Рубрики Хабарҳо

Мақомот то ҳанӯз ба паёмаки таҳдидӣ аз ВКД вокуниш накардаанд

Ирсоли паёмак аз номи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ба телефонҳои ҳамроҳи муштариён дар кишвар сабаби эҷоди фазои тарс ва ваҳшат миёни мардум шудааст, аммо мақомот ҳануз ба ин вокуниш нишон надодаанд.

Дар ин паёмаке, ки корбарон ба радиои Паём фиристоданд, таҳдид шудааст, ки мақомот тамоми гуфтугӯҳои муштариёни телефони ҳамроҳ ва навиштаҳои онон дар фазои маҷозиро сабт ва контрол мекунанд. Афроде, ки дар бораи коронавирус ба расонаҳои мустақил хабар медиҳанд шиносоӣ ва муҷозот хоҳанд шуд.

Ин дар ҳоле аст, ки бар асоси қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо бо санксияи судӣ ниҳодҳои амниятӣ ва интизомӣ ҳақ пайдо мекунад, гуфтугӯи телефонии шаҳрвандонро пайгирӣ кунанд.

Дар ин паёмак таъкид шудааст, ки ҳатто аз мубодилаи иттилоот дар бораи коронавирус  бо наздикон ва дӯстон низ бояд худдорӣ шавад ва дар акси ҳол муҷозоти сангине дар интизори хилофкорон хоҳад буд.

Аммо мақомоти расмӣ аз ҷумла масъулони Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бо вуҷуди интиқоди корбарони фазои маҷозӣ аз ирсоли ин паёмаки таҳдидомез, ба он вокунише нишон надодаанд.

Тахмин зада мешавад, мақомот барои гирифтани пеши роҳи иттилооти воқеъӣ ин таҳдидномаро тавассути паёмфиристакҳо дар кишвар паҳн кардаанд.

Сообщение ПАЁМ.net.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *