мекарданд, бекор мондаанд «аммо ягон кас гушна ва ташна нест», чун давалти Амрико ҳар ҳафта 600 доллар кӯмакпулӣ медиҳад.
Дар ҳамин ҳол тибқи иттилоъи хабаргузории Фергана ду шаҳрванди Ӯзбекистон, ки чанд соли охир дар Амрико ба сар мебурдаанд, баъди гирфитори ба вируси коруно ҷони худро аз даст додаанд.
Инҳо як зани шастсола ва як марди 51-сола гуфта мешаванд, ки ҳарду солҳо ба диабети қанд гирифтор будаанд.
Амрико бо болотарин шумори гирифторони коруно дар садри ҷадвал қарор дорад ва то ин соат дар ин кишвар 336 850 нафар гирфитор ва беш аз 9600 нафар ҷонбохта ба қайд гирифта шудаанд.
Баъди ИМА дар ҷадвал чанд кишвари аврупоӣ — Испониё (131 646), Итолиё (128 950), Олмон (100 223) ва Фаронса (92 840) меоянд, ки бо шумори гирфиторон ва ҷонбохтагон аз Чин сабқат гирифтаанд.
Баъди Чин дар ҷадвал Эрон (58 226) ва Бритониё (47 806) қарор доранд. Дар даҳгонаи аввал ҳамчунин Туркия бо 27 069 гирифтор ва 556 кушта ҷой гирифтаст.