Бозии дӯстона миёни тимҳои миллии футзали Тоҷикистон ва Русия, ки шаби 7-уми ноябр дар Қасри теннис ва намудҳои варзиши обии Маҷмааи универсалии варзишии шаҳри Душанбе баргузор шуд, бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 10:7 ба поён расид.
Нимаи аввали дидор бо ҳисоби мусовии 3:3 хотима ёфт. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Идрис Ёров, Бахтиёр Солиев ва Дилшод Саломов ба самар расонданд. Ду голи мунтахаби Русия ба Янар Асадов ва яктоаш ба Сергей Денисов марбут аст.
Дар нимаи дувуми дидор мизбонон ҳафт гол ва меҳмонон чаҳор гол заданд. Бозигари мунтахаби Тоҷикистон Файзалӣ Сардоров ба дарвозаи мунтахаби Русия чаҳор гол (яктоаш аз пеналти) ворид кард. Се голи дигари мизбононро Идрис Ёров, Дилшод Саломов ва Бахтиёр Солиев ба нишон расонданд.
Ҳамин тариқ, бозии аввали дӯстона миёни тимҳои миллии футзали Тоҷикистон ва Русия бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби бузурги 10:7 хотима ёфт.
Бозии дӯстона миёни тимҳои миллии футзали Тоҷикистон ва Русияро довари ФИФА Анатолий Рубаков ва Никита Афиногенов, ҳарду аз Узбекистон, ҳакамӣ карданд. Доварони эҳтиётӣ довари ФИФА аз Тоҷикистон Беҳрӯз Муртазоев ва ҳамватанаш Суҳроб Сатторов буданд.
Сафари мунтахаби футзали Русия ба Тоҷикистон дар ҳоле сурат гирифтааст, ки варзишгарони рус бинобар ҳамлаи низомии Маскав ба Украина, аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ маҳрум карда шудаанд.
Бозии дуюми дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби футзали Тоҷикистон ва Русия шаби сешанбе, 8-уми ноябр, дар Қасри теннис ва намудҳои варзиши обии Маҷмааи универсалии варзишии шаҳри Душанбе соати 20:00 (соати 18:00 ба вақти Маскав) шуруъ мешавад.
Сармураббии дастаи мунтахаби миллии футзали Русия Константин Маевский ба Душанбе 14 футзалбоз овардааст – 2 дарвозабон ва 12 бозигари майдонӣ.