9 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

СБП бузургтарин бӯҳрони дар 80 соли гузаштаро пешбинӣ кард

Сандуқи байналмилалии пул эълон кард, ки иқтисоди ҷаҳон дар соли 2020 бузургтарин касоди иқтисоди дар ҳаштод соли гузаштаро таҷруба мекунад ва дар ин шароит иқтисодҳои навпои кишварҳои камдаромади Африқо, Амрикои лотин ва Осиё мумкин аст зарари бештаре бибинанд.

Евронюз гузориш дод, ки Кристалина Григорева, раиси Сандуқи байналмилалии пул рӯзи панҷшанбе зимни тавзеҳи чашмандози иқтисодии пешбинишудаи ин ниҳоди байналмилалӣ гуфт: Бо дар назар гирифтани ин ки нисфи кишварҳои узви ин сандуқ аз 189 кишвар дархости кӯмакҳои молӣ кардаанд ҳайъати идории Сандуқи байналмилалии пул қасд доранд, ки миқдори кӯмакҳоро аз 50 ба 100 миллиард доллар бирасонад.

Григорева гуфт, ки мувофиқи пешбинии сандуқ агар пеши паҳншавии коронавирус дар нимаи дувуми соли 2020 гирифта шавад шояд иқтисоди ҷаҳон дар соли 2021 каме беҳбуд ёбад. Тардиду нигарониҳо дар бораи идомаи ин вазъият ҳатман сабаби бадтар шудани вазъи иқтисоди ҷаҳон мешавад.

Раиси Сандуқи байналмилалии пул хотиррасон кард, ки агар вазъи иқтисодии ҷаҳон бадтар шавад ин созмон омода аст, ки аз тавони қарз додани як триллион долларии худ истифода кунад.

Кристалина Григорева ҳамчунин гуфт, Сандуқи байналмилалии пул талош дорад, ки кишварҳои сарватмандро барои дертар гирифтани қарзҳояшон аз кишварҳои фақир қонеъ кунад.

Григорева баён кард, ки мувофиқи баррасиҳои ин ниҳоди молӣ давлатҳо дар саросари ҷаҳон барои пушти сар кардани рукуд ва буҳрони коронавирус дар соли 2020 тақрибан ҳашт триллион доллар харҷ хоҳанд кард, ки сангинтарин ва бузургтарин рукуд ва буҳрони иқтисодӣ аст.

Бо ин ҳисоб имсол ва солҳои пеши рӯ барои иқтисоди Тоҷикистон солҳои душворе хоҳанд буд, ки масъулиятпазирии ҷиддии ҳукумат ва талоши чандбаробарии мақомот ва ҳамкории мардумро талаб мекунад. Ҳукумат бояд қарзҳо ва кӯмакҳоеро, ки аз ниҳодҳо ва кишварҳои ҷаҳон дарёфт мекунад воқеан барои идораи ин буҳрон ва кӯмак ба мардум сарф кунад ва аз ғорату дуздӣ ё харҷи он барои гурӯҳи хос пешгирӣ кунад. Ҳамчунин ба маврид аз харҷи будҷа ва кумакҳо ба ҷашнҳои серхарҷ даст кашида, ба сӯи ҷуброни буҳрон равона кунад.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *