Рубрики Хабарҳо

Тавофуқи ОПЕК ва ҳампаймонон барои коҳиши тавлиди рӯзона 10 милион бушка нафт

Созмони ОПЕК ва ҳампаймонони он дар як нишасти изтирорӣ бар сари коҳиши рӯзона 10 миллион бушка аз тавлиди худ ба тавофуқ расиданд. Ин ҷаласа ба сурати конфронси видеоии вазирони нафт баргузор шуд. 

Дар ҷараёни нишасти изтирорӣ аъзои созмони кишварҳои тавлидкунандаи нафт (ОПЕК) ва кишварҳои дигари тавлидкунандаи ҳампаймон, ки рӯзи панҷшнбе 9 апрел баргузор шуд, вазирони нафт ва намояндагони кишварҳои ширкаткунанда бар сари коҳиши тавлиди нафт ба тавофуқ расиданд. 

Дар ин иҷлос, ки ба сурати видеоӣ баргузор шуд илова бар вазирони кишварҳои узви ОПЕК, вазирони нафти кишварҳои дигаре аз ҷумла Амрико, Канада ва Бразилия низ ширкат доштанд. 

Хабаргузории Олмон гузориш дода, ки ба далели бурузи буҳрони иқтисодии ношӣ аз шуйӯъи вируси коруно дар ҷаҳон тибқи гуфтаи ОПЕК , ниёз ба нафти хом дар се моҳаи дувуми сол 2020 дар ҷаҳон тағйир хоҳад кард. 

Оғози коҳиш аз аввал моҳи май 

Ҳанӯз мушаххас нест, ки оё 23 кишвари ширкаткунанда дар ин иҷлос муваффақ хоҳанд шуд тавофуқи Амрикоро низ ба даст оваранд ё на. Ҳанӯз механизми дақиқи коҳиши тавлид ва замони иҷрои ин тасмими равшан нест. Гуфта мешавад кишварҳои мавсум ба ОПЕК плюс аз аввали май то поёни июн рӯзона 10 миллион бушка аз тавлиди рӯзонаи худ кам хоҳанд кард. 

Тибқи тавофуқи суратгирифтаи Арабистон ва Русия рӯйи ҳамрафта 5 миллион бушка дар рӯз ва кишварҳои дигари ОПЕК плюс низ 5 миллион бушка аз тавлиди рӯзонаи худ хоҳанд кост. 

Расидан ба тавофуқ дар ин нишаст бо таваҷҷуҳ ба буҳрони коруно ва ҳамчунин ихтилофи назари шадид дар бораи қимати нафт миёни Арабистони саудӣ ва Русия бисёр сахт ба назар мерасид. Баргузории ин иҷлос, ки дар ибтидо барои рӯзи душанбеи ин ҳафта барномарезӣ шуда буд то рӯзи панҷшнбе ба таъвуқ афтод. 

Муҳаммад Боркинду, дабири кулли ОПЕК, дар нутқи ифтитоҳияи ин ҷаласа гуфт, ки дар шурӯъи соли 2020 мелодӣ бо таваҷҷуҳ ба коҳиши тақозои нафти хом дар бозори ҷаҳонӣ ба 6,8 миллион бушка дар рӯз коҳиш ёфта буд ва ин коҳиш ҳатто дар се моҳаи дувум низ мӯҳтамал аст. Дар ин миён тавлиди нафти хом ба 12 милион бушка дар рӯз мерасад. Ў гуфт: “Чунин арқоми нафасгир дар даврони модерн бесобиқа аст.” 

Дабири кулли ОПЕК дар бораи фурӯши нафти хом низ ёдовар шуд, ки қимати ҳар бушкаи нафт Бренти Дарёии шимолӣ дар 19 феврал тақрибан 60 доллар буд, ки дар таърихи аввали апрел ба далели шуйӯъи коруно ба фақат 25 доллар расид. 

Буҳрони иқтисодии ношӣ аз шуйӯъи вируси коруно ва ҳамчунин ҷанг бар сари қимати нафт миёни Арабистони саудӣ ва Русия ҳафтаҳост, ки бозори фурӯши нафтро таҳти фишор қарор додааст. Бо ихтилофи назар миёни Русия ва Арабистони саудӣ қимати нафт аз шурӯъи соли мелодии ҷорӣ аз ҳудуди 70 доллар ба ҳудуди 20 доллар коҳиш ёфт. Пас аз ин, ки кишварҳои ОПЕК эълом карданд, ки барои табодули назар ва расидан ба тавофуқ барои тавлиди нафти хом ва қимати нафт ташкили ҷаласа хоҳанд дод ба таври муваққат ин қимат ба наздик 33 доллар расид. 

Зангина: Барномарезии коҳиши тавлид ба наҳви пилконӣ 

Ба гузориши хабаргузории Меҳр Бежан Зангина, вазири нафти Эрон низ аз пешниҳоди коҳиши 10 миллион ва 11 миллион бушкаи тавлиди нафт дар ин ҷаласа сухан гуфтааст. 

Зангина гуфт: “Ин адад ғайр аз арқоме аст, ки қарор аст аз сӯи кишварҳое, ки узв нестанд монанди Норвегия, Бразилия ва Иёлоти муттаҳида коҳиш дода шавад чаро, ки онҳо ҳам эъломи омодагӣ барои коҳиши тавлид кардаанд.” 

Вазири нафти Эрон ҳамчунин мегӯяд : “Коҳишҳои тавлид ба наҳви пилконӣ (қадам ба қадам) барномарезӣ шуда буд ба тавре, ки қарор аст аз моҳи июл то поёни 2020 ҳудуди 8 миллион бушка дар рӯз коҳиш диҳем, то апрел 6 миллион бушка ва ба мақсуд бирасем. Вале он чи муҳим аст бозор шокзада аз шуйӯъи вируси коруно аст. Мӯътақидем агар тавлидотро коҳиш надиҳем бозор дучори шоки ҷиддӣ мешавад.” 

Ба гуфтаи Зангина тақрибан 20 кишваре, ки дар баҳси нишасти ОПЕК плюс (кишварҳои узви ОПЕК ва ҳампаймонони он) ҳузур доранд маҷмӯъи назароташон ба коҳиши тавлид аст ва агар коҳиши 10 миллион бушка тасвиб шавад ҳар кишвар бояд 22 дарсад коҳиши тавлидро ӯҳдадор шавад. Вазири нафт мегӯяд, ки Эрон, Венесуэла ва Либия аз ин коҳиши тавлид муоф ҳастанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *