Рубрики Хабарҳо

Фарҳанги истеъфо. Ё бо хун омадагон танҳо бо хун мераванд?

Раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков ҳамагӣ пас аз даҳ рӯзи шурӯъи эътирозҳо алайҳаш истеъфо дод. Бо ин амалкардаш раисҷумҳури Қирғизистон кишварашро бо гумони ғолиб аз хунрезӣ ва шояд ҳатто ҷанги шаҳрвандӣ наҷот дод. Аз калидитарин ҷумлаҳои омада дар баёнияи изҳоротии раисҷумҳури Қирғизистон ҳам ин аст, ки гуфт “нерӯҳои низомӣ барои ҳимоя аз идораҳои давлатӣ маҷбуранд ба самти тазоҳургарон тир холӣ кунанд. Дар ин сурат хун хоҳад рехт, ки қобили қабул нест. Ман аз ҳарду ҷониб даъват мекунам ба фитна дода нашаванд”.

Ҷеенбеков дар ин баёнияаш на танҳо аз мардум даъват кард, ки ба мабодо қадам фаротар аз эътирозоти мусолиатомез бардоранд, балеки аз нерӯҳои низомӣ низ хост ба ҳеҷ ваҷҳ ба самти мардум тир накушоянд. Ва гуфт барои пешгирӣ аз чунин тафодуфе аз мансабаш истеъфо медиҳад. 

 «Ман ба курсӣ чанг назадаам. Намехоҳам дар таърихи Қирғизистон ҳамчун раисҷумҳуре, ки хуни мардумашро рехтааст ва ба самти шаҳрвандони худаш тир андохтааст, боқӣ бимонам” — гуфт Ҷеенбеков.

Қабл аз ин ӯ боз ҳам ба хотири ҳамин пешгирӣ аз хунрезӣ ва шурӯъи низоъи хунбор дар кишвараш номзади мухолифонаш Содир Ҷабборовро ба курсии сарвазирӣ тасдиқ кард. Вале чун тасдиқи ҳукумати нав аз сӯи раисҷумҳур низ вазъро мӯътадил накард ва тазоҳургарон истеъфои бетаъхири Ҷеенбековро талаб доштанд, ӯ салоҳиятҳои раисҷумҳуриро аз дӯшаш раҳо намуд. 

Сипас аз сарвазири тозатаъин Содир Ҷабборов даъват кард, ки тарафдоронашро бозпас гардонад ва зиндагии пойтахтиҳоро ноором насозад. 

Истеъфои раисҷумҳур амрест, ки дар Тоҷикистон ҳатто тасаввураш дар сари мардум ҷой намегирад. Баҳси истеъфои Раҳмон танҳо дар расонаҳо ва байни фаъолони 

дархориҷбудаи тоҷикӣ матраҳ мешавад. Дар дохил ин мавзӯъ табу аст ва камтарин даъват ё ишора ба он метавонад барои соҳибаш мусибатбор тамом шавад. Аммо адами фикри истеъфо танҳо бо раисҷумҳур тамом намешавад. Дар Тоҷикистон метавон гуфт аслан фарҳанги истеъфо нест ва то имрӯз бо нудрат рух додааст, ки на танҳо вазиру кабир, ҳатто раиси ноҳияе ё раиси ҷамоъате ихтиёран ба истеъфо рафта бошад. 

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд “истеъфо ҳамчун падида дар ҷомеъае пазируфта шудааст, ки сатҳи баланди фарҳанги сиёсӣ ва дониши ҳуқуқӣ дорад. Ба бахти миллати қирғиз, солҳои аввали истиқлолият президенти Академияи илмҳо, ки намояндаи зиёиён буд, раисҷумҳур интихоб шуд. Ӯ хеле корҳоро ба анҷом расонид, то тарсу ҳаросро аз вуҷуди миллаташ берун кунад ва бо кӯмак дар ташаккули ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва таъмини рақобати солим рӯҳияи озодихоҳӣ дар кишварашро ташаккул дод. Дар натиҷа ҳар боре, ки миллати қирғиз беадолатиеро аз ҷониби раисҷумҳур ё маомдори дигаре эҳсос кард, ҷомеъаи шаҳрвадиаш муттаҳид мешавад ва алайҳи ин беадолатӣ садо баланд мекунад”. 

Ҷаннутллоҳи Комил, фаъоли сиёсӣ ва раҳбари дафтари ҲНИТ дар Олмон ба ин назар аст, ки аз сабабҳои аслии шакл нагирфитани фарҳанги истеъфо дар кишвар фурӯши будани мансабҳо ва ихтиёри истеъфо надоштани мансабдорон аст. “Вақте мансаб харида мешавад, ҳадаф гирифтани даромад аст ва мансабдор курсиашро ба манбаъи даромад табдил медиҳад.  Пас чӣ гуна нафар метавонад аз манбаъи даромадаш даст кашад? Аз тарафи дигар, на танҳо таъини мансабдорон, балки аз кор рафтанашон ҳам дар ихтиёри худашон нест. Онҳо ҳақ надоранд бидуни иҷозаи “боло” ба истеъфо раванд” — мегӯяд ӯ. 

Дар ҳамин ҳол, мухолифони Белорус ҳам ду рӯз қабл ба раисҷумҳури ин кишвар, ки мисли кана ба курсиаш часпидаасту ба ҳеҷ ваҷҳ онро раҳо карданӣ нест, 13 рӯз фурсат доданд. Светлана Тихановская, рақиби Лукашенко дар интихобот, ки тарафдоронаш мегӯянд на кам аз 60 дарсад раъй овардааст, гуфт дар сурати ба истеъфо нарафтани Лукашенко тамоми мардум ба кӯчаҳо хоҳад рехт ва роҳҳо баставу корхонаҳо қатъи фаъолият мекунанд. 

Лукашенко ҳам мисли Ҷеенбеков ду интихоб дорад: ё ба самти мардум тир кушояду ҷанги шаҳрвандиро шурӯъ кунад ва кишварашро ба хун кашад, ё билохира ба истеъфо рафта мардумашро аз шарри худ наҷот диҳад. Тақдири ояндаи як кишвари аврупоӣ ба тасмими як диктотур бастагӣ дорад. 

Мардуми Тоҷикистон аз оғози шурӯъи тазоҳурот дар Минск, сипас дар Бишкек бо диққати тамом онро назора ва болояш баҳс мекунанд Пайгирии ин баҳсҳо нишон медиҳад, ки аксарияти кулли мардум, ҳади ақал корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин умеданд, ки билохира тазоҳурот бо талаби истеъвои Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон низ шурӯъ хоҳад шуд. Танҳо гурӯҳи бисёр кӯчаке, ки қаблан ҳам дар тарафдорӣ аз режими Раҳмон фаъол буданд ва аксари онҳоро аъзои “фабрикаи ҷавоб” мехонанд, алайҳи эътирозҳо дар Минску Бишкек садо баланд мекунанд ва ба мардуми ин ду кишвар метозанд, ки доранд кори баде мекунанд. 

Ба ин ки рӯзе пои эътирозот ба Тоҷикистон ҳам мерасад ва мардум ба кӯчаҳо хоҳад рехт, дигар касе шубҳа надорад. Масъала танҳо вақти он аст, ки кай фаро мерасад — як моҳ пас, як сол ё чанд соли дигар. 

Аммо вокуниши Раҳмон бо эътирози мардум чӣ гуна хоҳад буд? Ба ин суол худи ӯ чанд сол қабл зимнан посух дода буд: бо хун омадем, бо хун меравем. Вале аз он замон қариб бист сол гузашт ва имкон дорад ҳоло назараш тағйир крада бошад. Барои ин бояд ба вокунишҳояш ба эътирозҳои кӯчак ё таҳдиди эътирозҳо нигарист.

Яке аз охирин вокунишҳои раисҷумҳури Тоҷикистон ба имкони эътироз ба панҷ соли қабл бармегардад. Замоне, ки ҲНИТ натиҷаи интихоботи парлумониро қабул накард ва дар толоре, ки намояндагони ҳизб аз гӯшаву канори кишвар ҷамъ шуда буданд, садоҳои даъват ба тазоҳурот баланд шуданд. Тибқи гуфтаи Муҳиддин Кабирӣ, раиси ин ҳизб, вақте ин гана даъватҳо садо доданд, ба ӯ Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода, муовини вақти вазири дифоъ занг мезанад ва огоҳ мекунад, ки идораи ҲНИТ бо чаҳор ҳалқа печонида шудааст ва фармон шудааст, ки дар сурати ба тазоҳурот баромадани аъзои ҳизб ба самташон оташ кушода шавад. Ҳамин занги муовини вазир боси мешавад раиси ҲНИТ мардумро ором созад ва тазоҳурот сурат нагирад.

Ё тазоҳуроти Хоруғ, ки режим билофосила ба онҷо артиш ва тонку туп фиристоду мардумро кушт. Бори дуввум пеши роҳи хунрезиро танҳо ҳушёриву кампини хуброҳандозикардаи мардуми Бадахшон гирифт. 

Аммо вокуниши режим ба як тазоҳуроти кӯчаке, ки имсол дар ноҳияи Хуросон рух дод: тамоми ширкаткунандагони он боздошт ва бозпурсӣ шуда, панҷ нафарашон ба Душанбе бурда шуданд ва то ҳанӯз ҳеҷ хабаре дар бораи онҳо вуҷуд надорад, ё ҳади ақал расонаӣ нашудааст. 

Яке дигар аз мисоли вокуниши мақомоти Тоҷикистон ин бархӯрди онҳо бо фаъолони дар хориҷбуда аст, ки ба мардумро аланан ё бо ишора ба бедоршавӣ ва тазоҳурот даъват мекунанд: онҳоро дар пайгард қарор медиҳанд, хонаводаҳояшонро пайваста фишор меоранд ва тӯҳматҳои гӯшношуниде алайҳашон дасткорӣ мекунанд. Намудҳои вокуниши мақомот ба камтарин садои эътирозӣ зиёданд, ки бо ҳамин се мисол иктифо мекунем.  

Бо дарназардошти ин се мисол оё мешавад гуфт, ки дар сурати шурӯъи эътирозҳо Эмомалӣ Раҳмон даст ба куштори дубораи мардумаш хоҳад зад, ҳамчунон, ки 28 сол қабл бо танку тӯпи бегона вориди пойтахти кишвараш шуду хуни ҳазорон нафарро рехт?  

Муҳиддин Кабирӣ ба ин назар аст, ки дар сурати шурӯъи эътирозоти густарда, Эмомалӣ Раҳмон билофосила фирор хоҳад кард. “Диктаторҳо тарсончак мешаванд, к Раҳмонов яке аз онҳост. Ҳамин ки мардум ба по хест ӯ ҳамон лаҳза бо фарзандону набераҳояш бо тайёраи омодааш рӯ ба гурез мениҳад” — гуфт ӯ дар яке аз охирин сӯҳбатҳояш бо мардум. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *