Рубрики Хабарҳо

Чаҳор сайёҳи хориҷӣ дар Данғара кушта шуданд

Баъди нисфирӯзии дирӯз ва тибқи гузориши ВКД-и Тоҷикистон, соати тақрибан 15:30 дар минтақаи Себистони ноҳияи Данғара як мошин 7 сайёҳи велосипедсаворро пахш карда, аз ҷои ҳодиса фирор кардааст. Дар натиҷа чаҳор нафари онҳо ба ҳалокат расида се нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Баъди чанди соати ҳодиса мақомоти Тоҷикистон дар роҳи Душанбе – Кӯлоб мошини «Дэу Леганза”-ро пайдо карданд, ки дар он асари садама дида мешуд.

«Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар деҳаи Торбулоқи ҷамоати Лоҳури ноҳияи Данғара нақлиёти ба ҷинояткор тааллуқдошта, тамғаи Леганза рақами давлатияш 74-98 ВН 03, ки ба шаҳрванд Юсупов Ҷаъфариддин Садриддинович, соли таваллудаш 11.01.1997, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Норак кӯчаи Борбад 44, тааллуқ дорад, дарёфт гардид, осебҳои мошин аз он шаҳодат медиҳанд, ки автомашинаи мазкур ба ин ҷинояти содиршуда мансуб мебошад. Дар мавзеи деҳаи Торбулоқ шахсони ҷиноят содирнамуда муайян гардида, 1- нафар дастгир ва 2 нафар ҳангоми муқобилият намудан нобуд карда шуданд.

Барои дастгир намудани дигар шарикони ҷинояткор чораҳо андешида шуда истодааст” — омадааст дар баёнияи ВКД.

Сомонаи «Ахбор” бо истинод ба манобеъаш аз бемористони ноҳияи Данғара менависад, ки ду сайёҳи аз ҳодисаи рӯзи 29 июл ҷонбасаломатбурда дар бораи ҳамла будани он ҳарф мезананд. “Як сайёҳи хориҷии, ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони «Ахбор”, ришаш зард гуфтааст, ки ҳамлагарон аввал бо ду мошин онҳоро дар роҳи Душанбе – Кӯлоб пахш карданд ва сипас аз мошинҳо пиёда шуда, бо корд ҳамла кардаанд. Ҳамсӯҳбатони «Ахбор” мегӯянд, сабаби ҳалокати 4 сайёҳи хориҷӣ асосан зарбаи корд будааст” — менависад ин хабаргузорӣ.

Аммо дар гузоришҳои ВКД аз ҳамла бо корд чизе гуфта намешавад. Ин вазорат ҳодисаро садамаи нақлиётӣ номида гуфтааст фарзияҳои дигар ҳам коркард мешаванд.

Сафорати ИМА ҳам марги ду шаҳравндашро тасдиқ кардааст. Дар баёнияи ин сафорат омадааст “Дар ҳамкорӣ бо хадамоти Тоҷикистон тасдиқ менамоем, ки ду нафар шаҳрвандони (дучархарон) амрикоӣ 29 июл дар Данғара кушта шуданд. Бо сабабҳои шахсӣ, мо наметавонем, ки маълумоти бештарро диҳем. Ҳамдардии худро ба хонаводаи он қурбониён мерасонем ва бо мақомоти расмӣ дар раванди тафтишот ҳамкорӣ менамоем”.

ВКД гуфтааст, бо дастури раисҷумҳур «тамоми ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ барои дастгир кардани ҷинояткор сафарбар карда шудаанд.”

Дар саросари вилояти Хатлон то Душанбе ва навоҳии атрофи он як амалиёти бесобиқаи дастгиркунӣ роҳандозӣ шудааст ва шоҳидон мегӯянд дар тамоми ҷодаҳо посгоҳҳои иловагии зиёде бо афроди мусаллаҳ гузошта шудаанд. Дар маҷмӯъ ба амалиёти таъқибу боздошти афроди гунаҳкор дар ҳалокати сайёҳони хориҷӣ то 5 ҳазор нафар аз нирӯҳои интизомӣ, аз ҷумла воҳидҳои вижае, чун ОМОН ва «Алфа”-ро сафарбар кардаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *